Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Хушконидани мева дар Муъминобод


Хушконидани мева дар Муъминобод




Қабул ва роҳандозӣ гардидани барномаҳои давлатӣ дар самти васеъ намудани майдони боғу токзор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самар овард ва сол ба сол истеҳсоли маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.

Соли ҷорӣ бо мусоид омадани обу ҳаво дар боғу токзори ноҳияҳои кӯҳистони кишвар дарахтон ҳосили хуб бастаанд ва кишоварзон бо соҳибкорон баҳри беталаф ҷамъоварӣ ва содирот намудани маҳсулот ба хориҷи кишвар ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Дар ноҳияи Муъминобод соҳибкорон баҳри беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили себу нок ва дигар намуди меваҷот бо хоҷагиҳо шартнома баста, барои ба содирот равона кардани он фаъолият намуда истодаанд. Гуфта мешавад, ки дар хориҷи мамлакат талабот ба меваи хушки Тоҷикистон зиёд аст ва соҳибкорон кӯшиш менамоянд дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, меваи хушкро ба таври муосир банду баст намуда, содирот кунанд.
 
Ин тадбир ҳавасмандии боғдоронро зиёд намудааст ва онҳо имкон доранд ҳосили боғашонро пурра ба савдо бароварда, фоидаи хуб ба даст оранд. Аз ҷониби дигар, сокинон дар хушконидани мева ҷалб гардида, соҳиби ҷойи кори мавсимӣ мешаванд. Соҳибкор Нодирхон Сафаров давоми 10 рӯзи оғози мавсим бо шариконаш тавонистанд дар ноҳияи Муъминобод беш аз 20 тонна меваро ба таври табиӣ хушконанд. Онҳо кӯшиш доранд, ки фаъолияташонро идома дода, дар беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсолаи боғҳои ноҳия саҳм гузоранд ва содироти маҳсулотро аз қаламрави ноҳия афзоиш диҳанд. Айни замон меваҳои хушконидаро ба вилояти Суғд интиқол медиҳанд ва баъди коркарду банду баст ба Федератсияи Россия ва Беларусияву дигар давлатҳо содирот карда мешавад.

Ш.Сафарзода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода