Дар як сатр
» » Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

27-08-2015, 16:03

Ситоди кории раиси вилоят дар КӯлобРаиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ситоди навбатиро оид ба омодагӣ ба истиқболи 700-солагии мутаффакири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли «Пойтахти фарҳангии ИДМ» эълон шудани шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.

Баъди шунидани ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб перомуни омодагиҳо ба ҷашнҳои мазкур, Д. Гулмаҳмадзода бо таъкид ба таърихи қадимии Кӯлоб гуфт, ки на танҳо сокинони шаҳр, балки кулли мардуми вилоят бояд дар таҷлили сазовори 700-солагии орифи бузург ва 70-солагии ДДК саҳми арзандаи худро гузоранд.

Раиси вилоят ба масъулини вилояту шаҳр доир ба омодагиҳо ба ин ҷашнҳо дастурҳо дод ва афзуд, ки дар раванди ин ҷашнҳо дар симои Кӯлоби бостонӣ бояд мо ба тамоми ҷаҳон Тоҷикистони азизро чун кишвари соҳибтамаддун муаррифӣ кунем.

Дар ин бора аз дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Муроҷиати шаҳрдори Кӯлоб ба соҳибкорон

Муроҷиати шаҳрдори Кӯлоб ба соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Хабарҳо