Дар як сатр
» » Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

1-01-2015, 16:11

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014- Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет 114 фоиз таъмин гардида, ба он 593 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 71 миллион сомонӣ ва ба ҳамин давраи соли гузашта 152 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷет 101 фоиз таъмин карда шуда, ба соҳаҳои буҷетӣ 988 миллион сомонӣ равона гардид, ки аз ин маблағ 810 миллион сомонӣ, ё 82 фоизаш ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос ёфт.

- Дар вилоят 101 ҳазор нафар нафақахӯр маблағҳои нафақаи худро тавассути кортҳои пластикӣ гирифта, дар назар аст, ки соли 2015 бо кортҳои пластикӣ гирифтани маблағи нафақа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба итмом мерасад.

- Ба 49 ҳазор оила ва шахсони камбизоате, ки аз қувваи барқ ва гази табиӣ истифода мебаранд, ба маблағи 6,1 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд. Бахшида ба 69-солагии Ғалаба дар ҶБВ ба 413 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо ба маблағи 165,2 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

- 70356 ҷойи нав ва барқароргардидаи корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 252 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид ва аз ин ҳисоб ба 2931 нафар роҳхати корӣ дода шуд.

- Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба 617 сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо аввали соли 2014-ум 131 сомонӣ зиёд мебошад. Маоши миёнаи кормандони соҳаҳои энергетика 1583 сомонӣ, саноати истихроҷ 1431, сохтмон 956 ва хизматрасонӣ 697 сомониро ташкил медиҳад.

- Дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби корҳои иҷрогардида 390 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шуд.

- Барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ соли 2014-ум 33 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар назар аст, ки солҳои минбаъда ба ин мақсад маблағҳои зиёдтар ироа мешавад.

- Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд, Данғара, Ёвон, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ ва Қубодиён ба маблағи 153,2 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ амалӣ мегарданд.

- Бо эҳтимоми соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 350 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 253 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

- Бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ маблағҳои бонкиро ба мизоҷон пешкаш карданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 359 миллион сомонӣ зиёд буда, 34 фоизи қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ, 32 фоиз ба соҳаи саноат ва 34 фоиз ба соҳаи тиҷорат равона карда шудааст.

- Нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар дар вилоят барзиёд (105%) иҷро гардид.

- Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2014 ба 10,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 100 миллион сомониро ташкил намуд.

- Дар вилоят 277,6 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки 100 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбати соли гузашта 3,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

- Масоҳати кишти сабзавотҳои гуногун нисбати соли 2013-ум 1116 гектар васеъ карда шуда, ҳосилнокии он 25,6-сентнерӣ зиёд гардид.

- Бо мақсади дар муҳлатҳои оптималӣ гузаронидани шудгор ва кишти зироатҳои кишоварзӣ соли 2014 хоҷагиҳои кишоварзии вилоят зиёда 300 адад техникаҳои нав ворид намуданд. Ғайр аз ин, 300 трактори гуногунтамға тариқи лизинг дастрас гардида, тавассути Иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” 83 трактори пуриқтидор ва тавассути Барномаи ИФАД 63 трактор ба ноҳияҳои кӯҳистони вилоят ворид карда шуд.

- Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар масоҳати 49 гектар бунёди 196 гармхона, инчунин сохтмони сардхонаро барои нигоҳдории 1000 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд. Алҳол сохтмони 119 гармхона ба анҷом расида, дар 40 гармхона ба истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ кардаанд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектари он қариб 40 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

- Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 129 адад расида, 985,2 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба як сол пеш 70,3 тонна зиёд аст.

- Теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 55,2 ҳазор адад расида, дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 866,6 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 146,6 тонна зиёд аст.

- Соли 2014 ҷиҳати пешгирии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои партов дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 18941 гектар, аз он ҷумла 1815 гектар заминҳои партов, 8667 гектар заминҳои чарогоҳ, 5730 гектар байни боғу токзорҳо ва 2730 гектар заминҳои азхудкардашуда зироатҳои гуногун кишт гардид.

- Корхонаҳои саноатӣ дар 11 моҳи соли 2014 ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати як соли пеш 446,2 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 116,1 фоиз таъмин карданд.

- Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ 108 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 2419 ҷойи нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта, баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

- Дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар 3698,3 километр роҳҳо ба маблағи 177,8 миллион сомонӣ таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида шуд.

- Аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёду балоиҳагирии зиёда аз 800 адад биною иншоот ҷараён гирифт. Зимнан, 398 биною иншоот ба маблағи 3,7 миллиард сомонӣ ва 3455 хонаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

- Дар вилоят баҳри таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва ҳамчунин ҷиҳати амалӣ гардидани барномаи соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои пешбинишуда 160,7 миллион сомонӣ ироа гардидааст.

- Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 40 иншооти таълимӣ, 250 синфхонаи иловагӣ барои 6755 ҷойи хониш сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Тайи чор соли охир 1306 нафар омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд ва ба 63 омӯзгор қарзҳои боимтиёзи бонкӣ дода шуд.

- Дар соли 2014 ба соҳаи тандурустӣ маблағгузории баробар ба 269,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки ба сари як нафар аҳолӣ 93 сомонӣ рост меояд.

- Баҳри ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани занон ба маблағи 780 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ва ба 20 нафар соҳибкорзанони ноҳияи Ёвон гранти раиси ноҳия ҷудо карда шуд.

- Иттиҳодияҳои динии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хона-интернатҳо, маъ-юбону барҷомондагон, кӯдакони ятиму бепарастор, пирони яккаву танҳо, ниёзмандон ба маблағи 599,5 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддии молиявӣ расонидаанд. Аз ҷумла аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ноҳияи Ёвон ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ ду автомашинаи ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуда, аз тарафи ташкилоти ғайриисломии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар арафаи Наврӯз ба маблағи 66,4 ҳазор сомонӣ кӯмак ироа гардидааст.

Таҳияи
Ҳангомаи ИСМАТ

Шарҳи хонандагон +
cialis levitra pharmacy com
20mg levitra
parole nila levitra
buy vardenafil
levitra 20 mg price in canada
6 апрел 2018 22:01
levitra daily use cost
vardenafil buy
pde 5 hemmer levitra prices
prezzo levitra 10 mg
generic viagra levitra regalis
7 апрел 2018 17:47
levitra 20 mg instructions not included cast
vardenafil prices
levitra vardenafil hcl tablets v3
cheap levitra 10mg
cedric levitra prices
7 апрел 2018 20:22
levitra e levitinha cifra club
buy generic levitra
levitra pill identifier
20mg levitra
mihoatra levitra christophe ratrema fiderana
7 апрел 2018 23:04
dosierung levitra 10mg tablets
cheap levitra 20mg
levitra jo pedrada tattoo
buy levitra 10 mg
andy levitra titans baseball
8 апрел 2018 01:52
assuefazione levitra coupons
levitra cost
best price levitra generic brands
levitra 20 mg bayer prezzo
uso levitra
8 апрел 2018 07:16

Матолиби дигар:

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА