Дар як сатр
» » АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

1-01-2015, 16:17

Соли 2014 барои кишоварзони вилоят соли пурфайзу баракат, пешравиҳо ва афзун гардидани истеҳсоли маҳсулот дар ҳама бахшҳо ба шумор мерафт.

Деҳқонони вилоят истеҳсоли пахта, ғалладона, сабзавоту меваҷотро даҳчанд афзун намуда, ба дастоварди назаррас ноил гардиданд. Баъди ҷамъоварии дастранҷи деҳқон чун ниёгони хеш ҷашни Меҳргонро бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил намуданд. Воқеан, Меҳргон, ки иди ҳосил аст, аз гузаштагони бофарҳангамон ба мо мерос мондааст.

Меҳргон баробари ривоҷи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосил ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.

Дар рӯзи таҷлили Меҳргон маркази вилоят қабои идона ба бар намуда, садои дафу чанг ба қалбҳо сурур мебахшид. Кӯчаи марказӣ аз маҳсули дастранҷи барзгарон, чорводорон, парандапарварон намуди идона дошт. Дар ҳар қадам навъҳои гуногуни меваҷот, сабзавоту полезӣ, анвои гуногуни ғизои омоданамудаи таббохон, кадбонуҳои боҳунар диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд. Садҳо тонна маҳсулоти полезӣ, сабзавот, меваҳои шаҳдбор ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Чорводорон чорвои зинда ба гӯштро бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири кишоварзӣ Қосим Раҳбар ва дигар меҳмонон бо дастовардҳои кишоварзон шинос гардида, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас, дар толори «Кохи Лоҳутӣ» бо ширкати доираи васеи кишоварзон, собиқадорони соҳа, раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабиниро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз таърихи ҷашнгирии Меҳргон ва заҳмати кишоварзони вилоят, дастовардҳои назаррасашон баҳри амалӣ гардидани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ҳамчунин рушди инноватсионии соҳаҳои кишоварзӣ ёдовар гардида, аз ҷумла зикр намуд, ки «соли 2014 аз майдони 203,4 ҳазор гектар 812 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол карда шудааст. Дар вилоят ҷиҳати рушди босуботи соҳаи пахтакорӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуд. Соли равон 277,6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки 100 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2013 3,3 ҳазор тонна зиёд мебошад». Роҳбари вилоят натиҷаҳои бадастовардаи заркорони шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Бохтар, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷалолиддини Румӣ, Данғара, Ҷиликӯл ва Мир Саид Алии Ҳамадониро, ки дар натиҷаи истифодаи тухмиҳои баландсифат ва риояи қоидаҳои агротехникаи парвариши ниҳолҳо дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намудаанд, махсус ёдовар шуд. Соли 2014 45,9 ҳазор тонна маҳсулоти гуногун ба хориҷи кишвар содирот карда шуд. Истеҳсоли сабзавот ба 817, 6 ҳазор ва полезӣ ба 398,6 ҳазор тонна расонида шуд. Тайи 5 соли охир дар вилоят 26,8 ҳазор гектар боғу токзор бунёд ёфт.

Ҳамчунин дар ҷамъомад бобати ташкил ва истифодаи васеи гармхонаҳо, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ таъкид ба миён рафт. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ Қосим Раҳбар аз заҳмати шабонарӯзии кишоварзони вилоят ёдовар гардида, дастоварди заҳматкашони вилояти Хатлонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ хуб баҳогузорӣ намуданд.

Дар ин ҷашни бошукӯҳ меҳнати беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои раиси вилоят қадр гардид ва намояндагони ВАО, ки дар инъикоси ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус фаъолияти кишоварзон саҳми бориз гузоштаанд, низ ҳадяҳо гирифтанд. Ҳамчунин натиҷаи заҳмати кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввал насиби деҳқонони ноҳияи Қумсангир гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюмро кишоварзони ноҳияҳои Данғараву Ёвон соҳиб шуданд.

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон


Мадина ҚУРБОНОВА,
донишҷӯи соли дуюми
бахши рӯзноманигории ДДҚ
ба номи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +
193 Dth 24 B Kamal Kunj Mumbai India Generic Xenical Comprar Viagra Sin Receta Propecia Who Will Deliver Cialis Fast Purchase Dapoxetine Online Buy Slimex Levitra Marrakech Zoloft Online Usa Kamagra 100 Mg Nimes Le Kamagra Est Il Autorise En France Buy Misoprostol Cialis Lilly Online Viagra E Dipendenza Generic Strattera Cheapest Non Prescription Tadalafil buy accutane ireland Cheapest Antabuse Buy Online Propecia Generic 500 Mg Zithromax Generic Prozac Online Medicans Buy Stromectol From India Atomoxetine Strattera Viagra Without A Prespurchase Female Viagra Online Viagra Pills In Mexico Generic Clomiphene Pharmcy Online How To Order Cytotec Doxycycline For Sale Buying Viagra In Ireland Farmacia Espanol Propecia Generic Zithromax Buy Priligy Depliant Will Cephalexin Treat A Uti Cheap Viagra Cephalexin Bacterial Vaginosis Canadian Non Prescription Drugs Purchase Cheap Cytotec Zithromax Suspension Dosing Kamagra Farmacia Lasix Purchase Zentel Without Dr Approval Pham Suport Group Order Cheap Lasix Viagra Without Doctor Visit Cialis Precio 20 Mg Generic Levitra Cialis Incompatibilidades Cialis Rezeptpflichtig Osterreich Cheap Lasix 100mg Thai Pharmacy Online Can I Purchase Levaquin generic cialis Cialis 5 Mg Precio En Colombia Propecia Effects Receding Hairline cialis Lioresal Medicament Commander Baclofene En Ligne Viagra Online Fast Cialis Ritardante
29 март 2017 14:42

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА