Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 4 духтари “тиллоӣ”-и Хатлон


4 духтари “тиллоӣ”-и Хатлон



Онҳо кистанд ва сирри комёбиашон дар чист?

Имсол аз миёни 45797 нафар хатмкардагони синфи 11 дар вилояти Хатлон 4 нафарашон мактабро бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ хатм кардаанд, ки онҳо ҳама духтар мебошанд. Мо бо ин 4 духтари “тиллоӣ”-и Хатлон суҳбате доштем ва дар мавриди шахсият, шеваю усулҳои истифодакардаашон дар омӯзиши илму дониш ва сири расидан ба муваффақият пурсон шудем, ки фишурдае аз онро пешкаши шумо мегардонем.
 
САЙЁҲАТ МЕХОҲАД ПРОКУРОР ШАВАД
Сайёҳат Назарова, хатмкардаи синфи 11-и МТМУ №1-и ноҳияи Восеъ мебошад. Сайёҳат акнун тасмим гирифтааст, ки таҳсилашро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳад.
 
-Дар раванди таҳсил дар баробари китобҳои дарсӣ аз китобҳои иловагии Федератсияи Россия (ЕГЭ: Единственный государственный экзамен) истифода мекардам ва пайваста донишу малакаи худро бо дигарон қиёс намудам ва дар асоси хулосаи худ донишамро боз ҳам такмил медодам. 
 
Саҳми волидонам дар муваффақ шудани ман бениҳоят калон аст, махсусан саҳми падарам. Устодон низ дар ин самт, албатта, саҳми хосае гузоштаанд. Махсусан, роҳбари синфамон Раъно Абророва пайваста бо ман дар олимпиадаҳо иштирок намуда, маро ҳамроҳӣ мекарданд, ки барои мани наврас ҳузури омӯзгорам дар канорам, ба истилоҳ, қуввати дил мешуд. Ин яке аз омилҳоест, ки роҳи расидани маро ба муваффақият ҳамвортар гардонидаанд.
 
“БОЯД БЕШТАР ХУДОМӮЗӢ КУНЕМ!”
Қаҳрамони дуюми мо Гуландом Зоирова, хатмкардаи синфи 11-и муассисаи таълимии №10-и ноҳияи Вахш мебошад. Ҳамакнун, мехоҳад таҳсилашро дар Донишкадаи тиббии Хатлон идома дода, дар оянда бо касби табибӣ дар хидмати аҳли ҷомеа камар бандад.
 
- Барои расидан ба ин комёбӣ аз доираи барномаи таълимӣ фаротар ба омӯзиш машғул мешудам. Бисёр худомӯзӣ мекардам ва ҳар он чи ки бароям номафҳум боқӣ мемонд, аз устодон ва волидон пурсон мешудам. Гузашта аз ин, барои тақвияти зеҳн ва фароғати рӯҳию ҷисмонӣ ба бозиҳои гуногуни зеҳниву варзишӣ, аз ҷумла шоҳмот, шашка ва волейбол машғул мешудам Барои хонандагоне, ки мехоҳанд дар оянда мактабро бо медали тилло хатм намоянд, тавсия медиҳам, бо он чи ки дар доираи камтар аз як соати дарс меомӯзанд, қонеъ нашаванд. Ба дарсҳои иловагӣ раванд, бештар худомӯзӣ кунанд, шеъру ғазал ва асарҳои насриро азёд ва бо кумаку роҳнамоии устодону донишмандон мазмуну муҳтавои онҳоро аз худ намуда, дарк намоянд. Аз машғул шудан ба корҳои беманфиат, ба мисли бе ҳадаф нишастану саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро гардон кардан канораҷӯйӣ кунанд.
 
ПАНДИ БОБО – ОМИЛИ КОМЁБИҲОИ САИДА 
Саида Ҷабборова 23 январи соли 2003 дар ноҳияи Ёвон дар оилаи табиб ба дун ё омадааст. Муассисаи таълимии №80-ро соли 2021 хатм кардааст. Гирандаи Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2020-2021 буда, дар чандин озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, аз фанни ҳуқуқ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гаштааст.
 
-Ман бештари вақти худро ба омӯхтани илму дониш сарф мекардам ва берун аз машғулиятҳои дарсӣ низ аз муаллимон дарсҳои иловагӣ мегирифтам. Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ба ҳамаи саволҳои муаллимон ҷавоб гӯям ва дар навбати худ ба ҳар саволе, ки дар зеҳнам пайдо мешуд, аз устодон, китобҳо ва дигар воситаҳои омӯзишу пажӯҳиш посух меҷӯстам. Инчунин, барои баланд бардоштани савияи дониши худ бештар дар викторинаҳо ва олимпиадаҳо иштирок мекардам.
 
Барои ба ин комёбӣ мушарраф гардиданам саҳми омӯзгорон ва волидайни азизам, инчунин, бобои бузургворам хеле зиёд аст. Бобои бузургворам Маҳмудхон Ҷабборов ҳамеша маро бо панду насиҳатҳои худ дар ҷодаи илму маърифат 
раҳнамоӣ мекарданд. Ҳар панду насиҳати бобо бароям шиори пурмаънову муассирест барои расидан ба дилхоҳ ҳадаф ва ба даст овардани ҳар комёбӣ.
 
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин гуна дастовардҳо мушарраф гарданд, бояд ҳатто як лаҳзаи вақти худро беҳуда нагузаронда, ҷиддан ба омӯхтани дарсҳо ва илмомӯзии мустақилонаву иловагӣ машғул шаванд. Бо муаллимон ва мактаб робитаи қавӣ дошта бошанд, ба маслиҳатҳои устодони худ амал намоянд, пайваста аз пайи омӯхтани илму дониш бошанд. 
 
Хуб мешуд, ки падару модарони азиз масъулияти баланди тарбия ва таълими фарзандонашонро дурусту мукаммал ва баҷо ҳис намоянд. Чунин хонандагон пешсаф ва фаъол гардида, дар оянда донишманду соҳибмаърифат хоҳанд шуд.
 
АГАР ХОНАНДА ЗАВҚ ДОШТА БОШАД...
Шукрона Қурбонзода 27 октябри соли 2004 дар шаҳри Бохтар дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Муассисаи таълимии №6-и шаҳрро соли 2021 бо медали тилло хатм кардааст. Феълан ҳамроҳи волидонаш дар ноҳияи Кӯшониён истиқомат мекунад. Қаҳрамони мо тасмим гирифтааст, ки дар оянда таҳсилашро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳад.
 
-Дар давраи таҳсил дар мактаб бештар аз усулҳои омӯзиши барномаҳои таълимӣ ва марказҳои забоншиносӣ, китобхона ва маҳфилҳои фаннии назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён истифода мебурдам.
 
Пайваста ҳаракат мекардам, ки рӯз ба рӯз ба ҳадафам наздиктар бишаваму бирасам. Ба даст овардани медали тилло ва аттестати аълои равиявии хатми мактаб як бурҳони қотеъ ва собиткунандаи донишу хубу судманд доштани хонанда мебошад.
 
Фикр мекунам, ки ҳар як хонанда агар завқ ба фаро гирифтани барномаҳои таълимӣ ва омӯхтани ҳарчи бештари илму донишро дошта бошад, метавонад мактабро бо медали тилло ва ё нуқра ва аттестати аълои равиявӣ хатм намояд. Устодони пуртаҷриба ва донишманд дар ҷомеаи мо кам нестанд. Масалан, ман аз хурдӣ мехостам, ки як хидматчии давлатии донишманду забондон ва мутахассиси сатҳи баланди кори хеш бошам. Аз ин рӯ, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ камар бастам. Имрӯз бо ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда метавонам. Яъне, аввал мехостам, ки ба ҷойе бирасам, пас барои худ ҳадаф гузоштам ва барои расидан ба ҳадафам пайроҳаҳоеро тай кардаму зинаҳоеро гузаштаму боло рафтам.
 
Суннатуллоҳи МИРЗО, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода