Дар як сатр
» » Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

2-07-2015, 16:42

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пораМуфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт гардид.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда шуд, ки муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак бо мақсади гирифтани пора дар раванди баррасии мавод нисбати шаҳрванд "А" оид ба мавриди латукӯб қарор гирифтани шаҳрванд "Б" ва хоҳиши маҷбуран бо охирин алоқаи ҷинси намудан, аз падари шаҳрванд "А" маблағи пулии 5000 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб намудааст.

- Рӯзҳои 16-17 июни соли 2015 муфаттиш дар утоқи кории худ дар ду маврид маблағи 500 доллари ИМА, 500 сомонӣ, 3000 рубли русӣ, 100 доллари ИМА ва 1200 сомониро аз падари шаҳрванд "А" ба сифати пора шахсан гирифта, ба ӯ оварда додани маблағи боқимондаро талаб намудааст, - зикр кард манбаъ аз агентии зиддикоррупсионӣ.

18 июни соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ, муфатиши калони проукратураи шаҳри Норак баъди гирифтани маблағи пулии 1000 доллари ИМА, аз падари шаҳрванд "А" аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуд.

Муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак бо ин кирдорҳои худ ҷинояти дар моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, нисбаташ парванда кушода шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА