Дар як сатр
» » Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

17-07-2015, 08:10

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати Иди саиди Фитр


Барои татбиқи фазилатҳои Иди Фитр ва аркони ислом кӯшиш ба харҷ диҳем

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Иди саиди фитр, ки рӯзи 17 июли соли ҷорӣ фаро мерасад ва онро мусулмонони ҷаҳон ҳамчун яке аз суннатҳои муътабар баъди як моҳи тоату ибодат ва рӯзадорӣ бо хушҳолии зиёд ҷашн мегиранд, табрик менамоям. Маҳз ба шарофати истиқлолияти кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо барои зинда ва эҳё намудани анъана, расму ойин, иду ҷашн ва суннатҳои миллию динии худ, озод ва бемамониат ба ҷо овардани ин ҷашну маросимҳо имконият ба даст овард. Моҳи шарифи Рамазон аз оғози суннатҳои исломӣ моҳи мубораки хайру саховат, моҳи сабру таҳаммул, моҳи меҳрубонию самимият, моҳи покизагии тану ҷон ва дилу ният мебошад. Зеро дар моҳи пур аз каромату раҳмати Рамазон ва шаби қадр мусулмонон бо доштани рӯза, дуои нек, зикру тиловати оятҳои раббонӣ дилу рӯҳи худро нуронӣ ва ба Худои таоло наздиктар менамоянд.

Аз ин лиҳоз, муъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд. Мақому мартабаи моҳи шарифи Рамазон дар миёни мусулмонон боз аз он ҷиҳат азизу муътабар аст, ки китоби Қуръони маҷид маҳз дар моҳи шарифи Рамазон нозил шуда, муъминонро ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд. Ба ин хотир, мо бояд шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва воқеияти имрӯзаи кишвар намуда, барои амалӣ гардонидани фазилатҳои Иди саиди Фитр ва аркони дини мубини ислом кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад». Рисолати муқаддаси ҳар як фарди мусулмон дар он аст, ки ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои хайр ташвиқ намоянд. Ҳар кадоми мо сабру таҳаммулро пеша карда, ба фардои зиндагӣ ва пешомадҳои неки сарзамини хеш хушбин бошем, кинаву адоват ва бадхоҳиро аз дилҳои худ берун созем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки мо ҳама аҳли як Ватан, зодаву парвардаи Тоҷикистони биҳиштосо мебошем.

Боварии комил дорам, ки ин кори хайру савоб аз амалҳои ҳамешагии мардуми мо маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд ва тамоми мардуми вилоятамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз вазифаҳои имониву инсонии худро дар баробари адои рисолати динӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ҳамчунин дар кӯшишу талош ҷиҳати инкишофу пешрафт ва ободиву оромии Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу субот, ки бузургтарин комёбии мост, равона месозад.

Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хонаи обод, чеҳраи пурнуру сари баланд, ризқу рӯзии фаровон, имони комилу илми боамал орзумандам.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Хайру эҳсон аз амалҳои ҳамешагии мардуми мост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Рӯзи Иди Фитр 17 июл эълон шуд

Рӯзи Иди Фитр 17 июл эълон шуд

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ