Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Аз фаъолият бозмондани 7 корхона дар Шаҳритус


Аз фаъолият бозмондани 7 корхона дар Шаҳритус



Аз 24 корхонаи истеҳсолию саноатии ноҳияи Шаҳритус давоми нимаи якуми соли ҷорӣ 7 ададаш аз фаъолият бозмондааст.

Тавре ки раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор дар нишасти матбуотиаш иттилоъ дод, ҶДММ “Фазлиддин”, ҶДММ “Ҳоҷӣ Қадриддин”, ҶСШП “САНОЕ АСВА Инк.”, ҶДММ “Парвиз истеҳсол”, ҶДММ “Мурғи шоҳ”, “Рушди парандапарварӣ”, ҶДММ “Сияҳфарқ” бо сабабҳои мухталиф имсол истеҳсолот надоштанд.
 
Гуфта шуд, ки нимаи якуми сол дар ноҳияи Шаҳритус ба маблағи умумии 73 миллиону 594 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 4 миллиону 851 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода