Дар як сатр
» » Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

27-08-2015, 14:26

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандемДавлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, намояндагони Бонки Осиёии Рушд - хонум Вики Тан, сарвари Раёсати ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, ҷаноби Прадип Шривастава, сариқтисодчии бонк, хонум Ганҷина Фозилова, ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкориҳои минтақавиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, дар ин вохӯрӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, ки вилояти Хатлон аз калонтарин минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, шумораи аҳолӣ ба 3 миллион нафар расидааст.

- Мардуми вилоят нисбати дигар соҳаҳо бештар ба соҳаи кишоварзӣ шуғл доранд, - афзуд раиси вилоят. - Меваи шаҳдбори ин минтақа аллакай ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва Афғонистон содир шуда, мардумони кишварҳои номбурда аз таъму сифати меваҳои шаҳдбори сарзамини мо ком ширин намудаанд.

Дар ҷараёни суҳбат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки барои афзудани шумораи ҷойҳои корӣ, фарогирии аҳолӣ ба касбҳои гуногун дар бахши саноати сабук, корхонаҳои саноатӣ, Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ», бунёди корхонаҳои хурд, хушконидани мева ва банду басти он, нақлиёт, роҳсозӣ, хизмати коммуналӣ, бунёди неругоҳҳои хурду бузург бо шарикони ҳамкории рушд, бахусус бо Бонки Осиёии Рушд равобити хуби иқтисодиро ба роҳ мондан ба манфиати кор аст.

- Мо аз ташрифи шумо хушбин ҳастем ва омодаем, ки дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ намуда, баҳри судманд будани робитаҳо пайваста дидору вохӯриҳо доир созем, - изҳор кард раиси вилоят.

Хонум Вики Тан, роҳбари Раёсати ҳамкориҳои минтақавии БОР ва шариконашон, ки бори нахуст ба вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд, аз дидани ин сарзамини сабзу хуррам изҳори ҳушнудӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, саноат, бунёди корхонаҳо ва эҷоди долони иқтисодӣ суханронӣ кард.

- Бонки Осиёии Рушд бо даҳ мамлакати минтақа равобити иқтисодӣ дорад, - афзуд В. Тан. - Масъулини бонки мо нисбат ба дигар минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, зеро ки Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодиёти миллӣ мавқеи хоса дорад. Аз ин лиҳоз, робитаи Бонки Осиёии Рушд рӯз аз рӯз устувор гардида истодааст. Ба ҳамин хотир, мо имрӯз дар мавриди боз ҳам қавӣ гардидани ҳамкориҳои дуҷониба вилояти Хатлонро интихоб намудем.

Хонум Вики Тан ҳамчунин иброз дошт, ки пешниҳодҳои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қобили таваҷҷуҳ аст. «Таҷрибаи кормандони мо нишон дод, ки долони иқтисодӣ дар ҷараёни сифат ва сурати иқтисодӣ тавони изофа намудани маблағро ба ҷайби соҳибкорон, буҷаи давлат, зиёд шудани сафи андозсупорандогон дорад. Шояд дар вохӯриҳои оянда, масъалаҳои бамиёномада ҳаллу фасли худро ёбад», - афзуд хонум Вики Тан.

Ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқоти раиси вилоят бо ҳайате аз соҳибкорони Россия

Мулоқоти раиси вилоят бо ҳайате аз соҳибкорони Россия

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ

Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷӣ ба Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА