Дар як сатр
» » «Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

3-07-2015, 10:29

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?Ба назар мерасад, ки гӯё вақтҳои охир аҳли ҷомеаи кишвар ба баъзе мушкилоти молиявӣ дучор шудаанд, ки сабабаш баланду паст шудани қурби доллари ИМА ва рубли Русӣ дар баробари пули миллии мо - сомонист. Ва ин бори гарон, албатта, аз ҳама бештар барои мардуми одӣ тоқатфарсост. Биноан, бо мақсади фаҳмидани он, ки ноҷӯрии болозикр ба буҷети оилавии сокинон чӣ таъсире гузошт, бо чанд шахс ҳамсуҳбат гардидем.

Фирӯза Маҳмадқулова, сокини шаҳри Сарбанд, 25-сола:
- Шавҳарам дар Русия кор мекард ва аз ин ҳисоб пасандози хуб ҷамъ карда будем. Хостем, ки хона харем, аммо аз сабаби поён рафтани қурби рубли русӣ ва камарзиш шудани маблағҳоямон ба ин мақсад расида натавонистем.

Маҳмадҷон Қулов, истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар, 65-сола:
- Ба буҷети оила чӣ қадар зарар ё фоида меояд, мо ба ин аҳамият намедиҳем. Ҳамаи ин мушкилиҳо аз худи саррофон вобаста аст.

Аврия Фозилова, сокини ноҳияи Бохтар, 49-сола:
- Замини хонаҷоеро бо таҳкурсияш бо доллари ИМА нарх гузоштанд, аммо мо дар даст рубли русӣ доштем.
Ҳоло он пулҳоро дар саррофон бо сомонӣ иваз кардам, ки маблағи хеле ночиз шуд. Ба оилаи мо зарари калон расид.

Парвина Содиқова, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, соҳибкор:
- Вақте ки доллар лозим бошад, мо онро бо нархи қимат мехарем. Баъди оне, ки корамонро анҷом додем ва он долларро фурӯхтанӣ мешавем, ногаҳон дар муддати як рӯз нархаш арзон мешавад, ки аз ин мо - тоҷирон зиёни чашмрас мебинем.

Толибҷон Рӯзиқулов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, 19-сола:
- Бародари ман ду сол боз дар Федератсияи Россия кор мекунад. Ӯ мехоҳад, ки хонаи истиқоматӣ харад. Лекин аз сабабе, ки қурби рубли Русия паст шудааст, наметавонад. Як миқдор маблағе, ки мефиристад, дар шароити бозори имрӯза барои хароҷоти ҳаррӯзаи оила базӯр мерасад.

Мавлуда Шарифова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, 48-сола:
- Ман панҷ фарзанд дорам. Шавҳарам дар Россия ба ҳайси муҳоҷир кор мекунад. Вақтҳои пеш чун ба мо маблағ равон мекард, бе ягон мушкилӣ зиндагиамон пеш мерафт. Ҳоло бошад, 1000 рубли Русия ба як халта орд ҳам намерасад. Хӯрокаашро гирем, либосааш мемонад. Намедонем, ки чӣ кор кунем.

Бидуни муҳобот, вақте ҳамсуҳбатони мо мефаҳмиданд, ки сари кадом масъала назарашонро фаҳмиданием, бо табъи хира суҳбат мекарданд. Гӯё бори гароне бар дӯшашон афтида бошад, ки ба ин мазмун шиква мекарданд:

«Фарзандони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ҳангоми кор дар зимистони қаҳратун баданашонро сармо мезанад. Пасттарин корҳоро иҷро мекунанд, то маблағе ба даст оранд…».

Хуллас, мардум фаҳмидан мехостанд, ки «рақсу бозӣ»-и асъори муайяни хориҷӣ дар кишвари мо то кай давом мекунад ва онҳо бояд чӣ кор кунанд. Посухи ин суолро мо аз масъулини филиали хатлонии Бонки миллии Тоҷикистон пурсидем. Онҳо гуфтанд, ки бо мақсади ба танзим даровардани бозори асъор ситоди доимамалкунанда ташкил карда шудааст ва фаъолияти он зери назорати доимии эшон қарор дорад. «Агар ҳамаи мо баробар кор мекунем, чи Бонки миллӣ, чи бонкҳои тиҷоратӣ, чи истеҳсолкунандагон, чунин ҳолат ба вуқӯъ намеояд, ҳарчанд ин ҷо омилҳои дигар низ ҷой доранд. Асос он аст, ки истеҳсоли молҳои рақобатпазири ватанӣ метавонад дар ин ҷода такони ҷиддие гардад, то ин ки қурби пули миллии мо ҳамеша устувор бошад», - изофа карданд масъулини ниҳоди фавқуззикр.

Зимнан, аз суханони кормандони филиали Бонки миллӣ маълум гашт, ки чунин вазъ на танҳо дар мамлакати мо ҳукмфармост, балки кишвари дигари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ фаро гирифтааст. Лекин бархӯрди ҳар кишваре вобаста ба истеҳсолоти дохилияш ба ин тамоюл ҳар хел аст: аз яке сабук, аз дигаре вазнин. Умед мебандем, ки Тоҷикистони мо низ ин ҳама душвориҳои айёми гузаришро зуд пушти сар мекунаду ба қуллаҳои баланди тараққиёти иқтисодӣ мерасад.

Тоҳир САФАРАЛИЗОДА,
коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Болоравии қурби доллар

Болоравии қурби доллар

---
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Қиссаи се аробакаши сарватманд

Қиссаи се аробакаши сарватманд

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, АМОН МАҲКАМОВ