Дар як сатр
» » «Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»

1-01-2015, 15:41

«Азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд…»Мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа

МЕҲРИНИССО ҒАНИБОЕВНА ҲОҶИБОЕВА
- Хатмкардаи риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1980)
- Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988)
- Барандаи дипломи актёрҳои овозхони Тоҷикистон, ҷойи аввал (соли 2002)
- Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2009)
- Оиладор, соҳиби се фарзанд – Парвиз, Хусрав, Шаҳром ва якчанд набера


- Меҳринисо Ғанибоевна, сараввал Шумо ва ҳайати ҳунармандони намоишномаи «Лаку Пак»-ро барои ба даст овардани ҷоизаҳои махсуси фестивали байналмилалӣ дар Қазоқистон шодбош мегӯям. Бахусус, ин ки Шумо ва Аловуддин Абдуллоев бозигарони нақшҳои асосии Лаку Пак будед ва ҳарду соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин дуэт» шудед, барои ҳаводорони ҳунаратон шодиовар аст. Мехостам аз тассуротатон дар ин сафар чанд ҷумла бигӯед.
- Ростӣ, ин маротибаи дуюм аст, ки дар чунин фестивалҳо дар давлати Қазоқистон иштирок мекунем. Бори аввал соли 2008-ум бо намоишномаи «Манам ягонаи ту» ва маротибаи дуюм бошад, бо намоишномаи «Лаку Пак» муддати панҷ рӯз дар шаҳри Актау будем, ки фестивали панҷуми байналхалқии театрҳои Осиёи Марказӣ шуда гузашт. Ҳарду фестивале, ки иштирок кардам, ба ман таассуроти ниҳоят калон гузошт. Дар ин фестивалҳо тамоми театрҳои кишварҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Мо намоишномаҳои беҳтарини дигар театрҳоро дидем, бо касбу кор, ҳунарнамоии онҳо аз наздик шинос шудем ва барои ман ҳамчун ҳунарманд ин як мактаби наве буд.

- Тамошобини қазоқ шуморо чӣ гуна пазируфт?
- Дар ин фестивал ҳафт нафар аъзои ҳакамон ҳузур доштанд. Тамошобинон аз табақаҳои гуногун буданд. Бештар ҷавонони донишҷӯ омада буданд. Аз қарсакҳои пайдарпайи онҳо маълум буд, ки намоишномаи мо ба онҳо писанд омад. Ин намоишнома аз рӯйи асари Абдулҳафиз Қодиров ва Иброҳим Усмонов дар коргардонии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов рӯйи саҳна омад. Бартарии ин намоишнома дар он буд, ки хусусияти фолклорӣ дошт. Либоси саҳнавии занон - чакан ва мардон – беқасаб, дар саҳна бошад, либосҳои қуроқӣ гузошта шуда, мусиқӣ ва мазҳака ҳам ҷо дошт. Шояд хусусияти миллӣ доштани намоишнома буд, ки онҳо моро хеле хуб пазируфтанд.

- Шумо рӯйи саҳнаи театри тоҷик ва хориҷ аз кишвар зиёд ҳунарнамоӣ кардаед. Мушкил нест дар саҳнаҳои берун аз Ватан ҳам нақш бозидан? Дар кадом кишварҳо ҳунарнамоӣ кардаед?
- Ман ба Гурҷистон, Лаҳистон, кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои зиёд сафари ҳунарӣ доштам. Албатта мушкил аст, зеро саҳна ва тамошобини Ватани худ бароят хуб ошност. Аммо вақте дар дигар давлатҳо баромад мекунӣ, бояд масъулияти бештар дошта бошӣ, зеро давлати худро муаррифӣ месозӣ.

- Шумо ва ҳамсаратон Бурҳониддин Раҷабов, ду Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ҳарду ҳам беш аз 30-35 соли умри худро ба ҳунар ва театр бахшидаед. Бигӯед, ки ҳунарманд ва ҳамсари ҳунарманд будан то куҷо осон асту чӣ масъулият дорад? Оё бо чунин серкорӣ дастатон ба тарбияи фарзандону набераҳо мерасад? Онҳо шикоят намекунанд, ки барояшон вақти камтар ҷудо мекунед?
- Шикоят мекунанд, аммо кӯшиш мекунам барои онҳо ҳам вақт ҷудо намоям. Ману ҳамсарам аз хона якҷоя мебаромадем, якҷо аз кор бармегаштем. Баъзан вақтҳо мешуд, ки то нимашаб намоиш омода мекардем. Фарзандонам, ки ҳарсеяшон писар буданд, хӯрокро пешакӣ тайёр мекардам ё гоҳе худашон онро омода менамуданд. Меҳри санъат ба ҳадде дар замири мо ҷой гирифта буд, ки баъзан то нимашаб андармони кор шуда, ба хона дер меомадем. Духтар, ки надоштам, ба ҳама кор дастам намерасид. Баъди намоишномаҳо хаста беҳол ба хона мерасидем ва гоҳе ғизои хунук ҳам тановул мекардем. Ҳоло бошад, шукр, ки соҳиби келину набераҳои зебо ҳастам ва дигар ташвише надорам. Аммо вақте касби худатро дӯст медорию рӯйи саҳна мебароӣ ва тамошобин бо қарсакҳои пурмавҷ туро пешвоз мегирад, ҳама мушкилот фаромӯш мешавад.

- Асоситарин нақше, ки дар ҳаёт ва дар театр бозидаед, кадом аст?
- Муддати 35 соли фаъолияти эҷодиям беш аз 50-60 нақш офаридаам ва ҳамаи нақшҳоям бароям азиз ҳастанд. Вақте ки ман баъди хатми донишгоҳ ба театри шаҳри Қӯрғонтеппа омадам, ба ман нақши Назокатро аз рӯйи спектакли «Уқоб»-и Султон Сафаров пешкаш карданд. Хеле хурдакак буд он нақш, аммо азбаски ман аз ҳамин нақш сар карда ба театри касбӣ қадам мондам, бароям хеле азиз аст. Яке аз аввалин намоишномаи бозидаи ман дар театри он вақт халқии Қӯрғонтеппа «Эшони Илоанта ва Қории Хиромон»-и Абдусалом Атобоев буд. Ману ҳамсабақони донишгоҳиам соли 1980 ба театри Қӯрғонтеппа се намошномаи нави дипломӣ - «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Хостгорӣ»-и Чехов ва «Капилка»-и драматурги фаронсавӣ Эжен Лабиш оварданд ва дар репертуари театр ворид кардем. Пас аз як соли фаъолият театри халқии Қӯрғонтеппа ба театри касбии мусиқӣ-мазҳакавӣ табдил шуд ва бо гузашти 7 сол, яъне соли 1988, вақте 28-сола будам, якумин ҳунарпешаи ин театри касбии мусиқӣ-мазҳакавӣ будам, ки бо унвони Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон қадрдонӣ шудам. Баъдтар нақшҳои калонтаре бозидаам, ба монанди Гулчеҳра аз намоишномаи «Аршин Мололан», Райҳонгул, зани мудир, аз намоишномаи «Ҳасани аробакаш», Гулзира аз «Хоби чаппа» ва дигару дигар.

- Дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфта будед, ки писаратон Парвизро, ки ҳоло пайрави касби падару модар шудааст, пас аз таваллудаш бо гаҳворааш гирифта, ба гастрол мебаромадед. Гаҳвора вазнин набуд?
- (Механдад). Албатта вазнин буд. Аммо азбаски театр хонаи дуввуми ман шуда буд, бе театр зиндагии худро дигар тасаввур ҳам карда наметавонистам. Вақте ки фарзанди калониам шашмоҳа шуд, ман аллакай ба кор баромада будам. Гаҳвораи Парвизро гирифта, ба гастролҳо мерафтам. Гуфтан мумкин аст, ки вай дар ҳамин сафарҳои ҳунарии мо ба воя расид. Ёдам ҳаст, Сайфиддин Эшмаҳмадов гаҳвора ҷунбонда буданду ман ба саҳна баромадам.
Шояд Парвиз аз гаҳвора ба ҳунар дил баста бошад. Муҳите, ки Парвиз ба воя расид, муҳити ҳунарманд буд. Аз ҳамин сабаб шояд Парвиз пайрави касби волидонаш шуд. Аз се фарзандамон танҳо Парвиз ба ин роҳ рафтааст. Соли оянда факултаи режисёрии Донишкадаи санъати Маскавро хатм мекунад.

- Ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ будан воқеан шараф асту обрӯ. То ҷое медонам, Шумо нахустин зани ҳунарманди театр дар водии Вахш ҳастед, ки ба дарёфти унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон шарафёб шудааст. Аммо пештар аз Шумо ҳамсаратон Бурҳониддин Раҷабов, коргардони маъруфи театр, низ унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дарёфтааст. Бигӯед, ки ин унвони олии фарҳангию ҳунариро доштан чӣ масъулияте бо худ дорад?
- Вақте меҳнат мекунию заҳмат мекашӣ ва ин заҳматҳо қадр мешаванд, барои ҳунарманд, ки як дили нозук дораду эҳсосотӣ аст, мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Унвон як нишони қадрдонии заҳматҳо ва эҷодиёт асту таҳрикдиҳанда ба пешрафту такмили ҳунару маҳорат. Аммо ман ҳамон ҳунарпешае, ки то ин лаҳза будам, ҳамон ҳастам. Дарёфти ин унвон бароям маънои онро дорад, ки имрӯз ҳам ҳунар қадр мешавад, бо ин вуҷуд ки театрҳо тамошобини зиёд надоранд ва ҳунармандон ҳам ҳақмузди ночиз мегиранд. Бояд бигӯям, ки таҷрибаи ғанӣ ва дастгириву роҳнамоии ҳамсарам буд, ки банда низ барои такмили маҳорат ва ҳунарам пайваста кӯшиш мекардам. Ҳамсари ман коргардон ҳастанд. Тақрибан тамоми намоишномаҳое, ки дар он нақш бозидаам, таҳияи он кас мебошад. Гоҳе мешуд, ки ҳатто барои образҳои сунъӣ маро накӯҳиш медоданд, мегуфтанд, ки дар саҳна ҳама нақшро бояд табиӣ бозид, хоҳ нақши модар асту хоҳ нақши ҳамсари нафаре. Имрӯз вақте қабл аз оғози намоишнома муаррифӣ мекунанд, ки «дар фалон нақш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳриниссо Ҳоҷибоева баромад мекунад», пеши ман масъулияти даҳчанд гузошта мешавад, то кори худро сазовор ба ҳамин унвон иҷро кунам.

- Имрӯз баъзе ходимони театр аз кам шудани шумораи тамошогарони театр изҳори нороҳатӣ мекунанд. Фикр мекунед, ки чаро таваҷҷуҳ ба театр коҳиш ёфтааст?
- Бале, дуруст қайд кардед. Имрӯз мушкилоти асосии театрҳои ҷумҳурӣ бетаваҷҷуҳии тамошогар ба театр аст. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ҳоло тамошобини мо танҳо хонандагони мактаб ва каму беш донишҷӯҳо ҳастанд. Мо ҳатто чиптаҳои озод ҳам пешниҳод мекунем. Баъзан вақт ягон-ягон мухлисон ба мо занг мезананд, то дар бораи кай барпо шудани намоишномаамон дарак диҳем. Аммо хеле кам аст. Ин мушкилотро коршиносон ҳам дида баромаданд, таҳлилу баррасӣ ҳам карданд. Баъзеяшон театрҳоро гунаҳкор карданд, ки намоишномаҳои хубу диданӣ пешкаш карда наметавонанд. Баъзеи дигар бар ин назаранд, ки таъсири технологияҳои муосир аст. Имрӯз ҷавонон то ба театр омадан тавассути интернет метавонанд хостаҳои худро бароварда созанд. Аммо ман фикр мекунам, ки агар тамошогар як маротиба вориди театр гардад, худаш эҳсос мекунад, ки театр чӣ қадар эҳсоси нотакрор мебахшад ба ӯ ва рӯйи саҳна дидани ҳунарманд ва тамошо кардани намоишнома таассуроти ғание дар зеҳнҳо боқӣ хоҳад гузошт. Таъсире, ки ҳунарманд ба бинанда медиҳад, фикр мекунам на интернет дода метавонаду на чизи дигар. Як пешниҳоди дигари ман ин аст, ки бояд дар як ҳафта як маротиба ҳам бошад, дар мактабҳои миёна дарси адабӣ гузаронида шавад. Яъне ба насли имрӯз дар бораи театр, таъсири театр ва намоишномаҳо сухан гӯем, то ҷавонони мо дар бораи ғановати ин махзани ҳунар ва фарҳанг огаҳӣ ёбанд. Бо ҳамин роҳ шояд мо тавонем бовар кунонем, ки театр ба тарбияи онҳо таъсири мусбат мерасонад.

- Дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо ҳадафи тарбияи кадрҳои ҷавон маҳфили ҳунармандони ҷавон таъсис ёфтааст. Ин кори хубест, бавижа дар ҳоле ки ҳоло аксаран ҳунармандони ҷавон майли камтаре ба кор дар театр нишон медиҳанд…
- Дар ҳақиқат, мо чунин курс дорем. Муддати як сол аст, ки ин маҳфил ва ҳунаромӯзони он соҳиби сертификат шудаанд. Аммо аз шумораи ҳунаромӯзони он, ки зиёда аз бист нафар буд, ҳоло кам шудааст. Кори маҳфил хуб буд, ҳатто чанд намоишномаро ҳунаромӯзонаш ба саҳна гузоштанд. Се-чор нафарашон ба кор дар театр қабул шуданд, ду нафарашон дар Донишкадаи санъат таҳсил мекунанд. Ду нафари дигарашон ба бахши дарсҳои сирки донишгоҳи санъати Маскав дохил шуданд. Аммо таассуфангез аст, ки чанде аз хатмкардаҳои донишкадаи санъат ба театр ба кор омаданду зуд онро тарк карданд. Мушкили онҳо надоштани манзил буд. Барои як нафараш, ки аз ноҳияи Ҳисор буд, бо дастгирии маъмурияти театр ва раиси пешини шаҳри Қӯрғонтеппа хонаи иҷора дода шуд. Шояд сабаби дигари кор накардани ҷавонон ин бошад, ки онҳо дар музофот нею дар марказ кор кардан мехоҳанд. Мушкили аз ҳама бузурги театрҳо нарасидани коргардон аст. Вақте актёр ҳасту коргардон нест, рӯйи саҳна гузоштани намоиш ғайриимкон аст. Танҳо коргардони хуб метавонад намоиши хубро рӯйи саҳна биёрад. Масалан, мо аз рӯйи намоишномаи «Лаку Пак» дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз ватан ҳунарнамоӣ кардем ва баҳои баланд ҳам гирифтем. Ин дарак аз он медиҳад, ки коргардони касбӣ рӯйи он кор кардааст.

- Дар бораи нақшаҳои эҷодиатон чӣ мегӯед?
- Мехоҳам намоишномаҳои беҳтарин рӯйи саҳнаи театри мо гузошта шавад. Парвиз намоишномае бо номи «Бемори хаёлӣ»-ро аз рӯйи асари комедиографии маъруфи асри XVII-и Фаронса Жан-Батист Молйер мехоҳад рӯйи саҳна гузорад. Барои мо - ҳунармандон дар ин гуна намоишномаҳо нақш офаридан ифтихор аст, зеро ҳунари актёрии моро сайқал медиҳад. Орзу мекунам, коргардонҳои беҳтарин бо мо кор кунанд, сафи тамошобини театр зиёд гардад, то мо ҳунармандон низ руҳамон болида гардад. Тоҷикистони азизи мо ҳамеша тинҷу мардумаш осуда бошад.

Суҳбаторо
Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳунарманди дар асл мардумӣ

Ҳунарманди дар асл мардумӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА