Дар як сатр
» » Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

10-07-2015, 17:35

Ситоди навбатии зимистонгузаронӣ доир гардид. Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон раисони ситодҳои шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои марбута ширкат варзиданд.

Омодагӣ ба зимистон хуб нестЧорабиниро муовини раиси вилоят Абдуҷаббор Баҳодурзода ҳусни оғоз бахшид. ӯ иброз дошт, ки ҳар сол бо мақсади таъмини саривақтӣ ва омодасозии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба мавсими тирамоҳу замистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб мерасад. Соли равон низ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрел «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу замистони солҳои 2015-2016» ба имзо расида, мутобиқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадор гардиданд, ки нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, корҳои омодагиро дар ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, мелиоратсия, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ба анҷом расонида, фаъолияти мунтазами онҳоро дар мавсими тирамоҳу замистон таъмин намоянд.

Чуноне муовини раиси вилоят таъкид дошт, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2015 қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ ташкил гардида, дар он нақшаи чорабиниҳои дурнамои захираи маводҳои зарурии соҳаҳо оид ба омодасозии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва мавсими дарпешистода тасдиқ гардид.
Чуноне ки дар ҷаласа зикр гардид, маблағҳои буҷетӣ барои хариди ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ дар соҳаи маориф 103 фисад иҷро шуда бошад ҳам, дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Хуросон, Норак, Панҷ 78-90-фисадӣ аз худ карда шудаасту халос. Чунин вазъият дар риштаи тандурустии вилоят низ дар ноҳияҳои Қумсангир, Панҷ ва шаҳри Норак ба чашм мерасанд. Фасли сармои соли сипаригардида дар ноҳияҳои Панҷ, А. Ҷомӣ, Ҷ. Румӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Восеъ, Муъминобод, Шӯрообод ва Носири Хусрав нақшаи захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелиро сари вақт таъмин накарданд. Дар баъзе ноҳияҳои номбурда шишабандӣ низ дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашуда буд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соҳаи кишоварзии вилоят низ соли гузашта таъмири ферма, кашар ва мурғхонаҳо дуруст ба роҳ монда нашуда буд. Аз ҷумла дар ноҳияҳои Вахш, Ҷиликӯл, Восеъ 2-ададӣ ферма ва кашар таъмир нашуда буд. Захираи хошоки ширадор 75,8 фисад таъмин гардида буду халос. Гарчанде ки барои замистонгузаронии солҳои 2014-2015 аз ҷониби Ҷамъияти матлуботи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо 3613 тонна сабзавот, аз ҷумла 3214 тонна пиёз, 3409 тонна картошка, 4087 тонна ангиштсанг захира шуда бошад ҳам, мутаассифона, шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Ҷ.Румӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва Балҷувон нақшаи захираи пиёзро ва ноҳияҳои Қумсангир, Ёвон, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб захираи ангиштро ба пуррагӣ таъмин накарданд. Қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят анборҳои нигоҳдории маҳсулот вуҷуд надорад, ки ин боиси коста гардидани омодагӣ ва захираи маҳсулоти хӯрокворӣ дар фасли сармо гардида буд.

Аз суханронии муовини раиси вилоят равшан гардид, ки таъмири бомҳо дар ноҳияҳои Фархор, шаҳри Кӯлоб, Н. Хусрав, Ҷ. Румӣ 50-78 фисад дар ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, умуман иҷро нагардидааст. Яке аз масъалаҳое, ки зимни ҷаласаи Ситоди вилоят зикраш рафт, нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои нақлиётии шаҳру ноҳияҳо ба шумор меравад. Соли гузашта маблағгузорӣ барои таъмири роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Ҷиликӯл, Бохтар, Вахш, Қумсангир, Панҷ Қубодиён, Н. Хусрав, Шаҳритус, Ҷ. Румӣ ва Муъминобод хуб ба роҳ монда шуда буд. Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Шӯрообод ва Балҷувон оид ба иҷроиши корҳои нигоҳдорӣ ва таъмири асосии роҳҳо, ҳамкории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳо бо соҳибкорон ва аҳолӣ дар таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллии ҳудудҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ корро суст ба роҳ мондаанд.

Ҳарчанд нақшаи азхудкунии маблағҳо ба миқдори 128,9 фисад иҷро гардида бошад ҳам, дар кору фаъолияти муассисаҳои зертобеи идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб камбудию норасоиҳо ба чашм расид. Дар баъзе ноҳияҳо роҳҳои маҳаллие вуҷуд доранд, ки тамоман ба талабот ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ нестанд. Дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар мувозинаи муассисаҳои роҳнигоҳдории шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳастанд, 20686 адад аломати роҳ намерасад, бар замми ин, то ҳанӯз коршоямии техникии механизмҳо нигароникунанда аст. Аз 204 адад техникаю механизмҳои муассисаҳои марбута 56 ададаш дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад.

Тавре ки дар Ситод зикр гардид, санҷишҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муқаррар намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 1079679,95 сомонӣ зарари моливӣ дар барзиёдии нархи хариди ангишт ба чашм мерасад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа 55836, 95 сомонӣ, Норак 10794 сомонӣ, Қубодиён 165878 сомонӣ, Қумсангир 114544 сомонӣ, Бохтар 217672 сомонӣ, Вахш 115544 сомонӣ, Ёвон 67553 сомонӣ, Хуросон 27088 сомонӣ, А. Ҷомӣ 137504 сомониро дар бар мегирад.

Тибқи супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои изофаи нархи хариди ангишт, бояд барқарор карда шавад. Аз рафти ҷаласаи Ситоди вилоятӣ равшан гардид, ки дар маъракаи замистонгузаронии солҳои 2014-2015 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят камбудиҳои ҷиддӣ ба чашм расидааст. Аз ин рӯ, муовини раиси вилоят Абдуҷаббор Баҳодурзода масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф намуд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд, кӯшиш ба харҷ баранд, ки соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба фаслҳои тирамоҳу замистони солҳои 2015-2016 омодагии ҳамаҷониба гиранд.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Як ҳафта муҳлат – барои ислоҳи камбудиҳо

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ