Дар як сатр
» » Тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ

Тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ

9-08-2018, 11:46

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳии Темурмалик Эмомиддин Аслзода иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин ноҳия давоми шаш моҳи соли 2018 корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади муайян намудани афзалиятҳои бештари ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳамзамон фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби занони бешуғл ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ, лоиҳаҳои афзалиятноке, ки ниёзи дастгирӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро доранд, барои баррасӣ ва омӯзиши дақиқ ба коршиносони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Сафорати Ҷопон ва дигар созмонҳо пешниҳод карда шудаанд.

- Дар ин замина «Барномаи минтақавӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст, - зикр кард Э. Аслзода. - Дар доираи он дар ноҳияи Темурмалик 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3,47 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

 Дар доираи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барқарорсозии шабакаҳои обкашӣ ва системаи обу корез (канализатсия)-и ноҳияи Темурмалик ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА ва сохтмони системаи обтаъминкунии Ҷамоати деҳоти «Қарақамиш»-и ноҳияи Темурмалик ба маблағи 691 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Илова бар ин, 3 лоиҳаи сармоягузории бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти С. Раҳимов, «Танобчӣ» ва Л. Қармишев ба Барномаи рушди СММ ва дафтари ҳамкории Швейтсария/Консулгарӣ дар Тоҷикистон, инчунин лоиҳаи «Сохтмони садди соҳилмустаҳкамкунанда дар ноҳияи Темурмалик» ба маблағи умумии 3,9 млн. доллари ИМА ба Давлати Қатар барои ҷалби сармояи хориҷӣ пешниҳод карда шудаанд.

Раиси ноҳияи Темурмалик ҳамчунин иттилоъ дод, ки лоиҳаи «Дастрас намудани техника барои бартараф ва пешгирӣ намудани шусташавии соҳилҳои дарёҳои Оби Тоир ва Сурхоб, ҳифз намудани иншоотҳои ҳаётан муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Темурмалик» ба Сафорати Ҷопон пешниҳод карда шуда, дар ин замина баъди баррасии лоиҳаи мазкур як адад экскаватори тамғаи VOLVA бо арзиши 89770 доллари амрикоӣ ба ноҳия ворид гардид.

Н. Мустафо



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар Хатлон беҳтар намудани фазои бизнес ва ҷалби сармояро меомӯзанд

Дар Хатлон беҳтар намудани фазои бизнес ва ҷалби сармояро меомӯзанд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА