Дар як сатр
» » Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

7-07-2015, 05:31

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунандТаърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дар байни миллатҳо гурӯҳҳои бадхоҳе вуҷуд доштанд, ки мақсади вайрон намудани ақидаҳои мардумро дунбол мекарданд. То ҳол ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад. Ҷавонон, ки неруи бузургу созандаи давлатанд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои зархарид ва иғвоангез гашта, барои беҷо намудани авзои сиёсии давлат ва миллат аз тарафи ин ашхос истифода мешаванд.

Дар баробари он ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили гурӯҳҳои ифротгаро мубориза мебаранд, мутаассифона, боз ҷавонону миёнасолони камсавод ва гумроҳе низ ҳастанд, ки ба доми пур аз мақсадҳои ҷоҳилонаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ афтида, ба самти дилхоҳи онҳо равона мегарданд.

Ҳарчанд мақсади асосии ин гурӯҳҳо вайрон намудани сохти давлатдорӣ ва бесуботӣ, рӯзи сиёҳ овардан ба сари миллат, куштани халқи бегуноҳ, аз худ намудани молу сарвати мардум ва ба ҳамин монанд бошад ҳам, онҳо дар назари мардум худро шахси боимону ҳомии дин ва поквиҷдон нишон дода, мардумро ба доми худ мекашанд.

Ҷумҳурии тозабунёди мо Тоҷикистон низ аз хатари ин гурӯҳҳо эмин нест. Мутаассифона, ҳар рӯз тавассути ВАО мебинему мешунавем, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ҷавонони моро бо роҳи фиреб ва тарғиби идеологияи худ ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб мекунанд. Камина, ки собиқаи 42-солаи корӣ дорам, шоҳиди бисёр ҳодисаҳои нанговар, аз қабили ҷанги бародаркуш, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ба ин монанд иғвоангезию дасисабозиҳо гаштаам, ки ҳамаи ин ба ғайр аз рехтани хуни бегуноҳон, ятим мондани тифлон, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, хароб гаштани биноҳои боҳашамат, поин рафтани ахлоқу одоб, дигар фоидае наовардааст. Имрӯз ҷавонон бояд рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозанд.

Хушбахтона, имрӯз ягон ҳолати дар ҷангҳои давлатҳои бегона, аз қабили Сурия ва Ироқ иштирок кардани ҷавонони фиребхӯрда аз ҷамоати деҳоти Шугнов ва ҳатто ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин асос намедиҳад, ки мо хотирҷамъ бошем ва бо оммаи васеъ кор набарем.

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза қувваҳои бузурги иртиҷоӣ, ки хоҳиши яккаҳукмрони ҷаҳон шуданро доранд, бо ақидаҳои ғалат ва унсурҳои нав пайдо гаштаву аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд. Аксари ин гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини ислом сӯиистифода намуда, миёни мазҳабҳои он низоъ бармеангезанд, ки ин раванд сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад.

Имрӯз замони ҷаҳонишавиро замони талоши қудратҳо ва бархӯрди манфиатҳо низ меноманд. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки хиради азалии хешро нишон дода, ба дасисабозиҳо ва иғвоангезиҳои қувваҳои берунаи бадхоҳ роҳ надода, миллати худро аз осебпазирӣ эмин нигоҳ дорем.

Раҷабалӣ МИРЗОЕВ,
раиси ҷамоати деҳоти Шугнови
ноҳияи Ховалинг



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , КОМРОНИ БАХТИЁР