Дар як сатр
» » “Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

13-09-2015, 15:17

Муроҷиатномаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа


“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон, халқе ҳастем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозем. Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифатҳо, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давра баробар омад, мо бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии худ роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватан боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан аст.

Агар ба таърихи на он қадар дури миллатамон, яъне ба давраҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992 назар кунем, мебинем, ки бо пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷунбишҳову гурӯҳбозиҳо вазъи сиёсии кишвар ноором гашта, он ба ҷанги бемаънии ҳамватанӣ оварда расонд ва мо халқи тоҷик фаромӯш набояд созем, ки Точикистони азизи мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳол омада буд. Пеш аз ҳама, мо бояд ҳодисаҳои Ховари Миёна ва давлатҳои Арабро андеша карда, шукронаи сулҳу суботи сиёсии кишварамонро кунем.

Аммо воқеае, ки дар таърихи 04-уми сентябр дар шаҳри Ваҳдат ва гирду атрофи пойтахт таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ генерал майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва Зиёваддин Абдуллоев, ки ҳарду аъзоёну фаъолони ҲНИТ мебошанд, сар зад ва то ҳол идома дорад, ин аз нофаҳмиву беандешагии нафароне, ки бозичаи дасти бегона гаштаанд, ба назар мерасад.

Бигзор, парчами озодӣ бар фазои Ватани аҷдодии мо то ҷовидон парафшон бошад!

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо