Дар як сатр
» » Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

30-07-2015, 19:15

Шумораи зиёди занони хатлонӣ аз поймолшавии ҳуқуқи худ ба кору ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба замин шикоят мекунанд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, масъулони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон мегӯянд, ки теъдоде аз бонувон дар ҷануби Тоҷикистон ғайрирасмӣ - бе сабти фаъолият дар дафтарчаи меҳнатӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муассисаҳои хусусӣ заҳмат мекашанд. Онҳо феълан маош (ҳақмузди ночиз) мегиранд, аммо азбаски фаъолияташон расмӣ нест, имкон дорад, ки дар оянда аз нафақапулӣ маҳрум шаванд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)- Он занҳое, ки масалан, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ошхонаю дигар муассисаҳои хусусӣ кор мекунанд, аксаран дафтарчаи меҳнатӣ надоранд, дар ҷое корашон расман сабт намешавад ва гӯё онҳо бекор ҳастанд, - зикр кард Санавбар Самиева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят. - Аз ҳисоби маоше, ки мегиранд, андози иҷтимоӣ намесупоранд ва ин боиси он мешавад, ки онҳо дар оянда, вақте бознишаста шуданд, бо мушкили нафақапулӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Агар онҳо бо корфармои худ шартнома дошта бошанд, маоши муайян, ҳуқуқ ба табобату истироҳат пайдо карда, собиқаи кориашон сабт мешавад, ки ба фоидаи худашон аст. Имрӯз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ба воситаи марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ, ки дар Қӯрғонтеппа ва тамоми шаҳру навоҳии вилоят фаъоланд, ба занон машварату маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. То имрӯз 1073 нафар, аз ҷумла 916 зан бо мушкилоти ҳуқуқии худ ба ин марказҳо муроҷеъ шуда, кӯмак гирифтаанд. Бонувоне, ки мувоҷеҳи проблемаҳои ҳуқуқӣ ё масоили вобаста ба замин, нобаробарӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ мешаванд, метавонанд бидуни истиҳола ба ин марказҳои ҳуқуқӣ омада, бо ҳуқуқу манфиат ва уҳдадориҳояшон шинос шаванд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои соҳибназарон, бештар аз ҳама занони машғул ба умури кишоварзӣ аз сӯйи кордиҳандаҳои худ ҷабри беҳуқуқӣ мекашанд. Занон дар Хатлон дасти кории арзон маҳсуб гардида, қисмати зиёди умури кишоварзиро маҳз онҳо анҷом медиҳанд. Ҳоло ҳақмузди миёнаи кормандони арсаи кишоварзӣ, ки ҳамагӣ ба 230 сомонӣ баробар аст, дар муқоиса бо маоши миёнаи номиналии кор дар вилояти Хатлон (637 сомонӣ) 64% камтар мебошад. Маоши миёнаи кишоварзон аз андозаи маоши ҳадди ақалл низ 19 сомонию 56 дирам (9%) камтар аст.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)Доно Абдураззоқова, коршиноси Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва гендерӣ, мегӯяд, ки феълан занони деҳотӣ ба хотири таъмини иҷтимоӣ беш аз ҳар вақти дигар кори вазнинро анҷом медиҳад. Барои таъмини зиндагии беҳтар занони русто дар замини наздиҳавлигӣ кор мекунанд, балки ба парвариши чорвои хонагӣ, анҷоми кори саҳро, кишти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосил машғуланд. «Занони деҳотӣ дар баробари нигоҳубини фарзандон, беморон ва пиронсолони хонавода, таҳияи ғизо ва рӯбучини хона, инчунин соатҳои бисёр дар ферма ва майдонҳои кишту боғзор меҳнат мекунанд. Бо дарназардошти маҳдудият дар дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва сӯзишворӣ дар деҳотҷой, бори рӯзгордории занон дучанду сечанд мешавад», - зикр намуд Д. Абдураззоқова.

Ба иддаои ин коршинос, занони рустоӣ дар аксар вақт ба меҳнати ғайрирасмӣ ҷалб шуда, бо ҳақмузди ночизе ҳаҷми бузурги кор дар саҳроро анҷом медиҳанд. Зани деҳотӣ тамоми умр кори сангини кишоварзиро иҷро намуда, бо расидан ба синни бознишастагӣ метавонад нафақапулии ночизе бигирад ё ҳатто аз он маҳрум шавад.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Барномаи давлатии марбут ба ислоҳоти аграрӣ бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 29.05.2010, №269 тасдиқ шудааст, алоқаи зич дорад. Ба гуфтаи Моҳира Раҳимҷонова, намояндаи Вазорати кишоварзӣ, «ин барнома тарафдории худро барои пешрафти рушди иқтисодӣ дар баробарҳуқуқии ҳам мардҳо ва ҳам занҳо тавассути мустаҳкам намудани замина барои сиёсати гендерӣ, таъсиси механизми самарабахш барои таъмини баробарӣ ва дастрасӣ ба захираҳо нишон медиҳад».

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Ба қавли Раҷабгул Тағоева, сокини ноҳияи Хуросон, дар хоҷагии деҳқоние, ки ӯ кор мекунад, даҳҳо зани деҳотӣ машғули кишоварзӣ ҳастанд, аммо ҳақмузди онҳо саривақт дода нашуда, бо корфармои худ қарордоди корӣ надоранд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, занон ҳатто аз ҳуқуқи худ барои гирифтани суди молӣ аз саҳмияҳои худ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода карда наметавонанд.

Садои Раҷабгул Тағоева

Аз наздики 60 ҳазор хоҷагии деҳқонии мавҷуд дар вилояти Хатлон сарварии ҳамагӣ 6157 ҳазор ададашро бонувон уҳда мекунанд. Ба иддаои таҳлилгарони маҳаллӣ, дар ҳоле ки 85 дарсади занони хатлонӣ саҳмдори хоҷагиҳои кишоварзии маҳаллӣ ҳастанд, натанҳо ба замин ва манобеи сармоягузорӣ дастрасии маҳдуд доранд, балки аз ҳуқуқу манофеи кории худ ҳам ҳимоят карда наметавонанд.



- Баъзе занҳои мо намедонанд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳм доранд, - мегӯяд Райҳона Ҳақбердиева, раҳбари созмони ҷамъиятии «Дилафрӯз». - Маоши доимӣ намегиранд, кори зиёда аз меъёрро анҷом медиҳанд. Бисёр вақт дар ивази маош ғӯзапая мегиранд ва бо ин қаноат мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо занон нафақат дар қитъаи замини худ, балки ҳатто дар қитъаи замини бригадири худ ҳам кор мекунанд…

Садои Райҳона Ҳақбердиева

Бо таҷдиди собиқ колхозҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, мушкили санадгузорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ афзуда, ҳамзамон истифодаи ғайрирасмӣ аз меҳнати занони рустоӣ дар кори саҳро низ рӯ ба афзоиш аст. Масъулони идораи кишоварзии вилояти Хатлон ҳарчанд дар зикри шумораи дақиқи занони машғул ба кишоварзӣ дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон мушкилӣ мекашанд, аммо иқрор мекунанд, ки бахши аъзами кори саҳроро маҳз занон иҷро менамоянд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Назира Сафарова, муовини собиқи сардори Сарраёсати кишоварзии Хатлон, дар ин робита мегӯяд: «Занон аз талаби ҳақ кардан метарсанд, чун корфармо метавонад нафари дигареро ба ҷояшон ба кор пазирад. Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)Ҳоло шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ афзудааст, табиист, ки контроли кори онҳо ҳам мушкил аст, аз ин рӯ, ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон, аз ҷумла занони деҳқон, зиёд ба мушоҳида мерасад. Баъзан аз камсаводии занони рустоӣ сӯйистифода ҳам мекунанд».

Ва аммо коршинос Барно Ниёзова, ки таҷрибаи баргузории тренингҳо барои занони кишоварзи Хатлонро дорад, бар ин назар аст, ки масъулияти ҳисоботдиҳӣ, таҳияи санадҳои зиёд ва надоштани малакаи идораи хоҷагии деҳқонӣ яке аз сабабҳои аслии парҳези бонувон аз раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.


Садои Барно Ниёзова

Бо пешниҳоди Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба раҳбарони тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ дастур додааст, ки бо кормандони худ шартномаҳои корӣ баста, аз ҳуқуқашон риоят кунанд. Аммо то ҳанӯз аз қариб 60 ҳазор адад хоҷагии кишоварзии мавҷуд дар вилояти Хатлон танҳо ҳудуди 15 фисадаш бо деҳқонон қарордод бастаасту халос.

Ба иттилои масъулони Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, то 90 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ натанҳо маълумоти махсуси кишоварзӣ, балки ҳатто маълумоти олӣ надоранд ва як сабаби поймолшавии ҳуқуқи меҳнатии занони деҳқон дар камсаводии онҳост.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Ҳоло раҳбарии шумораи бисёр кам, ҳатто камтар аз 10 дарсади хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлонро занҳо ба зимма доранд.

Хайриннисо Сариева, раиси хоҷагии деҳқонии «Холтӯра»-и ноҳияи Қубодиён, ба гуфтаи худаш, тайи солҳои охир наметавонад аз бонкҳои тиҷоратӣ маблағи қарзӣ дарёфт кунад. Вай афзуд, ба хотири рушди хоҷагии кишоварзӣ ба дастикам 8 ҳазор доллар ниёз дорад, аммо бонкҳо аз ироаи қарз ба ӯ худдорӣ мекардаанд. Ба иддаои Х. Сариева, иллати аслии парҳези бонкҳо аз ҳамкорӣ бо хоҷагии ӯ танҳо дар зан будани роҳбари он аст.


Садои Хайриннисо Сариева

- Хоҷагии мо садҳо мушкил дорад, - мегӯяд ӯ. - Азбаски мо ба истеҳсоли пахта сарукор дорем, бароямон сараввал трактор лозим аст, аммо бе дарёфти қарзи бонкӣ онро харида наметавонем. Масъулони бонкҳо мегӯянд, ки зан ҳастӣ, моликият надорӣ, кафолат нест, ки маблағи қарзиро баргардонида тавонӣ. Аз ин рӯ, худдорӣ мекунанд. Мо 4 гектар замин дорем ва ҳоло танҳо бо сарфи нерӯ ва маблағҳои худӣ кори хоҷагии кишоварзиро пеш мебарем.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Як намояндаи «Агроинвестбонк», ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки дар миёни мизоҷони ин бонк занони соҳибкор низ кам нестанд. Аммо вай иқрор кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ санадҳо, дороиҳо ва тавонмандии занонеро, ки мехоҳанд қарз бигиранд, бештару дақиқтар мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Зеро дар аксар маврид маълум мешавад, ки занон соҳибмулк нестанд ва барои дарёфти маблағи қарз моликияте надоранд, ки ба гарав гузоранд.

Абдулмуъмин Улфатов, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки дар ҳақиқат иддае аз занон - роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ гоҳе бо мушкили дарёфти қарзҳои бонкӣ рӯ ба рӯ мешаванд. «Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз бонкҳо беш аз 5 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанӣ шаванд, бояд ягон моликияташонро ба гарав гузоранд. Дар ин сурат, шавҳар ё фарзандони зане, ки роҳбарии хоҷагии деҳқониро ба зимма дорад, бояд ӯро дастгирӣ кунанд ва масъулиятро бо ӯ тақсим намоянд», - афзуд А. Улфатов.



Ва аммо С. Гулмуродов, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон, дар посух ба суоли мо дар мавриди ин ки оё заноне, ки раҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд, аз ҷониби давлат ба чӣ васила дастгирӣ меёбанд ва оё аз ягон навъи имтиёз бархурдор ҳастанд, посух гуфт, ки қонунгузории андоз вобаста ба ҷинси шаҳрвандон имтиёзеро пешбинӣ накардааст.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)- Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки баъзе мансабдорони давлатӣ азбаски тибқи қонун ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, заминро гирифта, хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳанд ва онро ба номи занҳояшон сабт мекунанд, - афзуд С. Гулмуродов. – Чи хел мешавад, ки «роҳбари он хоҷагӣ зан аст» гуфта, ба ӯ дар пардохти андоз имтиёз диҳем.


Садои С. Гулмуродов

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи Мукаррама Эгамназарова, раиси созмони ҷамъиятии «Занони деҳот» аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар аксар маврид ташаббусҳои занони рустоӣ барои таъсиси хоҷагиҳои кишварзӣ ба қавле саркӯб мешаванд.


Садои Мукаррама Эгамназарова

- Мисол, зане, ки собиқаи зиёди корӣ дорад, бо замин сарукор мегирад, агар хоҷагии деҳқонӣ ташкил карданӣ шавад, баъзе мақомоти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо монеа эҷод мекунанд, - афзуд М. Эгамназарова. - Ба хотири ин ки зан аз ин тасмимаш даст кашад, баҳона пеш меоранд, ки гӯё хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле қарздоранд, дар сурати ҳамчун роҳбар интихоб шудан, аз ҳама пеш бояд қарзҳои собиқ хоҷагиро супоранд. Бо чунин суханҳо занонро ба қавле тарс медиҳанд.

Вале мисолҳое ҳам ҳастанд, ки занони хатлонӣ дар раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба дигарон ибрат нишон дода, муваффақ ҳам шудаанд. Ба иддаои Гавҳарбӣ Пиракова, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Хисрав»-и ноҳияи Восеъ, кори саҳро барои занони деҳот чандон мушкил нест. «Феълан 4 гектар замин дорем. Аз соли 1958 ба ин сӯ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ фаъолият дорам. Дар замин келину фарзандонам кор карда истодаанд. Вақти кор болои сарашон роҳнамоӣ карда меистам. Дар ин ҷо пахтаву ғалла ва сабзавот мекорем. Фарзандонам танҳо дар ҳамин хоҷагии деҳқониамон кор мекунанд, боре ҳам ба Русия нарафтаанд», - гуфт ӯ.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)Бо вуҷуди ин, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занон мегӯянд, дар ҳоле ки бахши аъзами умури кишоварзии Тоҷикистон ба дӯши занон аст, давлатро мебояд занони кишварзро таҳти сарпарастӣ ва ҳимоят қарор бидиҳад, то ки онҳо низ шароити рушди кору фаъолияти худро дошта бошанд.

Пажӯҳиши масъала нишон дод, ки адами дастрасӣ ба активҳои истеҳсолӣ, меҳнати беподош (камподош), дастрасӣ ба захираҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаи кишоварзӣ, нобаробарии гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маоши собит надоштани занони кишоварз, дар хоҷагиҳое, ки сарвариашро занон ба уҳда доранд, аз 30 то 50% камтар будани саршумори чорво ва маблағ нисбат ба хоҷагиҳое, ки мардҳо дар он роҳбаранд, аз ҷумлаи мушкилоти асосии занони кишоварз дар вилояти Хатлон мебошад.

Аз рӯйи таҳқиқоти Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар натиҷаи коҳиш додани фарқияти гендерӣ дар арсаи кишоварзӣ ва ҷалби бештари занон ба раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ майдонҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дубора ба кор андохта шуда, фазои мусоидтари корӣ фароҳам ва маҳсулнокии кор боло меравад. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маводи кишоварзӣ аз 2 то 4 фоиз афзун гардида, шумораи одамоне, ки дар ҳолати гуруснагӣ ба сар мебаранд, 12-17% коҳиш хоҳад ёфт.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» бошад, шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Бар асоси бандҳои «б», «г» ва «е»-и моддаи 7-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба «додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ», «ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва иҷоракорон», «таъмини дастрасии баробари занҳо ва мардҳо ба қитъаҳои замин» муваззаф ҳастанд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +
Cialis Online Cheap Pilule Pour Avorter kamagra on line pharmacy Priligy Sur Le Nhs Zithromax Stays In Your System buy accutane isotretinoin online Viagra Plus Cialis Buy Viagra Online Legitimate Pharmacy buy viagra Amoxicillin Dogs Lyme Buy Nexium Usa Buy Brand Name Wellbutrin Xl Kamagra Paypal viagra Vendita Viagra Milano Yagara Generic Viagra Delievered From.Usa Free Trial Medicationsviagra Fast buy medicine from cannada orlistat Viagra Compresse Costo Get Online Levitra Prescription commander du propecia Ward 939 Capsule Zithromax Dosage Pediatric Venta De Cialis En Canarias
7 декабр 2016 03:23
Should Keflex Be Taken With Milk Provera In Germany Tablet With Next Day Delivery Buy Valtrex 1000 Mg propecia efficace Levitra Tadalafil Propecia Irreversible Schaden Buy Canadian Aspirin buy cialis Buy Fruesomide Pills Precio Caja Cialis Where Can I Buy Flagyl Er Zithromax Acid Reflux Viagra 50mg Kaufen levitra dosage Alquiler Kamagra Prescription For Amoxicillin brand levitra online Doxycycline Isotrex Prix Xenical Orlistat Buy Clomiphene And Gonadotropins Best Life Rx Cialis Authentique Suisse precio de priligy Cialis E Coumadin
15 декабр 2016 04:56
Usa Direct Pharmacy buy roacutan Achat Viagra Site Francais Buy Cialis Soft Tabs Online Buy Prednisone For Dogs Online viagra Amoxicillin Pakage Insert Cialis 20 Vidal Meilleur Site Pour Achat Propecia Vente Viagra A L'Unite levitra on line Acheter Cialis Tadalafil 20mg Viagra All'Estero cialis Estrace No Prescription Prednisone cialis Cialis 20 Mg Reviews Cialis Pills Online
24 декабр 2016 15:25

Матолиби дигар:

Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА