Дар як сатр
» » Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

9-07-2015, 07:47

Дар Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят мулоқоти раиси генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина баргузор гардид.

Ҳуқуқи корманд дар мадди аввал

Нахуст чорабиниро раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар ҷамъомади имрӯза раисони кумитаҳои соҳавии Иттифоқҳои касабаи вилоят, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат доранд. Сипас, Салимзода Шерхон Одина сухан намуда, таъкид дошт, ки вазифаи имрӯзаи Иттифоқҳои касаба, пеш аз ҳама, ғамҳориҳо дар ҳаққи заҳматкашон ва аҳли оилаи онҳо мебошад. Яъне, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳар як корманд бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Ҳифзи ҳуқуқ, бехатарии меҳнат ва беҳдошти экологӣ яке аз масъалаҳои умдае мебошад, ки масъулини Иттифоқҳои касабаро бояд бетараф нагузоранд. Зимни суханронӣ Салимзода Шерхон Одина изҳор дошт, ки ҳар як аъзои Иттифоқи касаба бояд дар мубориза бо экстремизм дар канор набошад. Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як фарди бонангу номусро водор месозад, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва арзишҳои Ваҳдати миллӣ дар канор набошад. Барои рӯ наовардани ҷавонон ба равияҳои тундгароӣ ва ифротӣ, мубориза ба муқобили коррупсия, терроризм, экстремизм бояд бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, дар қалби ҷавонону наврасон рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ҳимояи арзишҳои ваҳдати миллиро ҷо намоем. Танҳо дар он сурат мо метавонем ба дастовардҳои нав ба нави иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардем.

Ҳамин тавр, номбурда зимни вохӯрӣ Қарори Шӯрои Генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро аз 26 июни соли 2015 дар бораи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ёдрас гардид. Аз ҷумла, дар Қарори мазкур чунин омадааст: «Дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму ойин ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғот ва қабули фарҳанги номатлуби бегона таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ» мароми мост», ба роҳбарӣ ва иҷроиш гирифта шавад.

Ҳамчунин, дар қарори мазкур оид ба дигар самтҳои фаъолияти Иттифоқи касаба таъкид гардидааст. Салимзода Шерхон Одина масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки фаъолияти хешро аз ҳаррӯза дида, беҳтару хубтар ба роҳ монанд ва баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои ниҳоӣ тадбир андешанд.

Мадина ҚУРБОНОВА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

13 рӯзи истироҳат дар моҳи март

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
27-29 июн - се рӯзи таътил

27-29 июн - се рӯзи таътил

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА