Дар як сатр
» » Нафаре, ки ихтиёран ба ватан бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад

Нафаре, ки ихтиёран ба ватан бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад

12-08-2018, 08:10

Дар нишасти хабарии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи кормандони шуъбаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1170 нафар ҷинояткор мавриди кофтуков қарор доранд, аз ин  шумора 736 парванда дар самти экстремистию террористӣ аст.

- Нафароне, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок карда истодаанд, нисбати онҳо ҳам парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳам парвандаҳои кофтуковӣ оғоз шудааст, - зикр кард Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон. – Дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 253 ҷинояти экстремистию террористӣ сабт шуда буд, имсол бошад, 203 адад буда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 адад кам аст. Аз миёни онҳо 36 нафаре, ки дар кофтуков қарор доштанд, дастгир карда шуданд. 

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар идомаи суханрониаш гуфт: «Мо шахсан бо як нафар аъзои «Гурӯҳӣ – 24», ки ихтиёран ба шаҳри Бохтар оварданд, суҳбат доштем, ӯ аз амали хеш пушаймонӣ намуд. Аллакай вақти суҳбат ҳис мекунем, ки ӯ иштибоҳи хешро фаҳмидааст. Ва дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст нафаре, ки ихтиёран баргашта меояд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ҳозир он шахс дар озодӣ аст. Ҳангоми суҳбат гуфтанд, ки боз се- чор нафари дигарро ман метавонам ихтиёран ба ватан баргардонам.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 16 нафар барои иштирок дар ташкилоти экстремистию террористӣ рафта буданд, ихтиёран ба ватан баргаштаанд. Дар баробари ин, 3 нафар аз аъзои «Гурӯҳи – 24» низ ихтиёран ба ватан оварда шуданд.

Дар охири нишаст, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба хабарнигорон иброз намуд, ки рӯзҳои наздик ихтиёран баргаштани 3-4 нафари дигар дар назар аст.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

18 НАФАР БО ДИПЛОМИ ДДҚ БА АСКАРӢ РАФТАНД

Хабарҳо
15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Ифтитоҳи парванда алайҳи 7 узви «Ал-Қоида» ва 14 муҷоҳид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА