Дар як сатр
» » Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)

13-07-2015, 19:08

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октябри соли 2014 ба фаъолият шурӯъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор мекунанд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардидаро меомӯзонанд. Тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.

Бояд гуфт, ки бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ буда, барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм шурӯъ шуда, дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва расондани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Хизмат кунӣ, ба қадри падару модар мерасӣ!

Хизмат кунӣ, ба қадри падару модар мерасӣ!

Ҷавонон ва варзиш, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА