Дар як сатр
» » Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

13-07-2015, 19:18

Натиҷагирӣ аз паҳлӯҳои мусбату манфии иқтисодию иҷтимоии вилоят тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ахиран дар ҷамъи масъулон ва фаъолони вилоят сурат гирифт.

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Қурбонбой Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад кард. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки бо шарофати меҳнати садоқатмандонаи мардуми вилоят пешрафти босуботи иқтисодиёт, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ таъмин гардид. Ва бо андешидани як қатор чораҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109,1 фисад таъмин гардида, ба буҷет 346,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

- Аммо, - гуфт ӯ, - боиси нигаронист, ки иҷрои нақшаи шашмоҳаро ноҳияҳои А. Ҷомӣ ва Фархор таъмин карда натавонистанд. Ноҳияҳои Қубодиён, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон ва Темурмалик нақшаро бо дермонии 4-5-рӯза иҷро намуда, илова бар ин, ба иҷрои сифатноки андозҳо аҳамияти ҷиддӣ надода, иҷрои нақшаи андозро мунтазам бо кашолкорӣ таъмин мекарданд. Ин дар ҳолест, ки манбаъҳои андоз дар ноҳияҳои болозикр мавҷуд аст ва иҷрои нақша фақат масъулиятнокӣ, кордонӣ ва коргузории роҳбарон ва масъулиниро тақозо мекунад. Зиёда аз ин, дар ин давра 517 қарори маҷбуран ситонидани андозҳоро қабул намуда, иҷрои 231 қарорро таъмин намуданд, ки 45 фисадро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 15,8 миллион сомонӣ ворид гардид. Новобаста аз ин, иҷрои қарорҳои қабулгардида на дар ҳама нозиротҳои андоз ба талабот ҷавобгӯ аст. Масалан, дар ноҳияҳои Н. Хусрав 19 фоиз, Ёвон - 29, Вахш - 48, Темурмалик - 50, Кӯлоб - 64, Восеъ ва Балҷувон 73 фоизи қарорҳои қабулнамударо таъмин намуданду халос.

Бо дахл ба масъалаи хоҷагиҳои деҳқонии андозгурез муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки аз 61,9 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ 11,7 ҳазори он то ҳол бидуни бақайдгирии андоз дар ноҳияҳои Вахш, Ҷ. Румӣ, Муъминобод, Шӯрообод, Восеъ, Ховалинг, Панҷ, М. С. А. Ҳамадонӣ ва Ёвон фаъолият доранд.

Ба андешаи мавсуф, иҷрои барномаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ низ дар давраи сипаришуда дар вилоят ба талабот ҷавобгӯ нест. «Соли ҷорӣ мебоист, ки 227 оила аз шаҳру ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Ёвон, Вахш, Бохтар, Шӯрообод, Масчоҳи Кӯҳӣ ва Айнӣ ҳамчун муҳоҷирони ихтиёрӣ ба ноҳияҳои Хуросон, Қумсангир, Ҷиликӯл ва Шаҳритус фиристода мешуд. Аммо ҳамагӣ 125 оила аз ноҳияҳои Хуросон, Ҷ. Румӣ ва Ёвон дар ҳудуди ноҳияҳои худ ва аз ноҳияи Бохтар бошад, ба ноҳияи Ҷиликӯл фиристода шуда, иҷрои супориш дар ноҳияҳои Вахш ва Шӯрообод таъмин карда нашуда, таъминоти муҳоҷирон бо оби нӯшокӣ ва алалхусус бо оби полезӣ нокифоя мебошад. Инчунин, аз 175 оилаи муҳоҷирони экологии минтақаҳои зери хавфи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Муъминобод, Қубодиён, Шаҳритус, Норак, Ёвон, Вахш, Данғара, А. Ҷомӣ, Темурмалик, Шӯрообод, М. С. А. Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Хуросон ва Ҷиликӯл ҳамагӣ 43 оила ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шудаанду халос», - афзуд ӯ.

Гуфта шуд, ки дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ омилҳои берунаи иқтисодӣ ба фаъолияти бонкҳо таъсири манфӣ расонида, нишондиҳандаҳои қарздиҳии бонкӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 77 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. «Аз тарафи бонкҳои вилоят ба маблағи 588 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шуд, ки 44 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ 34 фоиз ба соҳаи саноату сохтмон ва 22 фоиз ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ рост меояд. Боиси нигаронист, ки дар шароити имрӯза фаъолнокии ташкилотҳои навтаъсиси қарздиҳии хурд: «Аксесбонк», «Спитаменбонк», «Ҳумо», «Эсхата» ва «Амонатбонк» ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ҳакимзода бо ёдоварӣ аз камбудиҳои дигар тазаккур дод, ки маблағи ҳисобшудаи истифодаи нерӯи барқ ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 2 миллиону 889, 6 ҳазор сомонӣ расида, ҳамагӣ 720,4 ҳазор сомонии он пардохт гардидаст, ки ин ба ҳисоби миёна 25 фоизро ташкил медиҳад; дар 6 моҳи соли равон аз 525 корхонаи саноатӣ 127-тояш фаъолият накарда, 75 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам карданд; аз 127 корхонаи фаъолиятнакарда 62-тояш мавсимӣ буда, боқимондааш ё бинобар вазъи ногувори молиявӣ фаъолият накардааст ё фаъолият кардаю ба мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод накардаанд, вале нисбаташон аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ тадбир андешида нашудааст; таҳлилҳо нишон медиҳад, ки фаъолияти бештари корхонаҳои хусусигардонидашуда ба талабот ҷавобгӯ набуда, соҳибмулкон барои ба танзим даровардани онҳо тадбир намеандешанд; теъдоди ҷавононе, ки ба сафи ҷангиёни ба ном исломӣ пайвастаанд, аз вилояти Хатлон ба 114 нафар расидааст, ки аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Норак, М. С. А. Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Қабодиён, Муъминобод, Балҷувон, Шӯрообод, Фархор, А. Ҷомӣ ва Ҷ. Румӣ мебошанд.

Д. Гулмаҳмадзода, раиси вилоят, дар ҳошияи маърӯзаи болозикр чунин гуфт: «Ташаккур ба тамоми кишоварзон, ки дар моҳи шарифи рамазон дастархони мардумро пур аз меваю сабзавоти тару тоза кардаанд. Лекин дар баробари ин баъзе проблемаҳои ҷиддие низ ҳаст, ки бояд рафъ шаванд.

Яке аз омилҳое, ки ба беқурбшавии асъори миллӣ оварда мерасонад, ин дуруст ба роҳ монда нашудани содироти маҳсулот мебошад. Фақат кисаи худро фикр мекунем ва парвои давлат надорем. Агар чунин нест, пас, чаро тибқи ҳисоботи оморӣ 37-40 ҳазор тонна, гумрук - 70 ҳазор тонна ва мутобиқи ҳисоби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 85 ҳазор тонна маҳсулот содирот шудааст? Яъне фарқият ё нобаробарии рақамҳо калон аст. Танҳо деҳқонони қумсангирӣ 43 ҳазор тонна пиёз содирот кардаанд, ки аз ин 19 ҳазор тоннааш дар ҳисоботи оморӣ дарҷ шудааст халос. Сабаби асосӣ дар он аст, ки маҳсулоти кишоварзии тавассути қатораҳои роҳи оҳани вилояти Суғд аз Хатлон ба хориҷи кишвар содирмешуда дар идораҳои омори мо ҳисобу китоби аниқ карда намешавад. Ба вилояти Суғд меваи хушк содирот кардем, вале ягон кас ҳисобу китоби аниқи онро надорад. Аз як худи ноҳияи Восеъ 58 тонна зардолуи қоқ содирот карда шуд. Лекин дар маълумоти оморӣ ҳамагӣ 70 тонна меваи тар пешниҳод шудааст. Агар мо 58-ро ба 5 зарб занем, наздик ба 300 тонна меваи тар мешавад».

Дар интиҳои калом Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилоят, таъкид кард, ки агар мо иқтидори иқтисодии вилоятро ҳисобу китоб накунем, надонем, ки чӣ қадар маҳсулот истеҳсол карда метавонем, даромаднокии мардум ва сатҳи камбизоатиро дақиқ муайян карда наметавонем. «Дар маҳалҳо мутахассисони омор, раисони ҷамоатҳо машғули коранд. Вале ғайр аз заминтақсимкунию баъзе проблемаҳои дигар ягон кор намекунанд. Истеҳсол ҳаст, аммо ҳисобу китоби аниқ нест. Ин тарзи корбарӣ ба фоидаи давлат нест. Ин тарзи корбариро ҳарчи тезтар мебояд тағйир дод», - зам кард раиси вилоят.

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Барои ободии Тоҷикистон заҳмати бештар мебояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Сиёсат, Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат