Дар як сатр
» » 141 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд

141 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб гардиданд

14-08-2018, 08:01

 Н. ХУСРАВ

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Носири Хусрав дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 6 миллиону 449,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 554,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси ноҳияи Носири Хусрав Нуриддин Сад-риддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Зикр гардид, ки дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар ҳаҷми 8 миллиону 348,6  ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ анҷом дода шудаст, ки дар қиёс бо соли 2017 қариб ним миллион сомонӣ бештар аст.

- Ҳоло дар ноҳия  ду иншооти калон бунёд шуда истодааст, - идома дод Н. Садриддинзода. - Аз он ҷумла, майдони варзишӣ барои 3000 ҷойи нишаст ва як хонаи истиқоматии 2-ошёнаи 12 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ. Маблағи умумии майдони варзишӣ 8 миллион сомонӣ буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мегардад. То ин вақт бо сарфи 330 ҳазор сомонӣ корҳои бетонӣ дар таҳкурсӣ ба анҷом расидааст. Барои сохтмони хонаи истиқоматӣ то ин вақт аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 280 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ  795 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, деворҳои асосӣ ва болопӯши ошёнаи якум ба маблағи 1 миллиону 75 ҳазор сомонӣ ба охир расидааст.

Обёрии заминҳои нав ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо яке аз мушкилиҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ маҳсуб гардида, ҳалли он дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аҳамияти хоса дорад. Қайд шуд, ки дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамагӣ 604,9 км шабакаҳои обёрикунанда, 418,5 км заҳбуру заҳкашҳо ва 12 иншооти обкашӣ мавҷуд аст.

- Музди миёнаи меҳнати кормандон дар ноҳия 612,58 сомониро ташкил дод, - гуфт Н. Садриддинзода. - Дар 6 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, ки имсол гузаронида шуд, 84 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин давра ба бахши Агентии шуғли аҳолӣ 245 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат карданд, ки аз ин шумора ба 232 нафар мақоми бекорӣ дода шудааст. Инчунин, 141 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун, аз ҷумла қуроқдӯзӣ (32 нафар), дӯзандагӣ (30 нафар), зардӯзӣ (15 нафар), гулдӯзӣ (16 нафар), бофандагӣ (17 нафар), омӯзиши асосҳои компютер (16 нафар) ва ихтисоси қаннодӣ (15 нафар) фаро гирифта шуда, аз инҳо 45 нафарашон соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд.

 

Н. Маъмурзода, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо
Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо