Дар як сатр
» » Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

3-07-2015, 16:10

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд
Имрӯз, 3 июл, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоии бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа дидан кард.

Тавре ки АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, дар айни замон дар ин қитъаи роҳ корҳои сохтмони нақбҳо оғоз гардида, омодагӣ барои шурӯи корҳо дар пулҳои ин лоиҳа идома дорад. Мувофиқи иттилои масъулини лоиҳа, то имрӯз аз аввали сохтмон дар масофаи 33,26 км таҳкурсии роҳ омода гардида, дар 11,85 км қисми болоии роҳ насб карда шудааст.

Роҳбарият ва масъулини корҳои роҳсозӣ барои шурӯи корҳои нақбканӣ аз ду ҷониб дар се нақби нисбатан тӯлонӣ, сари вақт оғоз кардани сохтмони панҷ адад пули дарозии умумияшон 681 метр ва анҷоми босифати тамоми корҳои заминӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида вазифадор шуданд.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни сохтмони корхонаи криолит, корхонаҳои семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ шинос шуд. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар бо мақсади рушди саноати кимиёвӣ, коркарди ашёи хоми маҳалӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат пеш гирифта, дар шуда, ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА