Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қубодиён. 91 км роҳ таъмир, 60 км заҳбур тоза карда шуд


Қубодиён. 91 км роҳ таъмир, 60 км заҳбур тоза карда шуд



Иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки тибқи он, бунёду азнавсозии 163 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст, то ин муддат 104 фоиз таъмин гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои иловашуда бо маром ҷараён доранд.

Бадриддин Садриддинзода, раиси ноҳияи Қубодиён, дар нишасти матбуотиаш хабар дод, ки дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмири ҷории 91 км роҳ, сохтмону таъмири деворҳои кӯчагӣ ба дарозии 26 км, сохтмони 3,2 ҳазор метр ҷӯйборҳои обгузар, насби 6 ҳазор адад фурӯзонакҳо, таъмиру ободонии 41 қабристон, тоза кардани 47 км ҷӯйборҳои обгузар, сохтмони 30 адад пули автомобилгарду пиёдагард, таъмиру сохтмони 138 иншооти ҷашнӣ, тоза кардани 60 км заҳбуру заҳкашҳо, барои солимгардонии муҳити зист шинонидани 272 ҳазор бех гулу гулбутта, 20,2 ҳазор бех ниҳол, хуррамгардонии 15 ҳазор метри мураббаъ анҷом дода шудааст. Маблағи умумии корҳои баанҷомрасида бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорон дар ноҳия зиёда аз 19 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Ба ғайр аз ин, - идома дод раиси ноҳия, - бо назардошти дастури Пешвои миллат, то соли 2030 бунёди 43 адад муассисаҳои томактабӣ, 33 толор ва 34 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гардида, то ин муддат 6 адад майдончаи варзишӣ ва 3 адад толори варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст. Корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи томактабӣ феълан ҷараён доранд.

Б. Садриддинзода дар идома доир ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён иттилоъ дод, ки он аз 104 лоиҳа ба маблағи умумии 234,5 миллион сомонӣ иборат аст. Аз он 35 лоиҳа ба маблағи 76,1 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 52 лоиҳа ба маблағи 133,6 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 17 лоиҳа ба маблағи 24,8 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ дорад. Ба ҳолати 1 июли соли 2021, ҳамагӣ 6 лоиҳа (1 лоиҳа оид ба ташкили фермаи парандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров, 1 лоиҳа оид ба сохт-мони мактаб-парваришгоҳ дар Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”, 2 лоиҳа оид ба сохтмони маҷмааи тиббӣ барои 200 кат ва маркази саломатии ноҳия, инчунин ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, 1 лоиҳа оид ба кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист) ба маблағи 62,9 миллион сомонӣ, ё ин ки 26,8 фоиз аз арзиши умумии Барномаи амалигардида иҷро гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода