Дар як сатр
» » Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

23-09-2015, 09:53

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шудТо 22 сентябри соли ҷорӣ дар навоҳии пахтакори вилояти Хатлон 87 ҳазору 758 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 31,9%-и дурнамо баробар аст.

Ба иттилои Файзиддин Солиев, сармутахассиси сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ҳар рӯз дар вилоят наздики 4 ҳазор тонна пахта чида мешавад. Пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят кишоварзони Қӯрғонтеппа (62,1%), Сарбанд (59,9%), Қубодиён (43,5%), Шаҳритус (40,5%), Фархор (38,9%), Ҷиликӯл (37,2%), Носири Хусрав (36%), Бохтар (34,5%), Хуросон (34,5%), Ёвон (32,9%) мебошанд.

Нишондиҳандаҳои навоҳии дигари пахтакор аз ҳисоби миёнаи вилоят камтар аст. Кӯлоб дар ин радабандии ғайрирасмӣ охирин аст, ки ҳамагӣ 15,2%-и дурнамои солонаро иҷро кардааст.

- Дар корхонаҳои коркарди пахта ҳар як тонна пахтаи чидаи кишоварзонро бо қимати 3500-3600 сомонӣ харидорӣ мекунанд, - хабар дод Ф. Солиев. - Ба худи кишоварзон барои як кило пахтаи чидаашон аз 35 то 50 дирам пардохт мешавад.

Имсол дар вилоят дар майдони 113 ҳазор гектар пахта кишт гардида, қарор аст, ки то охири соли ҷорӣ 275 ҳазору 250 тонна «тилои сафед» ҷамъоварӣ шавад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ширкати чинӣ дар Данғара ва Ҷиликӯл корхонаҳои коркарди пахта месозад

Ширкати чинӣ дар Данғара ва Ҷиликӯл корхонаҳои коркарди пахта месозад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА