Дар як сатр
» » «Дукони пурасрор»-и Инобат

«Дукони пурасрор»-и Инобат

10-08-2018, 10:30

Инобат Раҷабова дар солҳои 90-ум шавҳарашро аз даст дод ва бо чаҳор фарзандаш бидуни манзили зисту ҷойи кор монд. Ягона дороие, ки он замон дошт, ду килограмм орд, як кило шакар, тухму андак равған буд. Инобат худро гум накард ва бо истифода аз ҳамин маҳсулот  соҳибкории  худро оғоз бахшид.

Бист сол пеш, даврае, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовиматҳои сиёсӣ таҳдиди ба порчаҳо тақсим шудани Тоҷикистон мекарданд, ӯ як дукончаи хурди кулчапазиро кушод. Ин дукончаи кулчапазӣ аз сармоягузории одӣ бештар буд. Ин ифодаи умед ва имон ба ояндаи беҳтар буд.

Ҳамакнун Инобат роҳбари сехи қанно-дии худ буда, фарзандонаш низ соҳиби кори муносиб мебошанд. Ҳоло ӯ яке аз маъруфтарин bakery-коучҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Дар бораи Инобат Раҷабова дар Тоҷикистон достонҳои зиёде офаридаанд; пас аз иштирокаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол», ҳатто соҳибкорзанони муваффақ низ ба фаъолияту кордории ӯ бо чашми ҳавас менигаранд. Вақте аз таърихи комёбиҳояш сухан мегӯянд, гоҳе гиря гулӯгирашон мекунад, зеро оғоз намудани соҳибкорӣ кори бисёр мушкил аст, алалхусус ташкили тиҷорат барои зане, ки ягон сармоя надораду бехонаву модари чаҳор фарзанди хурдсол аст, қаҳрамонӣ маҳсуб мегардад…

Аз замони якбора аз ҳамсари азиз ва манзилаш маҳрум гардидани Инобат 25 сол сипарӣ шуд. Шаби соли 1993 вай маҷбур шуд, ки бо вуҷуди обистан будан ҳамроҳи се фарзанди хурдсол аз зодгоҳаш фирор кунад.

- Шабонгаҳ аз садои тиру фарёди мардум дар кӯча бедор шудем, - нақл мекунад Инобат. – Ин сокинони деҳаи ҳамсоя буданд, ки барои огоҳонии мо омада буданд, то мӯйсафедон, занону кӯдакон оҷилан тарки ин мавзеъ кунанд. Мо ҳатто бо худ чизе нагирифтем, бо он сару либосе, ки ба тан доштем, аз хонаҳои худ бадар рафтем. Шавҳарам ва дигар мардҳои деҳа дар хона монданд. Онҳо мехостанд, ки то фирор кардани мо авбошонро боздоранд. Баъдан тариқи телевизор қишлоқи моро нишон доданд, ки пурра ба коми оташ рафтаву хокистар шудааст. Дар бораи сарнавишти ҳамсарам то ҳанӯз ягон маълумот надорам. Ӯ бенишон гум шуд.

Он шаби наҳс Инобат ҳамроҳи фарзандонаш ба хонаи волидон – ба шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) роҳӣ шуд, ба умеди он ки он ҷо оромиву суббот ҳоким аст. Аммо ҷанг дар маркази вилоят ҳам идома дошт. Пасон, ӯ тасмим гирифт, ки ба ноҳияи Вахш, он ҷое, ки замоне дар сехи қаннодӣ кор мекард, сафар намояд. Албатта, сехи номбурда аллакай аз фаъолият бозмонда буд.

- Вазъи моро дарк намуда, ба ману фарзандонам иҷоза доданд, ки дар бинои холии ин сех зиндагӣ кунем, - ба ёд меорад Инобат. – Мо дар рӯйи картонҳо хобида, танҳо нону об мехӯрдем. Дар наздикии мо корхонаи истеҳсоли нон мавҷуд буд. Он ҷо маро ба кор қабул карданд, аммо ба ҷойи маоши моҳона нон медоданд.

Ҳамин тавр, якчанд моҳ Инобат бо фарзандонаш дар як кунҷи сехи азкормондаи қаннодӣ мезист. Бо гузашти чанд муддат ҳукумати ноҳия ба ӯ хонаи якҳуҷрагӣ дод. Пас аз соҳиби хона шудан Инобат ҷиддан ба амал гузашт.

- Ёд дорам, ки бо маблағи ками доштаам як кило шакар, 20 дона тухм, ду кило орд ва 800 грамм маргарин харида, ду торт пухтам ва онро ба бозор бурдам, - нақл мекунад Инобат Раҷабова. – Вақте торт мепухтам, бӯйи лазизи он ба машом мерасид, кӯдаконам аз ман хоҳиш мекарданд, ки як лундаи хурди онро диҳам, то маззаашро бичашанд. Рӯҳан азият мекашидам, аммо барояшон дода наметавонистам, зеро онро фурӯхтан лозим буд. Ягона коре, ки мекардам, иҷоза медодам, то нонрезаҳои зарфи тортпазиро тановул намоянд.

Ҳар як торти пухташуда хароҷоти маҳсулоташро пӯшиш медод ва тақрибан 60 дирам фоида меовард. Ба ин маблағ Инобат боз маҳсулот харида, кулчақанду тортҳои дигар мепухт ва аз фоидааш барои кӯдакон нон мехарид.

Торту кулчақандҳои Инобат харидори зиёд доштанд, зеро ӯ ба кори худ усто буд. Вақте 17 сол дошт ва тоза мактабро хатм карда буд, Инобат ба падараш гуфт, ки мехоҳад таҳсилашро идома диҳад. Падараш ӯро ба сехи қаннодие, ки дар наздикии деҳа қарор дошт, бурда буд.

- Маро дар он ҷо роҳбари сех Риваз Капитонович истиқбол гирифта, гуфта буд, ки «духтарам, ҳар он чиро, ки дар сех мебинӣ, дар дафтарат қайд намо, замоне фаро мерасад, ки ин ёддоштҳоят барои пайдо кардани қути лоямут ба ту лозим мешаванд», - гуфт Инобат. - Риваз Капитонович ҳақ буд. Зеро вақте, ки мани ҳомиладор бо кӯдакони хурдсоли гурусна дар кӯча монда будам, тамоман худро гум карда будам, аммо ба ёдам ҳамин дафтари қайдҳо омаду бо истифода аз он ретсептҳо сарриштаи зиндагиро пайдо кардам.

Ҳамин тавр, Инобат Раҷабова бо истифода аз ҳунари қаннодиаш вазъи иҷтимоии хонаводаи худро батадриҷ беҳтар кард.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳабиби ваҳдатсаро

Ҳабиби ваҳдатсаро

Чеҳранигорӣ
Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД