Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳафт қадам барои шод зистан


Ҳафт қадам барои шод зистан



То ҳоло пеш омадааст, ки субҳ вақте чашмҳоятонро боз мекунед, ним чархе бизанед ва баъд аз ин ки ақрабаки соатро бо чашми нимабоз дидед, бо худ бигӯед: “Вой! Боз як рӯзи дигар шурӯъ шуд. Чӣ қадар ғамгину беҳавсалаам. Агар маҷбур набудам, имрӯз ҳич коре намекардам. Дасту дилам ба корҳо намеравад” ва ҷумлаҳое аз ин қабил.

Ҳолу рӯзе, ки равонпизишкону равоншиносони имрӯза аз он ба унвони афсурдагӣ ёд мекунанд, мо барои шумо ҳафт гоми пешниҳодедорем, то агар чунин ҳолате доред, бо кумаки гирифтан аз онҳо дубора шодиву нишотро ба зиндагии худ баргардонед. Нукоте, ки Фарида Мирзоӣ, равоншиноси иронӣ онҳоро ин гуна унвон мекунад.
 
Қадами нахуст. Корҳои такрорӣ накунед.
Такрорӣ будани корҳое, ки ҳар рӯз анҷом медиҳед, шояд нахустин далел барои мубтало шудан ба ин ҳолат бошад. Ин ки сари соати муайяне бедор шавем, корҳоеро дирӯз, ҳафтаи гузашта ва моҳҳои гузашта онҳоро анҷом додаем. Илова бар ин надоштани барномаи мушаххасе барои рӯзҳои ҳафта ва ҳатто соатҳои як рӯз метавонад далел барои пайдо шудани афсурдагӣ дар организми инсон шавад. Ин ки субҳҳо чун бедор шудем ва бидуни камтарин тағйире ҳамон фаъолиятҳои такрории ҳамарӯза ба ёд расидан, ин қадар касалкунанда ва холӣ аз ҳаяҷон аст, ки шояд ҷойе барои лабханд задан ба зиндагӣ боқӣ нагузорад. Мондан дар хона барои рӯзҳои дароз ва надоштани робита ба ҷомеа ва афроди хориҷ аз хона ҳам метавонад далели гирифторӣ ба афсурдагӣ бошад.
 
(Идома дорад)
Таҳияи С. Мирзо

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода