Дар як сатр
» » «Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

1-01-2015, 15:59

«Ҳайфи ту, падарбезор!»«…Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд». Моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба иддаои масъулони суди вилояти Хатлон, тайи чанд соли охир шикояти сокинони куҳансол аз фарзандони нохалафи худ, ки аз ғамхорию парастории волидон даст кашиданд, рӯ ба афзои ниҳодааст. Ҷойи таассуф аст, ки падарони пиронсол ба хотири саркашӣ аз нигоҳубин ва таъмини иҷтимоӣ ночор тариқи судҳо аз фарзандони падарбезор алимент меситонанд. Ба андешаи афроди соҳибназар, ин тамоюли нав барои ҷомеаи суннатии мо, ки асрҳо боз парасторию ғамхорӣ нисбат ба падару модарро дар айёми солмандӣ қарзу фарзи фарзанд медонад, бегона асту шармовар…

Муҳиддин Сайфиддинов, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, мегӯяд, ки то 4-5 сл пеш дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дар таҷрибаи кории ӯ чунин иттифоқе наафтода буд, ки волидон аз писарони худ алимент талаб кунанд, зеро, маъмулан, падару модарони солманд аз кашондани фарзандони худ ба додгоҳ барои саркашӣ аз нигоҳубинашон худдорӣ мекунанд.

«Вале мутаассифона, солҳои охир судҳои шаҳру навоҳии вилоят чандин парвандаи вобаста ба талаби алимент аз фарзандро баррасӣ карданд ва дар ҳама маврид судҳо даъвои волидонро қонеъ намуда, аз писаронашон ба фоидаи онҳо алимент ситонидааст. Дар хориҷа шояд ин хел даъвоҳои судӣ бисёр бошанд, аммо барои мо нодир аст чунин мисолҳо», - зикр кард М. Сайфиддинов ва афзуд: «дар ҷомеаи суннатие, ки мо дорем, эҳтироми волидон ҳам фарзу ҳам қарзи ҳар як фарзанд маҳсуб мегардад ва кам воқеъ мешавад, ки фарзандон аз падару модари худ рӯй тобанд».
Бобои Муҳаммадшариф, ки 67 сол дорад, яке аз чунин афроди солманд аст, ки ягона писари беҳимматаш аз нигоҳубини ӯ даст кашида, ночорию дармондагӣ ӯро пушти дари суд бурдааст, то аз роҳи қонунӣ аз фарзандаш алимент ситонад. «Маро гуфтанд, ки биё, ба хонаи пиронсолон баремат, ҳамон ҷо зиндагӣ мекунӣ. Лекин намехоҳам, ҳоло талбандагӣ мекунам, ҳар касе як сӯм-ним сӯм диҳад, нону дигар ғизо мехарам. Мошин зада буд, поям лат хӯрдааст, ҳолам хуб нест», - мегӯяд ӯ.

Момои Хосият, ки наздики 70 сол дорад, низ аз бемеҳрии фарзандонаш, ки аз нигоҳубини ӯ дар дами пирӣ сарпечӣ кардаанд, шикоят дорад. Вай се духтарро ба воя расонидааст, аммо ҳоло дар пиронсолӣ дар кӯча мондааст. Ин пиразан, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, пас аз хориҷ шудан аз манзили фарзандонаш, рӯ ба раҳми Худо, мисли қаландарон ба роҳи калон баромада, пас аз чанде худро дар шаҳри Қӯрғонтеппа пайдо кардааст. Ҳамакнун момои Хосият дар хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа манзили зист, ҷойи сокит ва оромиши дил пайдо намудааст. Вай зоҳиран аз пайдо кардани ҷойгоҳи хобу зиндагиаш мамнун ба назар мерасад, аммо мегӯяд, ки шояд агар дар баробари духтаронаш писаре ҳам медошт, ба ин андоза хору залил намешуд.
Солее пеш суди ноҳияи Шаҳритус 6 писари оилаи Бегаковҳоро маҷбур карда буд, ки ҳар яке ба падари бознишастаю маъюбашон 80 сомонӣ алимент супоранд. Ин шаш писар, бо вуҷуди он ки соҳиби хонаю дар, дорои бизнеси хуб ва фурӯшгоҳҳо будаанд, солҳо боз ба падари танҳояшон ягон дирам кӯмак накарда, аз ғамхорӣ нисбат ба ӯ даст кашида будаанд. Ростӣ, шармам меояд, ки дар як ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусалмони Тоҷикистон чунин қазияҳо сар зада ва кор ба ҷое расидааст, ки мӯйсафеди 70-сола ноилоҷ аз писарони таҳамтану дорои худ талаби алимент кардааст.

Ҷомеашиносон ва аҳли мазҳаб бо изҳори нигаронӣ аз ин ки дар ҷомеа ин гуна иттифоқҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона рух медиҳанд, мегӯянд, ки тарбияи нокомил ва заифи фарзандон гоҳе сабаб мешавад, ки онҳо падару модарро дар дами пириашон аз сар соқит мекунанд. Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, ки «аз нуктаи назари ислом, агар падар тамоми молу мулки писарашро хоҳад, ки бигирад, метавонад нопурсида ин корро кунад. Падарон болои писарони худ 80 ҳақро доранд. Писар ҳақ надорад, ки ба сӯйи падар бо чашми тез нигоҳ кунад, молашро аз ӯ пинҳон кунад. Писар бояд ҳар он чи мепӯшад ва мехӯрад, бояд нахуст ба волидонаш муҳайё созад. Ин вазифа ва қарзи фарзанд аст дар назди падару модараш. Хуб мешуд, ки ҷавонмардони мӯҳтарам аз Худо битарсанду падару модарашонро ҳурмат кунанд. Беҳуда нагуфтанд, ки

Ҷавонон, қадри пиронро бидонед,
Ки раъйи пир аз сад бахти ҷавон беҳ.

Оне ки падару модарашро иззат намекунад, ин дунё ва ахираташ обод нахоҳад шуд. Бигузор ки миллионҳо доллар дошта бошад, аз он баракат намеёбад…»

Ба иддаои ин руҳонӣ, падару модар «Худои маҷозӣ»-и фарзанд ҳастанд ва ҳурмату нигоҳубини онҳо дар дами пирӣ фарзи ҳар авлод мебошад.

Ҳуқуқшиносон ҳам бо истинод ба банди 34-уми Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки «…фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд».

Муҳаббат Азизова, раиси Суди вилояти Хатлон, дар яке аз суҳбатҳои қаблӣ гуфта буд, ки мувофиқи қонун, натанҳо барои нигоҳубини фарзанд, балки барои таъмину нигоҳубини падару модар ҳам ситонидани алимент пешбинӣ шудааст. «Агар дар мо чунин одат нест, ки волидайн ба фарзандашон даъвои судӣ пеш оранд, лекин ҳамин чизро қонун пешбинӣ кардааст, ки онҳо метавонанд қонунан талаб кунанд, ки фарзандашон онҳоро парасторӣ ва таъмин намоянд. Ин дар Конститутсия ҳам гуфта шудааст, дар Кодекси оила ҳам», - афзуд ӯ.

Вале воқеияти имрӯз гувоҳи ин ҳол аст, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳам солҳои ахир мавридҳои худдории фарзандон аз парастории волидайн рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба унвони мисол, аз 12 марду зани солманде, ки ҳоло дар хонаи пиронсолони бепарастори шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунанд, 11 нафарашон фарзандони болиғу қобили кор дошта, аммо онҳо аз таъмину саробонии волидони худ даст кашидаанд. Кор ба ҷое расида буд, ки ду сол пеш як зани солманд дар ин хонаи пиронсолон даргузашту писаронаш то ҳол ақаллан ба суроғи қабри модар наомадаанд.

Парасторӣ, таъмини иҷтимоӣ ва меҳрубонию ғамхорӣ нисбати волидайн, чӣ аз нуктаи назари ислом, дине, ки 98 дарсади аҳолӣ ба он пайравӣ мекунад, чӣ аз назари одоби инсонӣ, қарзу фарзи фарзанд маҳсуб мегардад. Аммо, мутаассифона, солҳои охир чунин тамоюл ба назар мерасад, ки фарзандон тарки манзили волидон карда, дар айёми пирию дармондагӣ аз ҳоли эшон хабар намегиранд, ниёзҳояшонро барварда намесозанд. Агар дар гузашта, нафаре, ки аз парасторӣ ва таъмини волидон барқасдона сарпечӣ мекард, мавриди маломати аҳли ҷомеа қарор гирифта, «радди маърака» мешуд.

Дареғ, ки ҳоло ҷомеа ба ин масъалаи доғ бефарқ ё камаҳамият аст.

Н. МУСТАФО

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ кай мавриди амал қарор мегирад?

Қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ кай мавриди амал қарор мегирад?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Волидонро хор накунем

Волидонро хор накунем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА