Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Таваҷҷуҳ ба захираи маҳсулоти аввалия


Таваҷҷуҳ ба захираи маҳсулоти аввалия



Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон, бинобар хуруҷи навбатии бемории COVID -19 зимистони пешомад дар кишварҳои олам эҳтимоли норасоии маводи ғизоӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз гирифторӣ ба ин мушкилот орӣ нест. 


Аз ин хотир, имрӯзҳо кишоварзони вилояти Хатлон ба кишти маҳсулоти муҳлати нигоҳдориашон зиёд
таваҷҷуҳи бештар медиҳанд.

Аз ҷумла, дар мавсими имсолаи кишти такрорӣ деҳқонони ноҳияи Кӯшониён баъди  ҷамъоварии ҳосили гандум ва дигар маҳсулоти барвақтӣ, дар майдони 300 гектар ҷуворимаккаи дон, 150 гектар мош, 405 гектар шолӣ ва 115 гектар дигар намуди лӯбиёгиҳо кишт намудаанд. 

Тавре ки мутахассисон иброз медоранд, ҳосили ин маҳсулотро метавон то ду сол нигоҳ дошт. Бинобар ин, афзоиши майдони кишт ва захира намудани ин маҳсулот ба мақсад мувофиқ аст. 

Ба гуфтаи Сайидбурҳон Қувватов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Кӯшониён, дар соли ҷорӣ аз 17 ҳазору 49 гектар заминҳои кишоварзии қаламрави ноҳия дар масоҳати 11 ҳазору 320 гектари он кишти пунбадона гузаронида шуда, масоҳати кишти гандум 1158 гектар, ҷав 40 гектар, ҷуворимакка барои дон 171 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар майдони 1604 гектар сабзавот кишт карда шудааст, ки аз ин 180 гектар картошка, 375 гектар бодиринг, 507 гектар помидор, 202 гектар пиёз ва 150 гектарро кишти сабзӣ ташкил медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, ба 1-уми июли соли ҷорӣ деҳқонони ноҳияи Кӯшониён зиёда аз 54 ҳазору 260 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намудаанд.

Шаҳлои Аҳмадхон ,
коромӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода