Дар як сатр
» » 300 тонна маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд

300 тонна маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд

12-08-2018, 09:00

Аз тарафи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон 14 ҳазор адад бозичаҳои пластикӣ,  ки ба тариқи қочоқ дар қаламрави вилояти Халон ворид гардидаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Ҷумъахон  Сайдализода, директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон, зимни нишасти хабариаш аз ҷумла, таъкид намуд, ки баъди гузаронидани ташхис аз тарафи кормандони соҳа бозичаҳои пластикии ғайристандартии дар фурӯш буда ба саломатии кӯдакон зараровар аз муомилот гирифта шуд.

Дар озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» 2 ҳазору 982 намуди молу маҳсулот мавриди ташхис қарор дода шуд, ки аз ин 2 ҳазору 359-тояш  маҳсулоти хурокворӣ ва кишоварзӣ, 356 масолеҳи сохтмонӣ, 222  маҳсулоти нафтӣ, 45  нуриҳои минералӣ ва кимиёвиро ташкил менамояд. Аз шумораи умумии маҳсулоти ташхисшуда дар 322 ҳолат маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор карда шудааст, ки дар 257 ҳолат аз рӯйи нишондоди сифат ва бехатарӣ ва 65 ҳолат аз рӯйи нишондоди тамғагузорӣ мебошад.

Бо назардошти пешгирии воридоти маҳсулоти озуқавории бесифат ба бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолиашон гузашта ошкор карда шудааст. 

Бино ба иттилои директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 дар 741 корхонаи ғайриистеҳсолӣ ва нуқтаҳои савдои вилояти Хатлон аз санҷиш ва назорати давлатӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 300 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта аз муомилот гирифта шудааст.  Инчунин, барои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ҳолати истифодабарии воситаҳои ченак дар 478 ҳолат нисбати шахсони мутасаддӣ ба маблағи 124050 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

- Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои "Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон ҷиҳати ҳифзи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, инчунин ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, - зикр намуд Ҷ. Сайдализода, директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон. – Баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 9 аризаи шифоҳию хаттии шикояти шаҳрвандон, ки аксарияти онҳо аз паст будани сифати маҳсулот иборат мебошад, ба таври мусбат ҳалли худро ёфтаанд.

Ба иттилои масъулони идораи «Тоҷикстандарт», давоми соли 2018-ум 30 дастгоҳи радарии кормандони БДА аз ҷониби мутахассисони ин ниҳод мавриди таҳлил қарор гирифта, муайян гардид, ки 2 адади он дуруст кор намекунад, яъне суръати ҳаракати мошинҳоро дақиқ нишон намедиҳад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рейди муштарак камбудиҳоро ошкор намуд

Хабарҳо
24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Амрияи манъи «Тоҷикстандарт»  барои маҳсулоти ғайристандартӣ

Амрияи манъи «Тоҷикстандарт» барои маҳсулоти ғайристандартӣ

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ