Дар як сатр
» » «Вақте шумо ҳам пир шудед…»

«Вақте шумо ҳам пир шудед…»

1-01-2015, 15:37

«Вақте шумо ҳам пир шудед…»Падари пиру бемор вақте дарк кард, ки дигар тавони танҳо зиндагӣ карданро надорад, ба писараш муроҷеъ шуд. Писар падарро ба хонаи худаш бурд. Акнун падар, писар, келин ва набераи чорсолааш бо ҳам мезистанд. Бемории мӯйсафед аз худ дарак медод – дастони падари солманд ларзон буданд, чашмонаш хира шуданд ва рӯйи фарши хона бо мушкил қадам мезад. Аъзои хонавода, маъмулан, дар гирди мизе дар ошхона якҷоя ғизо мехӯрданд. Аммо дастони ларзону чашмони тираи пирамард табъи ҷавонҳоро хира мекард. Баъзан қошуқ аз дасташ меуфтод, табақи таом ба фарш сарозер мешуд…

Боре падар даст пеши пиёлаи шир дароз кард, аммо онро дуруст дошта натавонисту шираш рӯйи миз рехт. Ба дастурхони таршуда нигоҳ карда, косаи сабри навхонадорон лабрез гашт. «Бояд чорае андешем, - бо асабонияти зиёд дар садо гуфт писар. – Ман дигар таҳаммули дидани ин мӯйсафедро дар паси як миз бо худ надорам, қошуқафтонию бӯйи даҳону ширрезонияш кофист».

Вақти шом ҷавонҳо дар кунҷи ошхона барои мӯйсафед мизи хурдеро гузошта, гуфтанд, ки ҳузури ӯ дар сари дастурхони умумӣ сабаби тирагии табъи ҷавонҳо ва коҳиши иштиҳояшон мешавад. Дар ҳоле ки писару келину наберааш дастурхони густурдае доштанду аз ғизои хуб лаззат мебурданд, мӯйсафеди бечора акнун худаш танҳо дар як гӯшаи ошхона хӯрок тановул мекард. Гузашта аз ин, вақте мӯйсафед нохост табақи ғизоро афтонда шикаст, ҷавонҳо минбаъд хӯрокро танҳо рӯйи табақи чӯбин ба вай медоданд. Агар баногоҳ қошуқ аз дасти падар меафтод, писару келин бо оҳангу тунду тез ба вай эрод мегирифтанд. Вақте ба кунҷи ошхона, он ҷо, ки мӯйсафед менишаст, назари касе меафтод, ҳатман шоҳиди чашмони ғарқи оби ӯ мегардид. Писари бо ҷон парвардааш ҳоло ӯро таҳқиру маломат мекунад…

Набераи чорсолаи мӯйсафед орому бодиққат ин ҳамаро мушоҳида мекард. Рӯзе шом, қабл аз тановули ғизо волидонаш мутаваҷҷеҳи ин ҳол шуданд, ки писарак талош дорад аз тахтачӯби рӯйи дасташ чизе бисозад. Онҳо бо табассум аз писарашон пурсиданд, ки машғули чӣ кор аст. Писарак бо забони шевою ширадор ба рӯйи падараш нигоҳ карда гуфт: «Ман ҳоло мехоҳам, ки барои ту ва модарам табақи чӯбин бисозам, то ки вақте шумо ҳам мисли бобоям пир шудед, бароятон бо ин табақ хӯрок диҳам». Писарак бо табассуми малеҳ дар лабон ба кори худ идома дод.

Волидон аз посухи фарзанди худ шокӣ шуданд. Як ҳарфе ҳам гуфта натавонистанд… Ашк ба рӯяшон шашқатор шуд. Бидуни харф ба сӯйи ҳамдигар нигоҳ карданд ва аз шарм сарашон хам шуд. Ҳамон лаҳза аз дастони падари солманд гирифта, ӯро бо эҳтироми тамом ба сари дастурхони умумӣ шинонданд. Ва то охирин дами ҳаёт пирамард бо аҳли хонаводаи писараш гирди як дастурхон менишаст. Мӯйсафед намедонист, ки чаро фарзанду келинаш ба ӯ якбора меҳрубон шуданд ва ҳатто агар қошуқ аз дасташ меуфтод ё ширро мерезонд, чаро ба ӯ эрод намегиранд…
Кӯдакони мо бигзор ки ҳар қадар хурд бошанд ҳам, хеле бодиққат ҳастанд ва аз тамоми рӯйдодҳои атроф барои худ сабақ мегиранд. Дар ҳадиси паёмбарамон (с) беҳуда наомадааст, ки «агар имрӯз нисбат ба волидони худ хайрхоҳ бошед, фардо, ки пиру дастнигар шудед, фарзандонатон нисбати шумо муносибати шоиста хоҳанд дошт». Кӯдакон падару модарони худро хеле дӯст медоранд ва талош мекунанд, ки дар ҳар коре ба онҳо пайрав бошанд. Падар ё модари ҳушманд медонад, ки ҳар рӯз хишти наве ба «пойдевор»-и ояндаи фарзанди худ мегузорад. Аз ин рӯ, биёед, бинокорони бохирад ва намунаи қобили пайравӣ барои фарзандони худ бошем!

Дӯстон, бидонед, ки сарфи назар аз чигунагии муносибати шумо ба волидон, вақте онҳоро аз даст додед, ба онҳо муҳтоҷ хоҳед шуд. Он замон аз амалкардҳои худ дар замони зиндагии волидон пушаймон хоҳед шуд, ки шояд суд нахоҳад дошт. Биёед имрӯз ва ҳамеша ғамхори эшон бошем! Баъзан онҳо ҳамагӣ як амали ночизи мову шуморо интизор доранд – як табассуми одию ғамхорона. Фаромӯш накунем ҳарфи Муҳаммад паёмбар (с)-ро, ки гуфтааст: «Ҷаннат зери қудуми модар аст ва падар дарест ба рӯйи ҷаннат».

Қодиршоҳи МУРУВВАТ

(аз русӣ тарҷумаи М. НОСИРҶОН)


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Волидонро хор накунем

Волидонро хор накунем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Фарҳанг ва адабиёт, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо