Дар як сатр
» » Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

1-01-2015, 16:06

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшемПаёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба фарорасии Соли нави 2015

Ҳамватанони азиз!

Соли нави 2015-уми мелодиро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкориҳои вилоят ва Тоҷикистони азизамон истиқбол мегирем.

Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддуни башарият сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад. Мо – мардуми тоҷик дар гузашта аз рӯйи тақвиму солшумориҳои суғдиву зардуштӣ ва баъдан хуршедиву ҳиҷрӣ зиндагӣ мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории мелодӣ истифода бурда, мувофиқи он фаро расидани соли навро расман ҷашн мегирем.

Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2014-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.

Соли сипаришаванда дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоятамон бо сафарҳои кории Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ хотирмон мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Итминонам комил аст, ки раванди созандагиву бунёдкорӣ ҳадафи асосии ҳар як сокини вилоят буда, солҳои оянда низ ҳамаи воситаю захираҳои мавҷударо ҷиҳати идомаи корҳои созандагӣ ва ободии диёр самаранок истифода мекунем.

Боиси тазаккур аст, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳматҳои пайгиронаи мардуми вилоят дар соли 2014 нишондиҳандаи иқтисодии вилоят дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзуд. Ҳар соли нав дар заминаи уфуқҳо, нақшаҳои нав ва ояндабиниву дурнамои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳрезӣ мегардад.

Дар тӯли 23 соли соҳибистиқлолии кишварамон марҳала ба марҳала ва сол аз сол ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуда истодаем. Ҳамзамон бо ин, аз тариқи арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ва мероси гаронбаҳои фарзандони фарзонаи миллат ба баланд бардоштани сатҳи камолоти маънавӣ ва густариши худогоҳиву худшиносии сокинони вилоят ва мамлакат ноил гардидем.

Дар ин самт соли 2014 таҷлили ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар ҷашну чорабиниҳо, бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар вилоят ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таъсири мусбати худро расонид. Набояд фаромӯш сохт, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, яъне бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ, роҳҳову шабакаҳои замонавии коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиқи ин ҳадафҳои наҷиби стратегӣ, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат хоҳанд кард, вазифаи ҳар фарди вилоят аст, ки дар назди Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кӯшишу талоши пайваста намоянд.

Тавре ки огаҳӣ доред, соли 2015 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакатамон соли муҳим-интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва мақоми олии қонунгузори мамлакат - Маҷлиси намояндагон баргузор хоҳад шуд. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро зарур аст, ки фаъолона иштирок намуда, баҳри рушди устувори сиёсати давлатамон ба номзадҳои арзанда ба тариқи шаффоф райъи худро диҳем. Зеро равандҳои ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ ва шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ба кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бетаъсир намемонад ва ин равандҳо моро водор месозад, ки бо дарназардошти масъалаҳои рушду инкишофи давлатдории миллӣ дар самти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти милливу давлатӣ, тақвияти фазои осоиштаи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам чораҷӯӣ кунем.

Шубҳае нест, ки мардуми шарифи вилоят ва ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар соли омадаистода низ ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаамон азму талоши ватандӯстонаи худро бештар намуда, барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро дучанд хоҳанд кард.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шумо - ҳамватанони азизро бо фарорасии соли нави мелодии 2015 табрик мегӯям. Бигзор соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамватанонамон гардад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Дар соли 2016 ба дастовардҳои бештар ноил гардем

Сиёсат, Хабарҳо
Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Эҳтироми Парчам эҳтиром ба давлату миллат аст

Сиёсат, Хабарҳо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо