Дар як сатр
» » «Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

12-09-2015, 18:41

Муроҷиатномаи
донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
ба номи Носири Хусрав


«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»Рӯзи 3. 09. 2015 ба амалҳои ҷинояткорона даст задани муовини вазири мудофиаи ҶТ, генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо моро ба қаҳру ғазаб овард. Ба амали нангин ва хеле шармовар – хиёнат ба Ватан даст задани мансабдори олирутбаи давлатӣ барои мо амали касиф ва разилона аст. Ин «ҳомии Ватан» ба рӯ ниқоб кашида, ба ҷойи дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар тарбият намудани мо барин насли ҷавон дар дил нисбат ба ҳамватанон ва хоки поки Тоҷикистон кинатӯзӣ мекунад, оромию осудагӣ ва тинҷию рӯзгори хуррамонаи ҳамватанонашро чашми дидан надорад. Бинобар ин, номбурда ҳеҷ гоҳ соҳибватан нест, зеро заррае ба ин хоки аҷдодӣ тараҳҳум надорад ва танҳо дар фикри пиёда сохтани ормонҳои разилонаи худ аст:

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.


Назарзода барин хиёнаткори ватанбезори Худонотарс ва пайравонаш дар 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз соҳиби хонаҳои бодабдаба, бӯстонсаро ва мошинҳои хориҷӣ шудаанд. Акнун бо ин низ қаноат карданӣ нестанд ва дар фикри аз охури баландтар ем хӯрдан афтодаанд, то ки сармояи бештар ҷамъ кунанд, зеро:

Роздони ҷузву кулл аз хеш номаҳрам шудаст,
Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.
(Муҳаммад Иқбол)


Вале гурӯҳи ҷиноии А. Назарзода, ки аз худаш сар карда, аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ фароҳам омадааст, бехабар аз онанд, ки дигар мардуми сулҳдӯсту ваҳдатшиори Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои хушку холӣ ва суханҳои болохонадори онҳо намешаванд. Ба қавли ҳазрати Саъдӣ:

Ман бозии фиреби шуморо намехӯрам,
Макри шумо ҳарифи шуурам намешавад.


Акнун мардуми Тоҷикистон бесоҳиб нестанд. Дар атрофи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба сӯйи ояндаи дурахшон ва зиндагии олишон равонанд. Танҳо чашми бадкешон, бадтинатон ва сияҳдилонро кинаю адоват кӯр кардааст ва зиндагии шоиста, пешрафт ва гул-гулшукуфии Ватан – Тоҷикистони ба ҷон баробарро намебинанд ё мебинанду худро нодида нишон медиҳанд. Ҳазрати Бедил барои Назарзода барин кӯртинатон гуфтааст:

Бедил, аз шаҳпарак кайфияти аҳвол мапурс,
Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд.


Мо боварӣ дорем, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба халқу давлаташ хиёнат кардааст, фано хоҳад шуд ва мо ҷавонон – омодаем, ки ба муқобили чунин ашхоси хиёнатпеша ва нохалаф яроқ ба даст гирифта, «хас каму ҷаҳон пок» гуфта, пайи қадами номуборакашонро аз Ватан рӯфта партоем:

Хасми саркашро фано соз аз мулоимтинатӣ,
Оташи сӯзон надорад чора ҷуз мурдан дар об.


Абдуҳалим Назарзода бо ин амали нангини худ хостанд дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯи Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи ҷумҳуриро резонанд, ихлоси мардумро нисбат ба ин ниҳоди давлатӣ, ки омма онро пуштибон ва ҳомии худ мешумориданд, коста гардонанд, вале бехабар аз он, ки «Дарё палид менашавад аз даҳони саг». Охир, ба қавли Лоиқ:

Санге агар аз кӯҳ фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.


Бинобар ин мо амали нангини Назарзода Абдуҳалим ва думравонашро маҳкум намуда, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш менамоем, ки Назарзода А.М. ва ҳамроҳонаш барои кӯшиши ба зӯрӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳамчунин фаъолияти ҲНИТ, ки Назарзода А.М. барин садҳо аъзоёнаш ба амалҳои даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ даст мезананд, боздошта шавад.

Бо эҳтиром,
донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа
ба номи Носири Хусрав

Ҷамъ: 3221 имзо



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳаёт Неъмат: «Куфр неъмат аз кафат берун кунад!»

Ҳаёт Неъмат: «Куфр неъмат аз кафат берун кунад!»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм
Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Рафтори хоинонаву хасмонаи Назарзодаро сахт маҳкум менамоем

Рафтори хоинонаву хасмонаи Назарзодаро сахт маҳкум менамоем

Хабарҳо, Маориф ва илм
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо