Дар як сатр
» » Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

Ҳосили меваю сабзавот дар Шаҳритӯс фаровон шудааст

14-08-2018, 09:59

- Дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳритӯс 201 миллиону 298 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,4% зиёд мебошад, - зикр кард Рамазон Оймаҳмадзода, раиси ноҳияи Шаҳритӯс, зимни нишасти матбуотии худ.

Аз рӯйи дурнамо дар ин муддат хоҷагиҳои ноҳия дар майдони 1765 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла дар майдони 1439 га гандум, 67 гектар ҷав, 126 га маккаи дон, 100 га шолӣ, 33 га лубиёгиҳо, сабзавот ҳамагӣ дар майдони 1001 га кишт намуданд.

- Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосил идома дошта, ба миқдори 7767,2 тонна ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 50,9-сентнериро ташкил дод, - идома дод Р. Оймаҳмадзода. - Аз майдони 913 гектар 28325 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосилнокии он ба 310,2-сентнерӣ расонида шуд. Аз майдони 561 гектар ба миқдори 21389 тонна пиёз истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокиаш 381-сентнериро ташкил дод.

Дар ним соли сипаригардида шумораи моли калони шохдор ба 818 сар, аз он ҷумла модаговҳо 215 сар, моли майдаи шохдор 20731 сар, асп 100 сар, парранда 12500 сар, оилаи занбӯри асал ба 280 оила расонида шуд.

Инчунин зикр гардид, ки қисми даромади буҷети ноҳия 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 13 миллиону 746 ҳазору 633 сомонӣ ворид гардид. Аз 9 сарчашмаи андозситонӣ танҳо як намуди он, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ тааллуқ дорад, иҷро нагардидааст.

Ҷамъбасти соли хониши 2017-2018 нишон дод, ки ҳисоби миёнаи дониши хонандагон 3,5 ва фоизи азхудкунии барномаҳои таълимӣ 96,8%-ро медиҳад. Дар соли таҳсили 2017-2018 аз шумораи умумии хатмкунандагони ноҳия, ки 1861 нафарро ташкил медоданд, 1047 нафар, аз он ҷумла 503 нафар ҷавондухтарон, тавассути низоми марказонидашудаи тестӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷат супорида, 496 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил шуданд.

- Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти «Обшорон» бо иқдоми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ 10 тонна мум ё худ асфалти сард харидорӣ шуда, аз ҷониби масъулину кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шаҳритӯс дар деҳаи мазкур беш аз як километр роҳ таъмиру мумфарш карда шуд, - зикр кард Р. Оймаҳмадзода. - Чунин иқдом ояндаи наздик дар деҳаи Бинокор низ анҷом дода мешавад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

КАРТОШКА. ҲОСИЛИ БЕШТАР БА ДАСТ МЕОЯД

Хабарҳо
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА