Дар як сатр
» » Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

9-07-2015, 07:59

Сафари ҳунарӣ ба водии РаштГурӯҳи ҳунарпешагони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо асари саҳнавии «Зангири ё дамгирӣ»-и Султон Сафар дар таҳияи Қ. Шукуров бахшида ба ифтихори 18-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафари ҳунарӣ доштанд.

Гурӯҳи ҳунариро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев роҳбарӣ мекард ва баромади ҳунарпешагонро бо «Шӯхиҳои Аловуддин» пурра менамуд. Ба қавли роҳбари театр Аловуддин Абдуллоев, мақсади асосии сафари ҳунарӣ боз ҳам тарғибу мустаҳкамтар намудани ваҳдати мардуми минтақаҳои Тоҷикистони азиз, таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият буд.

Ҳунарнамоии нақшофаронро дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, шаҳраки Обигарм, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара мардум хеле гарм пешвоз гирифтанд ва тамошо карданд. Ҳунарнамоӣ дар Тоҷикобод дар варзишгоҳ гузашт, ки дар он зиёда аз 4 ҳазор тамошобин ҷамъ омад. Дар маркази Рашт ҳам ҷамъомади калону пуршукӯҳ ташкил намуданд.
Дар ноҳияи Ҷиргатол баромади ҳунармандони театр ҳамроҳ бо иштирокчиёни пайроҳаи автомобилии ҷавонон - «Роҳи Ваҳдат» дар варзишгоҳи марказии ноҳия хеле хуб ва дар фазои тантанавӣ доир гардид. Дар ноҳияи Тавилдара ҳунарнамоӣ чун ҷамъомади хотимавӣ идона ва хотирмон гузашт.

Дар ҳама ҷое, ки гурӯҳи ҳунармандон баромад карданд, аз ҷониби роҳбарияти ноҳияву шаҳракҳо шароити мувофиқ омода карда шуд. Худи роҳбарон низ дар тамошои намоишнома ширкат варзиданд. Баъди анҷоми намоиш чӣ роҳбарон ва чӣ мардуми оддӣ шукри ваҳдату суботи кишвар, ободкорию созандагиҳо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мекарданд.

Ҳунарпешаҳои ҳалқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева ва ҳунарпешагон Убайдулло Саидов, Қурбонмуҳаммад Шукуров, Ҷамила Юсуфова аз пешвозгирии самимона, дастурхони пурнозу неъмат кушодану меҳмондориҳои мардуми минтақаи Раштонзамин хеле қаноатманду хурсанд шуда, ба мардум ва роҳбарони онҳо Миралӣ Раҷабзода, раиси ноҳияи Файзобод, Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Роғун, Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ, раиси ноҳияи Рашт, Умедхоҷаи Зоир, раиси ноҳияи Ҷиргатол, Ҳиммати Ғайрат, раиси ноҳияи Тавилдара, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, раиси ноҳияи Нуробод, Ҳусейн Ализода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, изҳори миннатдорӣ мекунанд ва дар мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ, ободкориҳои онҳо дар минтақаи худ, ки як гӯшаи сабзи Тоҷикистон аст, барор мехоҳанд.

Роҳбари театр Аловуддин Абдуллоев мегӯяд, ки аҳли ҳунар шоҳиди он буданд, ки мардуми Раштонзамин чун тамоми мардуми Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдати саросарӣ арҷ мегузоранд, онро таҳким мебахшанд ва чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ медоранд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон

Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо