Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дарс дар мактабҳо 1 сентябр сар мешавад


Дарс дар мактабҳо 1 сентябр сар мешавад



Дар Рӯзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад.


Дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурӯъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби  пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷорӣ гардид.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардидааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ ба муҳлати 10 рӯз - аз 10 то 20 август муқаррар карда шудааст.

Хонандагони синфи якум аз 10 то 20 август аз давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонандагон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 ҷиҳати аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст қабули хонандагон аз муассисаҳои таълимии дигар шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе дар доираи талаботи қонунгузорӣ маҳдуд карда мешавад. Яъне ин маҳдудият танҳо дар шаҳри Душанбе ва Кӯлоб   аз ҳисоби норасоии ҷойи нишаст қабул шудааст. Ин қонун ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дахл надорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода