Дар як сатр
» » Пайғоме аз қалби шогирдон

Пайғоме аз қалби шогирдон

1-01-2015, 15:45

Пайғоме аз қалби шогирдонБа устод Муқим Абдураҳмонов, ки бисёр рӯзноманигорон аз ӯ сабақи кору зиндагӣ омӯхтанд.

Аз он рӯзе, ки худро шинохт, бипайваст ба рӯзнома. Тамоми умри хешро сарфи пешаи қаламкашӣ кард ва имрӯз низ раҳнаварди ҳамин роҳи пуразоб аст. Медидему мехондем мақолаҳояш, очерку ҳикояҳояшро, гоҳе дар «Садои мардум», гоҳе дар «Паёми андоз» ва рӯзномаю маҷаллаҳои дигар. Шунидем, ки боз чандин мусҳафоти нав омода кардааст ба чоп аз таълифоти худ. Резаборон бод қатраҳои хомааш, хомаи рангинбаёну мафтунгараш.

Ранҷбар аст ӯ, ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо. Солиёни дароз ранҷ бурду саҳифаҳо рангин кард, заҳмат кашиду шогирдон ба камол расонд. Ҳар доим мегуфт, ки пешаи рӯзноманигорӣ сангину вазнин аст, на ҳар кас метавонад ин бори гаронро ба дӯш бигираду ба ҷое расонад. Муҳаққиқон муайян кардаанд душвории ин ҷодаро ва сахттар донистаанд азоби онро аз душвории кори нақбкан. Боз мегуфт, ки рӯзнома номаи рӯз аст. Вале дар асл таърих аст. Бино бар ин даҳ бор мехонду боз ба муаллиф бармегардонд як мақоларо. Мехонду қалам мезад, таҳрир мекарду маслиҳат медод.

Агар писандаш наояд, менавишт андешаю мулоҳизоташро дар чанд варақ, зиёдтару беҳтар аз нигориши муаллиф.

Таҳрирро медиду ҳайрон мешуд хабарнигор. Беҳтару хубтар медонад муҳаррир мавзӯи интихобкардаи ӯро. Басе ботаҳаммул мехонд ҳар сатри иншокардаи ҳар эҷодкорро. Борҳо шоҳид будем оне, ки напазируфт дастури ӯро, наёфт хонандаи хешу гум кард раҳу равиши эҷод. Ҳамеша таъкидамон мекард. Шумо хабарнигореду фаъолият доред дар рӯзнома ва ҳамарӯза аст ин нашрия. Ҳар рӯз бояд навишт ва хуб бояд навишт, набояд интизор бошед илҳомро, воҷиб аст, ки илҳом дар ихтиёри шумову интизори қалами шумо бошад. Душвории кори рӯзнома низ дар ҳамин аст. Илҳом меояд ё не, ҳатман бояд навишт, таъҷилан бояд навишт. Ва холисонаю ҳақбинона, нишонрасу таъсирбахш мебояд навишт.

Ҳар маслиҳаташро мешунидему дар ҳайрат мемондем бештар ва суол мекардем аз якдигар. Аз куҷо медонад ин ҳамаро ӯ? Пасонтар ёфтем посух ба суоламон. Аз овони мактабхонӣ сару коре, иртиботе доштааст бо рӯзнома ва аснои кору фаъолият гузаштааст ҳама зинаҳои онро. Мусаҳҳеҳ будааст дар рӯзномаи шаҳри Исфара дар ибтидо ва сипас чандин кору вазифаҳои гуногун, то расидан ба муҳарририи «Комсомоли Тоҷикистон». Ҳоло мегӯем сардабиру сармуҳаррир. Он солҳо танҳо муҳаррир меномидем ин мақомро. Ва осон набуд ба ин мартаба расидан он айём. Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, он дастгоҳи муқтадир медиду меомӯхту месанҷид ва онгаҳ таъин мекард аз чанд нафар якеро ба ин вазифа. Боз ба он вазифае, ки масъулияти сардори нашрияи кумитаи марказии комсомол бар он аст. Комсомол ҷойгиру вориси Ҳизби Коммунист маҳсуб меёфт. Чӣ мазмуну мундариҷае дошт он замон рӯзномаи ҷавонон. Қазовати ин қазияро ба ҳукми хонандагон вомегузорем. Як нуктаи дигарро таъкид мекунем, ки дар фосилаи байни «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» мактаби Олии ҳизбиро ба хатм расонду дар рӯзномаи бонуфузи он солҳо «Тоҷикистони советӣ» ифои вазифаҳои мухталиф намуд.

Вақте муҳаррири «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таъинаш карданд, ки худи рӯзнома ҳанӯз вуҷуд надошт. Соли 1978 вилояти Қӯрғонтеппа таъсис ёфту мебоист рӯзномааш низ арзи вуҷуд намояд. Гуфтанду фармуданд Муқим Абдураҳмоновро аз боло. Таҷриба дорӣ, донишу малака низ, меравӣ ба Қӯрғонтеппа ва созмон медиҳию ба сомон меоварӣ нашрияи кумитаи ҳизби вилоятро. Қудрат надошт касе рад кунад амри ҳизбро. Сарбози ҳизб меномиданд ҳар нафар шомилашро. Ва омад ба Қӯрғонтеппа. Омаду ба ҷустуҷӯ даромад. Ҷустуҷӯи ҷою макону манзил не, суроғаи қаламкашони рӯзноманигорро. Меҷусту мепурсид рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявиро, даъват менамуд қаламбадастонро. Даъват мекарду мефармуд нависанд чанд хабару мақолае доир ба мавзӯе. Худ интихоб менамуду пешниҳод мекард мавзӯъро. Қабул мекард онҳоеро, ки мегузаштанд аз имтиҳонаш. Идораи рӯзнома буд ҷойи кору заҳматаш, манзили хобу роҳаташ. Зиндагии донишҷӯёна мебурд ба сар, рӯзгори муҷаррадона дошт. Аҳли байт, ҳамсару фарзандон дар Душанбе мезистанду ӯ дар идораи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа». Ба ин сурат таъсис дод нашрияро ва гирд овард як дастаи аз тамоми вилоят гулчиншудаи қаламкашонро. Ба табъ расиду ба хонандагон, шумораи аввалин ва ибтидо гузошт он ба пайдоиши як мактаби такмили маҳорати рӯзномагирон, як маҳфили ҷилобахшандаи қалами эҷодкорон.

Муҳаррири рӯзнома Муқим Абдураҳмонов худ як мактаби кору ҳаётомӯзӣ буд барои ҳама. Аз нахустин рӯзҳои роҳбариаш ба роҳ монду омӯзонд ҳамкоронро. Зарурати гузаронидани машваратҳои эҷодиро, таҳлили ҳаррӯзаи хабару мақолаҳои дар ҳар шумора нашршударо. Навомӯз буданд аксар дар нашрияи вилоятӣ. Намедонистанд баъзеҳо, ки ҳар мавзӯъ ҷою мақоми худро дорад дар саҳифа. Комилан қатъӣ ҳисобида мешуд риояи қоидаҳои тарҳрезӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани маводи нашрия. Тарҳи рӯзнома ҳам як навъ баёнгари сиёсати ҳамонрӯза ҳисобида мешуд. Баъдҳо шикаста шуданд ин қоидаю қолабҳо. Дар он айём аз даҳ тарҳи як саҳифа яктоашро қобили қабул медонист Муқим Абдураҳмонов. Ҳам кормандони котибот ва ҳам ходимону мудирони шуъбаҳо дар аввал мазамматаш мекарданд муҳаррирро барои сахтгириву нуктагириаш. Ва дертар сипосу миннатдорӣ изҳор мекарданд ба ӯ дар миёни худ.

Муддати чаҳордаҳ сол сарварӣ намуд нашрияро. Чун тақозои ҳаёт нокомиҳо низ буданд, шодкомиҳо низ. Борҳо шуда, ки фельетоне, мақолаи танқидие мавриди муҳокима қарор гирифта дар бюрои кумитаи ҳизби вилоят. Гоҳе раҳмат мешуниду гоҳе танбеҳ мегирифт муҳаррир. Мавриде ҳатто ба мурофиаи судӣ мекашиданд рӯзномаро. Мавриде садҳо номаҳои миннатдорӣ меомад ба рӯзнома. Ва бисёр шуда, ки бар асари бесалоҳиятию саҳлангории корманде саҳви дағале роҳ ёфта дар рӯзнома. Ва ҳам шуда, ки танқиду мазаммати бебунёд дарҷ гардида дар нашрия. Дар ин ҳама ҳолатҳо ҳарчанд гунаҳгор дигаронанд, ҷавобгар танҳо муҳаррир буд. Ҳарчанд муҳокимааш мекарданд, мазамматаш менамуданд, танбеҳаш медоданд агар, вале зинҳор дуруштию дағалӣ надошт ба зердастон. Бо ҳамон тамкину оромтабиатии ба худ хос танбеҳ медод ба гунаҳгор ва ончунон собит месохт гуноҳашро, ки хатокарда наметавонист сар боло кунаду эътироз намояд. Бо далелу бурҳони қотеъ, исботи мантиқан қавӣ баён менамуд мулоҳизоташро, дараҷаи ҷавобгарии шахси гунаҳгорро. Ва ҳушдор медод барои ояндааш.

Аснои ҳар машварати эҷодӣ иброз менамуд: барои як варақ мақолаи танқидӣ навиштан бояд даҳ варақ асноду далел дошта бошем. Зинҳор шитоб набояд кард. Аввал бисанҷ, таҳлилу муқоиса намо, биандешу ботаҳаммул бош, чандин маротиба дар тарозуи ақл бигузору баркаш, сипас қалам ба даст бигиру навис мақолаи танқидиро. Бо пурсидани ду ҷониби бо ҳам муқобил қаноат макун, хулоса мабарор. Ҳатман ҷониби сеюмро низ бипурс.

Қатори даҳҳо мактубҳои ҳамарӯза ҷавонмарде шикоят овард ба рӯзнома. Шикоятро шахсан ба муҳаррир супурда гуфт, ки бо назардошти баъзе андешаҳо мактубро ба воситаи почта нафиристода, ба он имзо ҳам нагузоштам. Дар мактуб омада буд,ки хешу ақрабои раиси як хоҷагии ноҳияи Қубодиён замини пахтаро тасарруф карда, дар он ҷо хонаю ҳавлиҷой сохтанианд. Бо ин мақсад аллакай таҳкурсии хонаҳоро гузоштаанд. Муҳаррир санҷиши мактубро ба ходими шуъбаи хоҷагии қишлоқ Ҳусейн Маликов вогузошт то фавран бисанҷад. Мухбир рафту омад ва ҳисобот дод, ки шикоят дуруст аст, далелҳо исботи худро ёфтанд. Дар замине, ки мебояд пахта кишт кунанд, хона сохта истодаанд.

Муҳаррир шуниду пурсид.

-- Ҳамроҳатон суратгир бурда будед?
-- Не!
-- Нодуруст кардед,- бо андеша изҳори таассуф кард муҳаррир. -Бояд суратгирро ҳамроҳ мебурдед ва ҳама он дидаатонро аксбардорӣ мекардед.
-- Ба гувоҳии шоҳидон дид он ҳамаро ва аз ҳар кадоми он баёнот низ гирифт, бо имзоҳояшон санад низ тартиб дод, боз чӣ ҳоҷат ба суратгир, -андешид мухбир.
-- Ба ҳар ҳол суратгир мебуд,хуб мешуд. Кай менависед?
-- Имрӯз ё пагоҳ.

Алов афтид дар дили мухбир. Ташвиши муҳаррир беҳуда нест. Ояндабину дурандеш аст ӯ.

Рӯзи дигар субҳи барвақт боз ба қабули муҳаррир ҳозир шуд ӯ. Ва гуфт, ки лозим меояд бори дигар ба Қубодиён бираваду баъзе далелҳоро саҳеҳтар бисанҷад. Иҷозаташ дод муҳаррир. Чунин буд тарзи роҳбариаш. Ҳаргиз монеъ намегашт сафари хизматии кормандонро. Ва бисёр мавридҳо, бо мошини идора равед мегуфт. Мошини хизматиашро ҳамин хел меномид, таҳаммул мекард аз мошини ман гуфтан.

Мухбир берун омад аз қабулгоҳу пурсон гашт суратгирро. Ва ёфт ӯрову ҳамроҳаш гирифт. Аз Муқим Абдураҳмонов пинҳон дошт ин нияташро, ҳамроҳ гирифтани аксбардорро. Ҳол он ки аз муҳаррир пинҳон доштани сирру асроре ғайриимкон буд. Бо фаросати фитрӣ дармеёфт матлаби ногуфтарову нияти дар замир нуҳуфтаро. Дар сифаташ илова мекарданд ҳамкорон бо шӯхию бо ҷиддият: арзу ниёзатро ба забон наорӣ ҳам, муҳаррир мехонад аз чеҳраю ваҷоҳатат.

Идома медиҳем он қиссаро. Он замон мухбиру суратгир ҳарду рафтанд ба ноҳияи Қубодиён, ба ҷойи воқеа. Рафтанду диданд ҳолро, ангушти ҳайрат газид мухбир. Дар он замине, ки дирӯзакак пойдевору таҳкурсиҳои хеле мустаҳками аз санг сохташуда устувору барҷой буданд, чизе ба назар намерасид. Тахту ҳамвор буд он қитъа ва чигит кошта буданд он ҷо. Ба чашми сар бовар накард. Гумонаш, ки дигар маҳалу дигар қитъа аст он . Не, ҳамон деҳа, ҳамон мардум,ҳамон қитъаи замин буд он. Магар муъҷизае рух дод дар як шаб. Ва дертар огаҳӣ ёфт аз он муъҷиза. Раиси колхоз, ки шахси тавоно ва бонуфузи айём буд, он рӯз бегоҳӣ баъди аз Душанбе баргаштан хабар ёфт аз тафсилоти ба хоҷагиашон омадани мухбирро, санҷидани ӯ мактуби шикоятиро. Амр намуд шабона баркананд ҳама таҳкурсиҳоро. Трактор оварда тахту ҳамвор карданд ва шудгор. Тухмӣ ёфтанду тухмипошак ва шабона пумбадона коштанд дар он замин. Зирактарин мушоҳидакор ҳам наметавонист тахмин кардан, ки рӯзе пеш дар он замин ҳавлиҷой буду таҳкурсии бино. Ва он шоҳидон ҳам, ки гувоҳӣ дода буданд бар дурустии шикоят, рӯзи дигар бар хилофи қазовати аввалаашон инкор намуданд суханҳои гуфтаашонро. Ва низ шикоят бурданд аз болои мухбир, ки гӯё онҳоро фиреб доду имзояшонро гирифт.

Баргашт мухбир, ҳикоят намуд ба муҳаррир он ҳама дидаю шунидаашро. Босаброна, боандеша шунид мухбирро ва мулоҳизаманд суол кард.

-- Ба хаёлатон масъала ҳал шуд ё не ?
-- ?!
-- Китф дар ҳам кашид мухбир. Худ посухи суолаш баён кард.
-- Ҳал шуд. Мақсади шикоят бонги изтироб ва тасарруфи замини пахта ва худсариву хешу таборпарастии раиси хоҷагӣ буд. Замин аз ғосибон гирифта шуд, истифода гардид мувофиқи таъиноташ.

Раиси худсар фаҳмид хатояшро ва дарк намуд, ки ҳарчанд соҳибқудрат аст, вале ҳукми норавояш амалӣ нахоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама сабақи хубе шуд барои Шумо. Минбаъд ҳушёр хоҳед шуд мавриди санҷидани чунин мактубҳо. Акнун кай менависед мақоларо?

-- Масъала ҳал шуд. Оё барои навиштан зарурате ҳаст?
-- беҷуръатонаю суоломез гуфт мухбир.
-- Масъала ҳал шуд, дар он ҷо ҳал шуд, дар дигар ҷойҳо чӣ?
-- Сахт мебояд навишт, то ки сабақ шавад барои дигарон. Ва чоп шуд як мақолаи таъсирбахшу танқидӣ дар саҳифаи якуми рӯзнома бо унвони «Дасти ҳақ болост».

Ҳамин тариқа тарбия мекарду ба камол мерасонд шогирдони қаламкашро Муқим Абдураҳмонов. Он мухбири ҷавон,ки тасвираш кардем дар боло, ҳоло қаламкаши баркамол, муаллифи чандин китоб, сармуҳаррири телевизиони Хатлон Ҳусейн Маликов аст, ки мудом бо сипосу миннатдорӣ ба забон мегирад исми шарифи устодро. Ва ҳамеша меафзояд бо ихлосу боварӣ: ҳар ки сабақи Муқим Абдураҳмоновро боре гирифтааст, кам хато хоҳад кард дар ҷодаи кору эҷоду зиндагӣ.

Ин гуна мисолҳо беҳисобанд дар фаъолияти бештар аз панҷоҳсолаи рӯзноманигории ӯ монанди оне, ки бешуморанд шогирдони шукргузораш.

Сахтгирию серталабии ӯро ифода намекунад ба пуррагӣ ин ду калима. Зиёдтар аз онҳо буд ӯ. Саҳеҳтараш бераҳм буд дар масоили кор нисбати худу ҳамкоронаш муҳаррир. Тараҳҳум надошт ба оне, ки беҳавсалагию ноуҳдабароӣ мекард дар кори эҷодӣ.

Ба осонӣ намебахшид фиребгару дуруғгӯйро ва меёфт фурсате, мавриде навозиш мекарду меҳрубонӣ қаламбадастони навҷӯйро, эҷодкорони тозаандешро.

Ҳар ҳафта ҳатман доир мегаштанд машваратҳои эҷодӣ. Медидам аксар як даста гул истода болои мизи утоқи муҳаррир. Ва табрик менамуд самимона яке аз кормандонро бо зодрӯз, ки худ хабар надошт аз рӯзи таваллудаш. Ҳамеша рӯи мизи кориаш буд рӯйхати ҳамкорону рӯзу моҳи таваллуди онҳо. Кам не, қариб 60 нафар буд ҳайати эҷодию техникии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва обуначӣ дошт то 45 ҳазор.

Бо гузашти айём тағйиир ёфтанд замонаҳо, вале гумроҳ нашуд,гум накард роҳи сиёсии худро рӯзнома. То он соате, ки муҳаррирӣ мекард ӯ, ҷонибдорӣ нанамуд гурӯҳеро, маҳаллеро. Ҳамбастагию ваҳдати миллӣ буд роҳи пешгирифтаи рӯзнома то охирин соати мавҷудияташ. Назарҳо гуногун буданду ақидаҳо мухталиф, аммо роҳи рӯзнома роҳи рост буду дуруст. «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ҳаргиз баёнгари афкору ақидаи гурӯҳе, ҷонибдори маҳале набуда. Чаро, ки Муқим Абдураҳмонов хуб дарку эҳсос менамуд равандҳои ҷомеаро, метавонист дидан ояндаро. Ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ - чунин буд мақсаду мароми рӯзнома, ғояву мазмуни он, аввалу анҷоми он.

Ногузир шуд он айём, тарки рӯзномаю Қӯргонтеппа барои ҳамагон. Аз ҷумла барои Муқим Абдураҳмонов низ. Баъди чанде баргашт ба Қӯрғонтеппа. Аввал омад ба рӯзнома. Вохӯрд бо чанде аз шогирдон. Гуфтанд,ки дар набуданаш каси дигарро муҳаррир таъин кардаанд, акнун нашрия ҳам дигар асту унвонаш ҳам. Ва боз шунид қиссаю ривоятҳое, ки худ низ ҳайрон бимонд. Гӯё Муқим Абдураҳмонов дар идораи рӯзнома масљид таъсис додаю ҳама кормандон намоз мегузоштаанд он ҷо. Боз чандин даъвоҳои бебунёду беасос. Медонистем, ки ин афсона ба ҷуз иғво чизи дигаре нест.

Аммо қудрати исбот кардани бегуноҳии ӯро надоштем. Аниқтараш, гӯш кардан намехостанд моро. Дар асл ҳақиқати воқеӣ чунин буд, ки соле пештар бо ташаббуси чанде аз кормандон бо мақсади омӯзиши алифбои ниёгон гурӯҳе таъсис ёфтаю фаъолият мекард он. Навомӯзони гурӯҳ ҳафтае як бор ҷамъ меомаданд ба машғулият. Ба мисли маҳфили «Гулбарг», ки ҳар доим баргузор мегашт дар рӯзнома.

Бо чунин қиссаҳои ғамангез истиқбол гирифтанд шогирдон устодро. Ва чун диданд, ки азм дорад биравад, бубинад хонаашро, молу амволи мондарафтаашро, ноилоҷ шогирдон боз як хабари шум расониданд ба ӯ, ки хонааш ва ҳам молу амволаш соҳиби нав пайдо кардаю гумон аст, хасе рӯёнида тавонад аз онҳо. Чандрӯза бимонд бо ҳамкорони собиқ. Ҳамон рӯзҳо ба ҳукумати вилоят низ рафт. Касе напурсидаш аз куҷо омадию ба куҷо меравӣ. Даъвои мансабу вазифа надошт ӯ. Ҳама вақт изҳор мекард, ки барои журналист мансабу вазифа вуҷуд надорад. Мақому мартабааш қалами ӯст. Агар қалам дошта бошад, болотар аз мансабу вазифа ҳурмату эҳтиромаш мекунанд.

Аммо надонистанд он замон қадру қимати ӯро, рӯзноманигори варзидаро, инсони хизматкардаро. Тарк намуд ӯ Қӯрғонтеппаро, ҳарчанд изҳор намекард, бо қалби шикастаю хотири озурда. Пиндошт, ки ҳама заҳматаш ба ройгон рафтаасту ҳама ранҷаш беҳуда будааст. Шояд бори аввал иштибоҳ кард устод, ботил омад пиндораш. Ранҷи бурдааш ҳама ганҷ асту ӯ бехабар. Ганҷест пур аз гавҳари ноёб, пур аз гавҳаре, ки шогирдон сириштаанд дар замири хеш аз меҳру аз сипос, аз ихлосу эътиқод ба устодашон Муқим Абдураҳмонов.

Озурдадил мабош устод, хотир болида дор, ранҷи бурдаат ба ройгон нарафтааст. Ҳосили ҳамон ранҷ аст меҳрномаи шогирдон.

Саидалӣ БОБОХОНОВ

РS. Муқим Абдураҳмонов ҳоло низ ҳамонест, ки буд. Ҳамон тамкину таҳаммул. Ҳамон андешаманду бомулоҳиза ва ҳамон фурӯтану камсухан. Синни муборакаш ба 75 мерасад имрӯз. Бо гузашти солҳо боз ҳам қавитар гаштаанд он хислатҳои накӯяш. Ҳоло ҳам мутолиа мекунаду менигорад. Рӯзе пештар чанд саҳифа қатраҳои хомааш ба идораи рӯзнома расид. «Дилам гум мезанад» - чунин номгузорӣ шудааст он. Танҳо бо хондани сарлавҳа мо эҳсос ба хубӣ мекунем накҳати қалами устодро, садоқату самимияти ӯро ба рӯзномаю рӯзноманигор. Худ таълимамон медод ва таъкидамон мекард мудом: сарлавҳаи ҷолибу мувофиқ ними мақола аст. Имрӯз мо, шогирдон мегӯем,ки сарлавҳаи дарёфтаи устод тамоми мақола аст.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо, шогирдон аст, ки агар ҳар нафаре аз рӯзноманигорон бо нияте ба шаҳри Исфара сафар кунад,ҳатман пурсуҷӯ ва ҳолпурсӣ менамоянд устодро. Ва аснои дидорбинию сӯҳбат хоҳанд гуфт, ки дар вилояти Хатлон, хоса шаҳри Қӯрғонтеппа ӯро фаромӯш накардаанд. Мудом ёдрас мешаванд номи некашро. Ва мисол меоранд ба исботи гуфтаҳои хеш маҷлисҳои тантанавиро,ки ҳамасола ба ифтихори Рӯзи матбуот дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят баргузор мегарданд. Дар ин сон маҷлису маҳфилҳо ҳар гоҳе, ки нисбати собиқадорони варзидаи матбуот сухан меравад, қабл аз ҳама ба забон меоранд дар сатри аввал номи Муқим Абдураҳмоновро.

Ва ҳатман бо сипосу эҳтироми бепоён таъкид менамоянд хизматҳои арзандаи ӯро дар роҳи рушду камол ёфтани матбуоти вилояти Хатлон. Оре, ҳақ ба ҷониби онҳоест, ки фармудаанд: кори неку номи нек ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ

"Хатлон" - оинаи ҳаёти хатлониҳо

Аз таърихи рӯзнома