Дар як сатр
» » Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

23-09-2015, 10:22

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати иди Қурбон


Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост


Ҳамватанони азиз!

Иди Қурбон, яке аз суннатҳои волои арзишманди мусулмонон мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Хатлонзаминро самимона табрик мегӯям. Чун ба таърихи беш аз ҳазорсолаи ин иди муборак назар андозем, мебинем, ки асли он бар пояи андешаҳои инсондӯстӣ ва шафқату тараҳум бунёд гардидааст.

Худованди меҳрубон Иди Қурбонро барои мусулмонон рӯзи имтиҳону озмоиш қарор додааст, ки инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон намуда, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад. Ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд.

Ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз вазифаҳои имониву инсонии худро дар баробари адои рисолати динӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ҳамчунин дар кӯшишу талош ҷиҳати инкишофу пешрафт ва ободиву оромии Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу субот, ки бузургтарин комёбии мост, равона месозад.

Дар баробари ин ба ҳар шахси бонангу номус, падару модарон, аҳли ҷомеа хотирнишон месозам, ки ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ ҳамаи саъю кӯшиш ва донишу таҷрибаи худро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ, пешрафти давлати соҳибихтиёри миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи аслҳои бунёдии давлати демократӣ - волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, яъне танҳо дар доираи қонун зистану фаъолият кардан равона намоянд.

Рисолати муқаддаси ҳар як фарди мусулмон дар он аст, ки ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои хайр ташвиқ намоянд.

Дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо, бахусус Иди Қурбон, дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъана даромадааст.

Боварии комил дорам, ки ин кори хайру савоб аз амалҳои ҳамешагии мардуми мо маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд ва тамоми мардуми вилоятамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Имрӯзҳо зиёда аз 1900 нафар сокинони вилоят ба зиёрати Хонаи Худо Мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро адо менамоянд. Бешак, ҳоҷиён пас аз бозгашт аз маносики ҳаҷ ба Ватан ва корҳои хайру писандида, аз ҷумла ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, тарғиби ахлоқи неку ҳамида баҳри ободиву шукуфоии кишварамон машғул мешаванд.

Бо чунин ниятҳои нек Иди Қурбонро ба ҳамаи Шумо бори дигар муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Сиёсат