Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат аст 25 иқтибоси ёдмон аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон


Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат аст 25 иқтибоси ёдмон аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон



Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бадонишу бофарҳангаш мисли нигини тобноке тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Аз ин рӯ, санаи 9 сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ азизу арҷманд аст.
*****
Истиқлолият ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст.
*****
Истиқлолият ин эҳсоси қарзи ватандорӣ ва масъулияти ҳар фарди соҳибхирад дар назди ҷомеа, халқ ва миллати хеш аст. 
*****
Характери дунявии давлатдорӣ ва гуногуншаклии мафкура дар маҷмӯъ бузургтарин сарвати халқи Тоҷикистон, бузургтарин дастоварди истиқлолияти мо мебошад.
*****
Сулҳи пойдор калиди ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёт, тараққиёт ва осудаҳолӣ дар Тоҷикистони имрӯза ва оянда мебошад.
*****
Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
*****
Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад. Ин мафҳумҳо барои мо, тоҷикон, махсусан азиз ва муқаддасанд. Маҳз аз ҳамин хотир, истиқлолияти воқеии давлатамонро, ки моҳияти раҳоӣ аз дастнигарӣ ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад, на танҳо мо, наслҳои имрӯза, балки наслҳои оянда бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем.
*****
Феномени давлатдории тоҷикон баъзан ба муъҷиза шабоҳат дошта, эҳёи эҳёҳо ё аз хокистари нестӣ сабзида, ба камол расидан, умри бобаракат дида, аз ҳаводиси таърих шикастану боз эҳё шуданро борҳо паси сар кардааст. Ин фарҳанги давлатдорӣ ба ягон халқияту миллати дигари дунё хос нест.
*****
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
*****
«Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад».
*****
Мардуми шарифи кишвар имрӯз хуб дарк кардаанд, ки мушкилоти моро ғайр аз худи мо каси дигар ҳал намекунад ва ҳеҷ кас ба ҷои мову шумо Ватанамонро обод намекунад. Ин муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон, албатта, ба мо барои татбиқи сиёсати пешгирифтаамон ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нерӯву тавони тоза мебахшад.
*****
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.
*****
Хиради азалӣ ва ҳувияти худшиносии миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.
*****
Бузургтарин дастоварди замони истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
*****
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. 
 
Пойдории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.
*****
Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоляти давлатӣ ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо тоҷикон аст. Зиракии сиёсӣ омили Ваҳдати миллӣ, амнияту осудагӣ ва волоияти қонун мебошад. 
 
Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи Тоҷикистонро равшан сохт. Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд.
*****
Мо бояд Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бирасем. Дар баробари таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мо бояд аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошем. Халқи худшиносу ватандӯсти кишварамон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста мегузоранд ва бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту сулҳпарвари худ ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем.
*****
Имрӯз ҳам тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки Истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамагон бояд фахр кунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.
*****
Ман масъулияти бузурги худро дар назди Ватан ва манфиатҳои давлату миллат, имрӯзу фардои он, ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар, амният ва саодати халқи азизам бо тамоми ҳастӣ дарк менамоям ва барои ба ҷо овардани боварии кулли шаҳрвандони Тоҷикистон нерӯву тавон, донишу таҷриба ва гузашта аз ин, ҳастии худро дареғ намедорам.
 
Мо имрӯз бори дигар садоқату вафодории худро ба сарзамини азизамон, халқи бузургворамон ва имрӯзу фардои боз ҳам осудаву ободи Ватанамон сидқан изҳор дошта, бо садои баланд мегӯем: «Асрҳои аср пирӯзу поянда ва бегазанду ҷовидон бод Тоҷикистон ва халқи фарҳангсолори тоҷик! Бигзор, хуршеди бахту саодат ва озодиву истиқлол ба сари Тоҷикистон то абад нурафшон бошад! Ҳамеша иқболат нек, роҳат сафед ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз!».
*****
Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.
*****
Мо бояд Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро чун дигар муқаддасоти халқамон ҳифз намоем. Дар ҷодаи ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ нақши бузург дорад. 
 
Маҳз сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо гардид. Ватанро дӯст доштан ва ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расидан вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
*****
Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
*****
Воқеан, истиқлолият барои ҳар халқу миллат сарвати ниҳоят арзишмандест, ки ҳастиву бақои миллат ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.
*****
Бигзор, 25 соли истиқлолият ҳамчун 25 зинаи камолоти давлату миллат дар қалби ҳар як фарди бонангу номуси тоҷик оташи меҳру садоқатро ба хотири фардои неки Ватанамон фурӯзон нигоҳ дорад. 
 
Бигзор, ормонҳои олии истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи неку дурахшони мардуми мо бошанд.
Фароҳамсоз
Ҳангомаи Исмат
7 сентябри соли 2016, №35 (3072)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода