Дар як сатр
» » Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

27-08-2015, 17:30

Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо Сун Вэй, роҳбари ширкати сармоягузории «Тунг»-и Чин, дидору мулоқот анҷом дод. Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноати сабук ва ворид намудани технологияи муосир барои эҳёи корхонаи «Нуриҳои Азоти Вахш» («ТоҷикАзот») мавзӯи меҳварии ин мулоқот буд.

Раиси вилоят сатҳи ҳамкориҳо бо ширкатҳои чиниро судманд номида, барои тавсеаи он изҳори алоқамандӣ намуд. Сун Вэй дар навбати худ изҳор дошт, ки маҳз ба нияти эҳёи корхонаи «Нуриҳои Азоти Вахш» ба вилояти Хатлон омадааст.

- Мақсаду мароми мо кӯмак намудан ба кишоварзони Тоҷикистон аст, - афзуд Сун Вэй. - Дар ҳолати ба мувофиқа расидан, мо метавонем дар давоми як сол маҳсулоти кимиёвиро, аз қабили нуриҳои минералӣ, ки барои рушди хоҷагии қишлоқ зарур аст, истеҳсол намоем.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ҳамбастагӣ бо масъулон оид ба ҳалли мусбати ин масъалаи мубрам ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар сурати ба кор шурӯъ кардани ин корхонаи бузурги саноатӣ беш аз ҳазор нафар бо кор таъмин мегардад.
Тоҳирхон Ғозиев, раҳбари корхонаи «ТоҷикАзот», дар суҳбат бо расонаҳо тасдиқ кард, ки Чин ҷиддан талош дорад ин корхонаро дубора ба кор дарорад.

Корхонаи «ТоҷикАзот» яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли нуриҳои минералии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз сабаби қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон аз соли 2008 ба ин сӯ фаъолият намекунад. Бино бар ин, Чин тасмим гирифтааст, ки корхонаро бо ангишт ба кор дарорад. Ба қавли раҳбари корхона Тоҳирхон Ғозиев, соҳибкорони чинӣ тасмим доранд аз ангишт газ истеҳсол карда, кор кунанд. Технология барои синтези газро низ, ба гуфтаи раиси «Тоҷиказот», соҳибкорони чинӣ аз Чин ворид карданианд.

Ба далели аз фаъолият бозмондани корхона ҳудуди 1500 коргари он бекор мондаанд. Иқтисоддонҳои тоҷик бар ин назаранд, ки дубора ба кори худ шурӯъ кардани ин корхона ба суди иқтисоди Тоҷикистон аст.

М. Носирҷон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Умеде барои дубора фаъол шудани «ТоҷикАзот»

Умеде барои дубора фаъол шудани «ТоҷикАзот»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ

Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА