Дар як сатр
» » Вахш. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ зиёд мешавад

Вахш. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ зиёд мешавад

13-08-2018, 13:17

Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти ширии "Нуфузи Вахш” дар ноҳия ягона корхонае мебошад, ки ба коркарди маҳсулоти ширӣ машғул буда, асосан, қаймоқу ҷурғоту панир ва дӯғ истеҳсол карда, дар баробари таъмини бозору дуконҳои ҳудуди ноҳияи Вахш  ба дигар бозорҳои гирду атроф маҳсулоти истеҳсолгаштаи ин коргоҳ содирот карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулин дар як шабонарӯз корхонаи онҳо то 400 - 500 литр ширро  коркард мекунад, ки ин нишондод дар як сол 140 тоннаро дар бар мегирад. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳамарӯза беш аз 1000 қуттӣ маҳсулоти гуногуни ширӣ маҳз аз ин сех истеҳсол гашта, ба истеъмолгарон дастрас карда мешавад.

-Корхонаи мо дар ихтиёри худ 3 гектар замин дошта, дар он боғу токзор бунёд карда шудааст, ки аз ҳисоби ҳосили боғоти хеш мевагӣ истеҳсол мекунем, - мегӯяд Мастона Саидова, коргари фаъоли коргоҳ. Ва меафзояд:  «Фермаи чорвопарварии назди корхона  низ барои истеҳсоли босифат ва дастрасӣ доштан ба ашёи хоми ватанӣ саҳми боризе гузошта, барои поин фаровандани арзиши маҳсулоти ширӣ мусоидат мекунад. Зеро, на ҳамеша коргоҳи қабули шири кархона аз аҳолии минтақа шири хубу босифат ва саривақтиро метавонад дастрас намояд». 

Мутахассисон ҳадс мезананд, ки муштариёни маҳсулоти ширии ватанӣ нисбат ба маҳсулоте, ки аз хориҷ ворид мегардад, зиёд мебошад, зеро  он маҳсулоти маҳаллӣ табиӣ буда, муҳлати давомнокиаш на бештар аз 10 рӯз муқаррар гаштааст. Аммо  ин гуна маҳсулоти воридотӣ  муҳлати истифодабариашон 1 сол ё аз ин ҳам бештар муайян гардидааст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози даҳаи «синамаконӣ - асоси ҳаёт»

Хабарҳо

«Ёсин» дубора фаъолият оғоз кард

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Арсаи кишоварзӣ
Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат