Дар як сатр
» » Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

12-09-2015, 13:56

Муроҷиатномаи
як гурӯҳ сокинони ҷамоати
шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз


Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нестИфтихор аз он бояд кард, ки Ватани маҳбубамон сол то сол ободу зебо гашта, сатҳи зиндагиамон хубтару беҳтар гашта истодааст. Шукронаи Худованди таборак ва таъоло мекунем, ки имрӯз мо марзу буми Ватан, забону миллат, дину мазҳаб ва давлату ҳукумат дорем. Албатта ҳамаи ин муқаддасот ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо ибтидои солҳои истиқлолии Тоҷикистони азизро хуб дар ёдҳо дорем. Агар солҳои баъдишӯравӣ барои аксарияти ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ эҳёи давлату давлатдорӣ ва давраи созандагиву бунёдкории миллаташон ба шумор равад, барои ватани мо давраи ҳалокатбору пурфоҷиа арзёбӣ мегардад.

Ҳанӯз дар давраи охири побарҷо будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвар ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни аҳамияти маҳалпарастиву мазҳабидошта арзи ҳастӣ намуда буданд, ки мардумро аз рӯйи мансубияти мазҳабу маҳал ба гурӯҳҳо ҷудо менамуданд. Мебоист баъди соҳибистиқлол гаштани ватанамон ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ғаразҳои худро сарфи назар карда, дар атрофи Ҳукумати қонунии кишвар муттаҳид гашта, баҳри бунёди давлати навини тоҷикон камари ҳиммат мебастанд. Вале, мутаассифона, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки яқинан аз хориҷ маблағгузориву идора карда мешуданд, нафақат аз ҳамкори бо ҳукумати қонунӣ рӯ метофтанд, балки мардумро рӯирост алайҳи ҳукумат ва дигар мардуме, ки онҳоро эътироф намекарданд, ба муборизаҳои мусаллаҳона даъват менамуданд. Натиҷаи ҳамин тарафкашиҳо буд, ки кишвари тозаистиқлоламон ба ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ кашида шуд. Бар асари ҷангӣ бародаркуш ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик нобуд гашта, ҳазорҳо нафари дигар сарсону саргардон дар хоки бегона гуреза шуда, иқтисодиёти кишвар бакуллӣ хароб гашта, аксари мардум бе хонаву дар монданд. Бояд рӯирост иқрор шуд, ки дар барангехтани ҷанги бародаркуш аз ҳизбу ҳаракатҳои он давра аз ҳама бештар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сабабгори асосӣ буд. Як қисми мо собиқ аъзоёни ҳизби мазкур будем ва бо чашми худ медидем, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон чи тавр мардумро бо мусаллаҳшавӣ ва ба ҷанг бар зидди ҳукумату мардуми ҷонибдори ҳукумат даъват менамуданд. Ҳангоми дар гуреза будан мо мардуми оддӣ дар шароити бади тоқатфарсо, дар хориву залили рӯзро паси сар мекардем, роҳбарони ҳизб бошад, дар шароити шоҳона бо хоҷагони хориҷии худ нақшаҳои нопоки худро мекашиданд. Кор то ба дараҷае расида буд, ки ҳар нафаре зидди ақидаҳои ҳизбӣ изҳори норозигӣ менамуд, «кофир» ҳукм гардида, радди маърака карда мешуд. Инчунин, бо ташаббуси роҳбарони ҳизб аз шароити муносиб истифода бурда, фарзандони дар хоки бегона гурезашударо барои гирифтани таълимоти динӣ ба марказҳои динӣ равона кардаанд, ки дар натиҷа онҳо ба ҳар гуна равияву ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гашта, ба ватан ақидаҳои ба мазҳаби мо бегонаро ворид карданд. Мавҷудияти ҳамин ҳизб аст, ки то ҳол дар мамлакати ободи дунявӣ ҳаргуна созмонҳои номатлуби динӣ мардумро гумроҳ карда истодаанд. Дини гузаштагонамонро бидъат ва нодуруст меҳисобанд. Ҳоло ҳам мехоҳанд бо истифода аз рукнҳои динӣ падарро аз писар, бародарро аз бародар ва ҳамсояро аз ҳамсоя ҷудо намуда, байни миллати тоҷик ихтилоф андозанд.

Ҳол он ки дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳеҷ вақт эҳтиёҷ надошту надорад. Мусулмон будан на ба аъзо шудан ба сафи ҳизб, балки ба арза намудани калимаи зебои «Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммадан расуллулоҳ» мебошад. Ҳадафи ҳамагуна ҳизбу ҳаракат на ҳифзи аркони шариат, балки ба сари қудрат овардани роҳбарони худ мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ризои нафси худ, калимаи зебои Исломро олудаву доғдор кардан оини мусалмонӣ нест. Имрӯзҳо мо мебинем, ки аъзоёни Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар аксар маврид худро намояндаҳои рӯҳониён ҷилва дода, аслан ба таблиғи ҳадафҳои сиёсии худ машғул мебошанд. Ҳол он ки ягон ҳизби сиёсӣ ҳуқуқи аз номи поки дини мубини Ислом сӯйистифода карданро надорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фисади вазифаҳои давлатиро ба собиқ мухолифин ҷудо намуда буд. Аз ҷумла, дар доираи «30-фоиза» Назарзода Абдуҳалим Мирзо дар Вазорати мудофиаи ҶТ адои хизмати ҳарбӣ мекард ва то вазифаи муовини вазири мудофиа расида, ба ӯ рутбаи баланди ҳарбӣ - генерал-майор дода шуд. Вале номбурда аз ин вазифаи баланд ва рутбаи баланди ҳарбӣ ношукрӣ карда, ба Ватану миллат хиёнат намуда, даст ба ҷинояти вазнини давлатӣ мезанад. Яъне, ӯ аз вазифаи хизматиаш истифода бурда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслаконаш санаи 03.09.2015 аз хонаҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаи Вазорати мудофиаи ҶТ миқдори калони яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангиро гирифта, онҳоро ба автомашинаҳои ҳарбӣ бор карда, барои амалӣ намудани актҳои террористӣ аз ҳудуди вазорат бароварда, дар роҳ якчанд корманди милитсияро ваҳшиёна ба ҳалокат расонида, ба самти шаҳри Ваҳдат меравад ва дар он ҷо бо ҳаммаслакони худ боз ба ШВКД ш. Ваҳдат ҳамлаи террористӣ намуда, якчанд корманди онро ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад ва баъдан ба самти дараи Ромит фирор мекунад.

Чӣ тавре ки ба ҳамаи мо маълум мебошад, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ӯ аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд ва онҳо ҳамчун «мусулмони комил» даст ба ин амали терроистӣ задаанд, ки бо ин амали худ ба дини ислом зарбаи сахт зада, дар арсаи байналмилалӣ дини мубини исломро ба терроризм қӯш намудаанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки дар кишваре, ки ҳизбҳои сиёсии дар асоси дину мазҳаб созмонёфта фаъолият доранд, норозигии дигар қишри ҷомеаро ба вуҷуд оварда, боиси нооромӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ мегардад. Дар Ватани маҳбуби мо, ки зиёда аз 99 фисади мардумаш мусалмон мебошад, дар ҳамаи деҳаҳову маҳаллаҳо масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ба таври доимӣ амал карда, ҳар як мусалмони кишвар озодана дар масҷидҳо намоз мегузоранд ва ҳамаи талаботи аркони диниро озодона ба ҷо меоранд. Бинобар ин, вуҷуд доштани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ватанамон ғайримантиқӣ буда, боиси тафриқаандозӣ дар байни мардуми кишвар мебошад.

Ҳамаи зарару зиёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, инчунин вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, алалхусус «Давлати исломӣ» ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба инобат гирифта, мо - як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз дар муроҷиатномаи мазкур норозигии худро вобаста ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баён менамоем. Вобаста ба ин амали террористие, ки аз тарафи аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал бароварда шуд, ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ҳизби мазкур ҳарчи зудтар дар қаламрави ҷумҳурӣ баста шавад. Вуҷуд доштани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба фазои сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар халал ворид намуда, танҳо хатари сар задани нооромиву ноамниятиро зиёд мекунаду халос.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Табибон: Намехоҳем, ки нооромиҳои солҳои 90-ум такрор шаванд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА