Дар як сатр
» » Тарбияи фарзанд аз нигоҳи бузургон

Тарбияи фарзанд аз нигоҳи бузургон

11-08-2018, 08:04

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз
фарзанд нест,
Ҷузъ ба ҷон фарзандро
пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад
коми мард,
Зинда аз фарзанд монад
номи мард.

 

Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд. Таълимиу тарбияи фарзанд вазифаи асосии падару модар ба ҳисоб рафта, масъулияти баландро талаб менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз ба ҳамин мақсад нигаронда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадаш таъкид месозад, ки омӯзгорро лозим аст, ки дар ҳамкории дуҷониба байни оилаву муассисаҳо баҳри дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад.

Ба ақидаи мутафаккири бузург Абӯалӣ ибни Сино дар тарбияи фарзанд падару модар нақши асосӣ дорад. Одитарин, вале муҳимтарин шакли тарбия аз оила сарчашма гирифта, ба фарзанд гузоштани номи нек низ аз вазифаҳои асосии падару модар ба ҳисоб меравад. Закариёи Розӣ дар асарҳои «Нат-тиб-ул-рӯҳонӣ», «Сират-ул-фалсафия» ва «Китоб-ул-лаззат» ба масъалаҳои ахлоқию ақлонӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми инсонӣ таваҷҷуҳ намудааст. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу мактабҳои олии кишвар барои илмомӯзии ҷавонон тамоми шароиту таҷҳизотҳои замонавӣ муҳайё мебошад. Аз ин ру, бурдани корҳои тарбиявӣ, гузаронидани маҳфилҳои адабию фарҳангӣ дар муассисаҳои таълимиро бештар намоем, ба фоидаи кор хоҳад буд. Омӯзгорону волидайн ва ҳам аҳли ҷомеа имрӯз бояд саҳлангориро пеша накарда, ба донишу малакаи замонавӣ ояндагони ҷамъиятро таълиму тарбияи дуруст диҳанд.

Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳодисаҳои даҳшатангези терроризму  ифротгароӣ дар ҳар як гӯшаи олам моро водор месозад, ки нисбати тарбияи насли наврас бетараф набошем. Ҳар лаҳзаву соати ҳаёти фарзандонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, ба омӯхтани илму дониш ва забонҳои гуногун онҳоро ҷалб созанд. Ахлоқи наку ва соҳибилм будан шараф аст. Зеро ахлоқи ҳамида доштан, инсондӯсту содиқ будан ва вафодориро асрори кушоиши амалҳои инсонӣ меноманд. Ба ақидаи Устод Рӯдакӣ:

 

Эй дареғо ки хирадмандро,
Бошад фарзанду хирадманд не,
В-арчӣ адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.

 

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба фарзандони хеш ақлу заковат, хирадмандӣ, донишу адабро ба мерос гузошта, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем.

Н. Бодомов,

омӯзгори коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

Маориф ва илм
Ба фарзанд одоби баланди муоширату рафтор омӯзем

Ба фарзанд одоби баланди муоширату рафтор омӯзем

Маориф ва илм
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА