Дар як сатр
» » Кӯшониён. Ангурашро ба хориҷи кишвар содирот мекунад

Кӯшониён. Ангурашро ба хориҷи кишвар содирот мекунад

11-08-2018, 14:23

Хоҷагии деҳқонии «Муслим»-и Ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён дорои 27 гектар замини корами обӣ буда, аз он 23 гектарашро майдони токзор ташкил медиҳад. Дар хоҷагии мазкур 9 навъи ангури хушсифати ватанӣ, аз ҷумла ҳусайнӣ, шоҳона, тоифӣ, кишмиш парвариш карда мешавад.

Иқлими мусоиди вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки майдони боғу токзорҳо аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст ояд. Дар баробари қонеъ гардидани талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо ангур, инчунин қисми зиёди он ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар  хоҷагии  «Муслим» барои нигоҳубини ниҳолҳои ангур ба таври доимӣ 20 нафар ва дар мавсими ҳосилғундо-рӣ то 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Ба гуфтаи масъулин хоҷагии онҳо аз ҳисоби даромадҳои худӣ имсол дар масоҳати 10 гектар токзори нав бунёд намуданд.

Абдуқаюм Иброҳимов, роҳба-ри хоҷагии болозикр мегӯяд: «Бунёди роҳу пулҳои аҳамияти байналмилалидошта дар Тоҷикистон ва ҳаракати қатораҳои борбар имкон фароҳам меорад, ки соҳибкорону кишоварзон бе мушкилӣ маҳсули дасти хешро ба хориҷи кишвар содирот намуда, бо нархи дилхоҳу дастрас ба фурӯш гузоранд». Ҳамчунин ӯ қайд менамояд, ки маҳз кушода  шудани роҳҳои берунмарзӣ аст, ки то имрӯз хоҷагии онҳо беш аз 70 тонна ангури аълосифат ҷамъоварӣ карда, дар баробари бозорҳои кишвар ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон содирот карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки аҳли заҳмати хоҷагии «Муслим» пас аз ҷамъовариву ба фурӯш гузоштани ҳосили олуву шафтолу,  инак давоми як моҳ мешавад, ки  ба ҷамъоварии ҳосили хушсифату фаровони ангури хоҷагӣ ва бандубасту фурӯши он машғул мебошанд.

Низомиддин ИСОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур

Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ