Дар як сатр
» » Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

18-07-2015, 15:37

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошемЧуноне ки дар шумораҳои гузашта иттилоъ дода будем, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД-и вилоятҳо таъсис дода шуд. Ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгириву ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Ҳамчунин, дар бобати ислоҳоти милитсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани интизориҳо ва пешниҳодоти шаҳрвандон, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, ташкили назоратбарӣ аз рӯйи дархостҳои ҷамъият дар рафти ислоҳоти милитсия низ аз вазифаҳои асосии Шӯро ба шумор меравад.

Дар Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон боз як вохӯрии муфиди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ Бобоназарзода Алӣ Бобоназар бори дигар аз фаъолият ва вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятиро, ки пеш аз ҳама ҷалби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҷомеа бобати мусоидат намудан бо мақомоти корҳои дохилӣ, дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, ёдрас гардида, дар ин баробар бобати баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, тақвияти мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО оид ба мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд ва ғайра изҳори назар намуд. Номбурда иброз дошт, ки минбаъд низ барои ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохила ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бояд бештар талош варзем.

Бобоназарзода Алӣ ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шаҳодатномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурда, ба онҳо барори кор орзу намуд.

Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД-и дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоҳназаров зимни мулоқот ба масъулини ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ироа дошт, ки роҳбарият ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва масоили вобаста ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ омодааст.

- Тибқи нақша-чорабинии Шӯрои ҷамъиятӣ, кӯшиш менамоем, ки бештар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем, - гуфт ӯ.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Вазир кай ба Хатлон меояд?

Вазир кай ба Хатлон меояд?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА