Дар як сатр
» » «Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

4-08-2015, 17:51

Аксари кишоварзон иддао доранд, ки қарзҳои бонкии дарёфтаашон боимтиёз набуда, фоизи баланди он имкон намедиҳад, ки «қоматашонро рост» кунанд. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ки маҳз бо истифода аз ҳамин қарзҳои бонкӣ 30 фисади хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон худкифо шуда, дигар ба қарз ниёз надоранд.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

Хайриддин Зубайдов, роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобои Ҳайдар»-и ноҳияи Бохтар, аз баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ дар кишвар шикоят дорад. Ӯ ҳамчунин аз он гиламанд аст, ки имсол барои пешбурди кори кишоварзиаш «Агроинвестбонк» қарз надодааст.

«Мисли ҳарсола бо мақсади гирифтани қарз аввал ба «Агроинвестбонк» муроҷиат кардаму ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намудам. Аммо масъулини ин бонк дар ноҳияи Бохтар, баъд аз қабули санадҳо ҳаргуна сабабро пеш оварданду корро қариб ду моҳ кашол дода, билохира, маблағи қарзиро дар вақти зарурӣ, яъне мавсими кишти асосӣ, дар ҳамон айёме, ки бояд зироат кошта мешуд, надоданд. Пасон, аз ташкилоти қарздиҳии «Имон-интернейшнл» 15 ҳазор сомонӣ бо 3 фоизи моҳона қарз гирифтам. Аммо дар ин ҷо низ азбаски бори аввал муроҷеъ шуда будам, миқдори маблағи ба ман лозимаро пешниҳод накарданд», - изофа кард Х. Зубайдов


«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)Ин ҳам дар ҳолест, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, калонтарин минтақаи аграрии кишвар, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи соҳаҳои хоҷагии халқ роҷеъ ба масоили қарздиҳии бонкҳо ба деҳқонону соҳибкорон ибрози назар намуда, аз он шадидан интиқод кард. Гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои қарздиҳии бонкӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014, ба маблағи 77 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.


Садои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

Хуршед Абдуллоев, менеҷери минтақавӣ оид ба бонкдории кооперативии «Агроинвестбонк» дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки аз ҳисоби суст шудани ҳисоби пардохтпазирии бонк ва барнагаштани қарзҳое, ки соли 2008 ба мизоҷон ироа гардида буд, мутаассифона, ин бонк 2-3 моҳи охир ба ниёзмандон қарз надода истодааст. Ба гуфтаи мавсуф, онҳо дар ин давра дар маҷмӯъ 33 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки аз ин қариб 13 миллионаш танҳо ба арсаи кишоварзӣ мансуб мебошад.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)- Чӣ қадар мизоҷ бо бонк ҳамкории зич ва боэътимод намояд, ба ӯ имтиёзҳои зиёд дода мешавад, - афзуд ӯ. – Ҳам аз ҷиҳати муҳлат ва ҳам аз ҷиҳати андозаи фоиз. Вобаста ба иқтидори пардохтпазирии он ҳаҷми қарз низ муайян карда мешавад. Албатта, бонк низ нисбати мизоҷон талаботҳои худро дорад. Таҷрибаи кори хоҷагиҳои деҳқонӣ нишон доданд, ки як намуди маҳсулот киштан хавфи ба муфлисӣ рӯ ба рӯ шудани кишоварзро зиёд мекунад. Яъне агар деҳқон як намуди маҳсулот кишт кунаду мабодо зироаташро кирм занад ва ё офати табиӣ ояд, муфлис мешавад ва маблағи бонкро бар гардонида наметавонад. Барои ҳамин бонкҳо ба кишоварзоне пул медиҳанд, ки таҷрибаи хуби корӣ доранд ва дар дар мавсими кишт камаш се намуди зироатро парвариш мекунанд.



«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)




Тибқи иттилои расмӣ, аз тарафи бонкҳои вилоят 588 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ироа гардид, ки 44 дарсадаш ба арсаи кишоварзӣ рост меояд. Қарзҳои ба соҳаи пахтакорӣ барои ҳосили соли 2015 додашуда то моҳи июли соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 23,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба қадри 34,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ёдрас бояд шуд, ки аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳаи пахтакорӣ дар солҳои 2008-2014 маҷмӯан 373,8 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст. То ҳол пахтакорон аз он маблағ 78,9 миллион сомониашро бар нагардонидаанд.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)


Ба гуфтаи бонкдорон, маблағҳои қарзие, ки аз 24 то 40 фоизи солона ва ё бо 3 фоизи моҳона ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода мешаванд, боимтиёз маҳсуб гардида, барои дастгирии онҳо пешбинӣ шудаанд. Зайнулло Маҷидов, муовини сардори филиали №42-и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар минтақаи Қӯрғонтеппа, дар ин робита гуфт: «Дар «Амонатбонк» дар самти қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ фоизи хосае муайян карда нашудааст… Чанд сол қабл ставкаи фоизии қарзҳои «Амонатбонк» бо асъори миллӣ аз 36 фоиз ба 30 фоиз, соли гузашта ба 28 фоиз ва аз феврали соли ҷорӣ ба 26 фоизи солона фароварда шуд. Агар муқоиса кунем, бо бозори қарзии бонкҳои Тоҷикистон ставкаи қарзии мо нисбатан бозоргузар ва имтиёзнок аст. То 5 ҳазор сомонӣ мо қарзро тавассути кафил, бегарав пешниҳод мекунем ва агар мизоҷон аз ин зиёд қарз бихоҳанд, ҳатман амволашонро бонк ба гарав мегирад. Ҳолатҳое ҳаст, ки барзгар қарз гирифту онро баргардонида натавонист ва дар ҳолати бади молиявӣ қарор дорад. Амволи ба гаравгузоштаи ӯро бонк гирифта фурӯхт. Аммо то ҳол қисмате аз қарз боқӣ мондааст».



Коршиносон мегӯяд, ки агар бонкҳо бо барзгарон дар ҳамин шакл ҳамкориро давом додан гиранд, худкифо шудани деҳқон мушкил боқӣ мемонад.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)Сангалӣ Раҳимов, коршиноси арсаи кишоварзӣ, иддао дорад, ки фоизҳои қарзии бонкӣ дар Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон «боимтиёз» номид. Ба қавли ӯ, бо 25-35 фоиз баҳраи қарзе, ки бонкҳои кишвар ба кишоварзон медиҳанд, аксари деҳқонон ҳеҷ вақт «қоматашонро рост» карда наметавонанд. «Баръакс, ба қарз ғӯтида банкрот мешаванд. Бояд ба деҳқон лоақал бо 15 фоизи солона қарз пешниҳод гардад. Соҳаи кишоварзӣ дар ҳоли бесоҳибӣ аст, ки онро соҳиб шудан даркор», - мегӯяд ин деҳқони корозмуда.

- Аз бонкҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, ба андешаи шумо, баҳраи қарзи пешниҳодии кадомаш бештар дархӯри кори деҳқонон аст? – суол кардем аз С. Раҳимов.

- Ягон фарқият миёни бонкҳои мо нест, - идома дод ӯ. - Фоизҳои қарзии қариб ҳама бонкҳо як хел аст. Ба номаш «Агроинвестбонк» аст, дар асл не… Ба ин хотир чӣ хел мешавад аз ин буҳрон баромад?! Аз буҳрон дар он сурат баромадан мумкин аст, ки ба истеҳсолкунандаи ватанӣ имтиёз дода шавад. Ин низомро бояд Бонки миллӣ зери назорат гирад. Ҳеҷ гоҳ бе танзими давлатӣ иқтисоди бозаргонӣ пеш рафта наметавонад. Маданияти бонкдорӣ паст аст. Агар ин рафтор бошад, баъд аз 3-4 соли дигар ҳеҷ кас қарз гирифта наметавонад ва деҳқон низ дар замин кор намекунад. Давлат бояд ба деҳқон пул қарз диҳад ва ё имконияти дигар пешниҳод кунад. Мисли он ки дар замони шӯравӣ соле як маротиба ҷамъомади деҳқонон дар сатҳи ҷумҳурӣ барпо мешуд, бояд ин анҷуманро аз нав бо унвони «Чӣ аҳвол дорӣ деҳқон?» эҳё кард.



«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)Аммо дар ин маврид Алиҷон Салимов, мудири минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки ҳар як бонки тиҷоратӣ сиёсати фоизии қарзии худро дорад. Агар «Агроинвестбонк» бо 25 фоиз ба хоҷагии қишлоқ қарз диҳад, «Амонатбонк» аз 18 то 25 фоиз ба ин соҳа қарзҳои худро пешниҳод намудааст. Ҷаноби Салимов дар идома гуфт, ки агар фоизҳои қарзии «Амонатбонк»-ро имтиёзнок гӯем, хато намекунем. Чунки дар маҷмӯъ қарзҳои боимтиёз ин қарзҳои нисбатан бо фоизҳои паст ва дарозмуддат аст. «Яке аз захираҳои асосии қарзиро дар бонкҳо пасандозҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад. Азбаски онҳо имконияти аз як сол зиёд мондани пазандозашонро надоранд, бархе аз бонкҳо имкони пешниҳоди қарзҳои дарозмуддатро надоранд», - зикр кард А. Салимов.



Алишер Боронов, сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии ба номи «Шаҳром-Қудрат»-и ноҳияи Бохтар, бо таъкид ба фоидаовар будани қарзҳои бонкӣ гуфт, ки ҳар сол барои кишту кор дар масоҳати 175 гектар замин, ки асосан пахта ва дигар зироатҳо парвариш мекунанд, ин хоҷагӣ аз «Агроинвестбонк»-и Қӯрғонтеппа ҳудуди 100 ҳазор доллари ИМА қарз мегиранд.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)- Имсол низ 100 ҳазор доллар қарз гирифтем ва онро асосан барои хариди нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ, маоши 200 нафар саҳмдор ва андоз сарф мекунем, - зикр кард А. Боронов. - Вақте моҳи сентябр пахтаро чидем, аввал пули бонкро бо фоизаш, ки ба 124 ҳазор доллар мерасад, месупорем. Яъне бонк аз мо бар ивази қарз дар як мавсим 24 ҳазор доллар фоида мебинад. Мо аз бонк розием. Чунки агар аз заводи пахтатозакунӣ қарз гирем, баҳраи он 32 фоиз буда, бар замми ин, маҷбур мешавем, ки пахтаро ба худи он завод фурӯшем, ки чандон фоидаовар нест.


Садои Алишер Боронов

Як нафар деҳқон (нахост исм ва маҳалли зисташ зикр гардад) гуфт, ки ҳамроҳи амакаш ду сол қабл аз бонк 40 ҳазор доллари ИМА қарз гирифта, дар ҳафт гектар замин пахта кишт намуда буд. Аммо ҳамон сол, ба гуфтаи манбаъ, ҳосили пахтаашон хуб нашуд ва баҳраи қарзи бонкӣ зиёд шудан гирифту онҳо оқибат муфлис шуда, хонаи истиқоматиашонро бонк ҳамчун гарави қарз кашида гирифт.


Садои деҳқони банкротшуда

Сангалӣ Раҳимов, ки аз соли 1996 дар хоҷагии деҳқонии оилавии худ бо номи «Раҳимзода» кор мекунад, ҳарчанд замоне ба қарз шадидан ниёз дошт, аммо ба гуфтаи худаш, аз бонк ҳеҷ вақт қарз нагирифт. С. Раҳимов дар ҷараёни суҳбат аз имтиёзу таҷрибаи давлатҳои Ҷопону Чин ёдовар шуда, гуфт: «Мо маҳсулотро истеҳсол мекунем, аммо ҷойи фурӯхтан надорем. Ба ҷуз пахта. Масалан, мо 100 дарахт зардолуи пешпазак дорем, ки моҳи май пухта мерасад. Онро 50-дирамӣ фурӯхтем, ки гоҳе нақлиётпулӣ ҳам намешуд. Чунки коркард нест. Намегирад ҳеҷ кас».



«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)Ба гуфтаи Абдулмуъмин Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар вилоят беш аз 60 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ арзи ҳастӣ карда, аз ин 30 фоизаш дигар ба қарзҳои бонкӣ ниёз надоранд. Чунки онҳо мустақил ва худмаблағгузор шудаанд. «Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, имсол ба деҳқонони чанде аз манотиқи картошкапарвари кишвар қарзи бефоиз дода шуд. Дар ин росто, ноҳияи Муъминобод низ қарор дошт ва ба картошкапарварони ин ноҳия қарзи воқеан бо имтиёзу бефоиз ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ихтисос доданд», - гуфт А. Улфатов.


Садои Абдулмуъмин Улфатов

- Пештар барои қарз гирифтан ба раиси бонк пул медодӣ, «шапка» медодӣ, ҳозир хуб аст, ки ин порадиҳӣ аз байн рафтааст, - мегӯяд Ҷалолиддин Сангаков, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сангакзода»-и ноҳияи Вахш.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

Вале як саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Бохтар, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки роҳбараш дар бонк хешу таборе дорад, ки раисии онро ба уҳда дораду ҳар сол барои пешбурди кори кишоварзиашон ба онҳо қарзи бонкиро бо фоизи паст медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Абдуллоев, менеҷери минтақавӣ оид ба бонкдории кооперативии «Агроинвестбонк» дар Қӯрғонтеппа, дар масоили қарзҳои боимтиёз ба кишоварзон хабари хуш дод.


Садои Хуршед Абдуллоев

Ба гуфтаи ӯ, бояд дар наздиктарин фурсат аз Ҷумҳурии халқии Чин ҳудуди 100 миллион доллари ИМА ба кишвар ворид гардад, ки танҳо барои мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона хоҳад шуд. Дар назар аст, ки нисфи ин маблағ ба вилояти Хатлон ихтисос дода шавад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ставкаи фоизҳои қарзӣ махсусан ба кишоварзон ду баробар поин хоҳад рафт.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +
Propecia Verschreiben viagra online Propecia Minoxidil Pattern Baldness Viagra Plus For Sale Hydrochlorothiazide 25mg Direct Tadalis Sx Soft Viagra Cheap comprar levitra en madrid sin receta Levitra Film Coated Tablets Legally Zentel Valbazen Internet Visa Accepted Viagra Radio Commercial Cialis One Day Generico Propecia Tuenti online pharmacy Overnight Delivery Methotrexate Amoxicillin Clavulin Secure Ordering Real Bentyl Price Best Website viagra Cialis Y El Alcohol Levitra Inefficace cialis Le Viagra Chinois By Requip Online Viagra Rezeptfrei In Deutschland
1 декабр 2016 11:29
Buy Non Narcotic Drugs Online viagra Buying Tadalis Sx Online Cialis Moins Chers Cytotec 200 Mg priligy ordonnance On Line Sales Of Viagra Buy Levothyroxine 50 Mcg Uk Generic Levitra Paypal Uses For Amoxicillin cialis Side Effects Cephalexin Delivery De Kamagra Priligy Mutuabile Diflucan Prescriptions Frontal Baldness Propecia Male Pattern Hair Loss viagra cialis Propecia Minoxidil Nisim Elocon Drugs antabuse over the counter generic Provera Ups With Overnight Delivery Bangor Buy Now Doxycycline Oratane Viagra 70
7 декабр 2016 10:45
Prix Kamagra 10 Mg cialis isotretinoin 20mg Taking Cialis With Viagra Cialis Sirve Para Durar Mas Epivir cialis Us Purchasing Of Furosemide Cialis Farmacia Viagra Cialis Generico buy cialis Cialis Granada 40 For $99 Glucotrol Antibiotics Without A Script Generic Viagra Reviews viagra Discount Levaquin Medication In Canada Cheapeast Austin Buy Amitriptyline No Percription Popularpills Online Comprar Cialis En Farmacias De Madrid Cialis Canada venta de viagra barcelona Acquistare Cialis Originale
16 декабр 2016 08:38
100mg Water Pills viagra Levitra Action Viagra Natural Wirkung Von Viagra Verstarken online pharmacy Priligy Viagra Together Safe Nonprecription Sites For Cilas Post Nasal Drip Amoxicillin Theophylline viagra Cialas In Canada Free Viagra Pills In Reading Pa. Cialis Precio Oficial Espana Venta Cialis Super Active kamagra eu Tadalis Sx Soft Ligne Avec Ordonnance Bingo Buy Game Online Viagra Cialis Einmal Taglich Cialis Generico Funziona Viagra Senza Ricetta Yahoo Receta Cialis Espana generic levitra 20mg Find Genaric Cialis 800mg. Discount Coupon For Plavix Cialis Tabletas Precio
24 декабр 2016 17:54
Proper work! Thanx you concerning you problem

http://shelleypreecerealty.com/buyer-services/
14 март 2017 15:46

Матолиби дигар:

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат