Дар як сатр
» » Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусбатанд

Нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусбатанд

8-08-2018, 11:43

 ҲАМАДОНӢ

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тайи ним соли гузашта ба маблағи 23 миллиону 925,5 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлкорӣ иҷро гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 244,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуқта дар нишасти матбуотии Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки 6 август баргузор гардид, зикр ёфт.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ба андозаи 2 миллиону 745 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва 4231 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

- Вобаста ба таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ кишоварзони ноҳия корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд, - гуфт Б. Одиназода. - Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 143 миллиону 346 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2 миллиону 67 ҳазор сомонӣ зиёд буда, баробари 101,5% мебошад. Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истемолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар ноҳия зиёд гардид. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 909,3 тонна картошка, 1577,6 тонна сабзавот, 284 тонна маҳсулотҳои полезӣ ва 1687 тонна мевагиҳо зиёд истеҳсол шуд. Дар натиҷа, нархи маҳсулотҳои номбаршуда дар бозори истеъмолӣ ба маротиб паст гардид.

Б. Одиназода дар идома гуфт, ки дар нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҳамадонӣ истеҳсоли ғалладона ба 26868 тонна расонида шуд, ки ин аз ҳар гектар 40,5-сентнериро ташкил дода, талаботи аҳолии ноҳияро бо ин намуди маҳсулоти хурока пурра таъмин менамояд.

Соҳаи чорводорӣ дар ноҳия дар ҳоли рушд аст. Дар нимаи якуми сол дар ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 40,3 тонна гӯшт, 132 тонна шир ва 85,7 ҳазор дона тухм зиёд истеҳсол гардид. Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 620 сар ва чорвои майда 912 сар афзуд. Дар ноҳия ба хушзоткунии чорво аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон асосан доир ба масъалаҳои кишоварзӣ, андоз ва бақияпулиҳои андоз, таъмири муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, таъмини либосҳои мактабӣ, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазъи хоҷагидорӣ ва кадрии хоҷагии «Моҳипарварӣ», вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия, ҳифзи сарҳад ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ ба раиси ноҳияи Б. Одиназода саволҳо доданд.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо
Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА