Дар як сатр
» » Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

13-09-2015, 14:22

Муроҷиатномаи
кормандони беморхонаи клиникии
вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов


Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шавандДар тӯли 24 соли истиқлолият дар ҳаёти мамлакат тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Тоҷикистон ба сӯйи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор гузошт. Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа густариш ёфт.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас - ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвари солимро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Аммо таърих нишон медиҳад, ки дар ҳар давру замон падидаҳои номатлуб дар дохили Ватани азизамон Тоҷикистон боқи монда, бо ҳар роҳу васила ин падидаҳои фасод симои ҳақиқии худро боз мекунанд. Манзур аз ин гуфтаҳо мо амалҳои ҷиноии муовини вазири мудофиаи ҶТ генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзоро, ки санаи 03.09.2015 ба ҷинояти мудҳиш даст зад, дар назар дорем.

Амали ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо барои ҳар яки мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол нанговар буда, он кӯшиши беобрӯ намудани роҳбарияти Ҳукумати ҶТ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки шурӯъ аз соли 1997-ум Назарзода Абдуҳалим Мирзо дар вазифаҳои баланди ҳарбӣ кору фаъолият намуда, соҳиби рутбаи баланди ҳарбии генерал-майор гардида буд. Чи тавре ки тариқи телевизион намоиш доданд ва ба мо маълум гардид, ӯ соҳиби хонаҳои боҳашамат ва автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷӣ мебошад. Магар ҳамаи ин нозу неъматҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ, тинҷиву оромӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҶТ нест?

Илова бар ин маълум гардид, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо яке аз аъзоёни фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), яке аз ҳизбҳои сиёсии ба расмият шинохтаи Тоҷикистон аст, мебошад. Содиршавии ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби аъзоёни ин ҳизби сиёсӣ, ки вақтҳои охир ба мо маълум гардидаанд, басо нангин буда, амали ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо низ аз қабили онҳост. Бинобар ин, баста шудани фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ басо дуруст ва бамаврид аст.

Барои мо, кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов, ки беш аз 800 нафарро ташкил медиҳанд, идомаи оромиву ободии Ватанамон - Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст ва мо намехоҳем, ки боз нооромиҳои солҳои 1992 сар занад. Аз ин рӯ, мо нисбати амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки аз он бӯйи ҷанг, нохушӣ, нооромӣ меояд, норозигии хешро баён намуда, онро пурра маҳкум менамоем. Амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест.

Бинобар ин, мо аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ хоҳиш менамоем, ки пеши роҳи амалҳои ҷиноии чунин гурӯҳҳои ҷинояткор дар симои Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки дар хиёнат ба Ватан ифода меёбад, ҳарчи зудтар гирифта шуда, чунин ашхос ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Рафтори хоинонаву хасмонаи Назарзодаро сахт маҳкум менамоем

Рафтори хоинонаву хасмонаи Назарзодаро сахт маҳкум менамоем

Хабарҳо, Маориф ва илм
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо