Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён


Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён



Ранҷиш
Бӯрӣ солҳои зиёд дар матбуот фаъолият дошт. Аз рӯзи аввали таъсиси рӯзномаи “Хатлон” ба ин ҷо ба кор омад. Зинаи камолоти ӯ то вазифаи мудири шуъба расид. Бо ҳамин, гӯё ба мансаби болотарро ишғол кардан нуқтаи калон гузошта шуд. Бӯрӣ бошад, каме мансабталошнамо, ки буд, бисёр асабонӣ гардида, ба худ суол медод: “Чаро маро ба мансаби болотар таъйин намекунанд, охир ба ин арзандаам-ку?!”. Вале, суолҳояш ҳамоно беҷавоб мемонданд. Ҳатто борҳо назди муҳаррир даромада, кадри арзанда будани худро бо даҳҳо далел мефаҳмонид ва боварибахш мегуфт, ки аз уҳдаи ҳама кори рӯзноманигорӣ мебарояд. Муҳаррир “Мебинем, маслиҳат мекунем!” гӯён кӯтоҳ ҷавоб медод, вале чорае намедид. Зеро муҳаррир хуб медонист, ки вазифаи аз ин болотарро уҳда карда
наметавонад.
 
Ҳамин тавр, рӯзу моҳҳо сипарӣ мешуд, аммо ҳеҷ не ки дар ҳаёти рӯзноманигории Бӯрӣ тағйироте рӯй диҳад. “Ҳама ҷо ошнобозию тағодорӣ шуда, касе ба қадри мутахассиси кабӣ намерасад”, гӯён Бӯрӣ худро таскин медод.
 
Бо гузашти вақт котиби масъули рӯзнома ба вазифаи болотар рафту ҷойи ӯ холӣ монд. Бӯрӣ барои ишғоли ин вазифа нақша мекашид. “Ҳа, ёфтам, ёфтам”, гӯён бо як хурсандии ба худаш хос аз ҷой хеста, назди Абдувалӣ рафт. Абдувалӣ мухбири махсус дар назди муҳаррир (ҳарчанд чунин воҳиди корӣ набуд) таъйин шуд. Кормандон “одами муҳаррир” гӯён бо Абдувалӣ бо эҳтиёт муносибату муошират мекарданд. Барои Бӯрӣ ӯ, ба қавле, омади кор буд. Акнун ӯро миёнарав карда соҳиби вазифа мешавад. Бӯрӣ бо ҳамин мақсад Абдувалиро ба тарабхона, ба зиёфат даъват намуд.
 
-Акои Бӯрӣ, зиёфат ба кадом хотир бошад? - ҳайратзада пурсид Абдувалӣ (Бӯрӣ шахси бисёр хасис буд ва ин дасткушодии ӯ боиси тааҷҷуб гардид).
 
-Ман наметавонам дӯстамро ба як пиёла чой даъват кунам?-суоломез гуфт Бӯрӣ.
 
-Метавонед, вале...
 
-Ягон баҳона қабул намешавад, ҳарду суҳбати дӯстона карда, хастагиро мебарорем,-фаҳмонд Бӯрӣ.
 
Онҳо ба тарабхона рафтанд. Бӯрӣ зиёфати “зӯр” дод. Ва дар рафти суҳбат ӯ аз Абдувалӣ пурсид: “Муносибати шумо бо муаллим (муҳаррир) хуб аст-а? Охир барои ӯ одами худиед-ку?!” Ин суол тарошаи аз бом афтодаромемонд. “О, фалокате, ту беҳуда харҷ намекунӣ”, аз дил гузаронд Абдувалӣ ва ба Бӯрӣ рӯ оварда гуфт: “Ҳа, ҳамин тавр аст”.
 
-Бародари азиз, як хизмат мекардӣ.
 
-Майлаш!-розӣ шуд Абдувалӣ.
 
-Худ шоҳидӣ, солҳои зиёд дар матбуот, аз ҷумла дар рӯзномаи “Хатлон” кор мекунаму ягон вазифаи хуб надорам. Ҳоло вазифаи котиби масъул холӣ шудааст, ба муҳаррир як гӯшрас мекардӣ, маро ба ин вазифа таъйин мекарданд...
 
-Ростӣ гап, барои ин масъала гапам ба муҳаррир намегузарад,-гуфт Абдувалӣ.
 
-Чӣ тавр? Охир барои муаллим ту одами худӣ ҳастӣ-ку!?-бо ситеза гуфт Бӯрӣ.- Ҳайфи зиёфати додаам.
 
-Пеш аз зиёфат мақсадро мефаҳмондӣ, маслиҳат медодам.
 
-Боз чӣ хел маслиҳат?
 
-Масалан, дар ин хел корҳо гапи Ғуломҷон ба муҳаррир мегузарад.
 
-Наход?-бо умед суол кард Бӯрӣ ва ҷавоби онро нашунида, бо пешхизмат ҳисобӣ карда, шитобон аз тарабхона баромада рафт.
 
Абдувалӣ рӯзи дигар Ғуломро аз асли воқеа бохабар кард: “Бӯрӣ туро ин бегоҳ ба зиёфат мебарад, чизе нагуфта розӣ шав”. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бӯрӣ бо як баҳонае Ғуломро аз идора бароварда, роҳи тарабхонаро пеш гирифтанд. Боз зиёфати калону нӯшбод гуфтану қадаҳбардорӣ. Сарҳо гарм шудану суҳбати дӯстон авҷ гирифт. Бӯрӣ ба сари мақсад омад.
 
-Ғуломҷон, вазифаи котиби масъулро гирифта те, якумр дар хизматат мешавам.
 
-Пагоҳ бо муҳаррир маслиҳат мекунам!-дилпурона гуфт Ғулом ва онҳо хушҳолона аз тарабхона баромаданд...
 
Рӯзи дигар Ғулом назди муҳаррир даромад. Онҳо чӣ гуфтанду дар кадом хусус гуфтанд, танҳо ба худи онҳо маълум аст. Вале Ғулом аз назди муҳаррир баромада, ба Бӯрӣ гуфт, ки масъала напухт. Дирӯз обком ба ин вазифа кадри худро таъйин кардааст.
... Тарбуз аз бағали Бӯрӣ афтод. “Ҳайфи зиёфатҳоям!”-гӯён ӯ пушаймонӣ мекард.
(Идома дорад)
С. АТТОР,

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода