Дар як сатр
» » Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

7-08-2018, 13:35

Зимни нишасти матбуотӣ масъулини Сарраёсати молияи вилоят ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллиро дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят Хайриддин Наҷмиддинов иброз дошт, ки Сарраёсати молияи вилоят  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» дар нимсолаи аввали соли равон корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Аз рӯи баҳодиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят дар нимсолаи аввал ба 6,6 миллиард сомонӣ баробар гардид. Нақшаи даромади ҷории буҷети маҳаллӣ ба андозаи 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 476,6 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Воридоти маблағҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияпулиҳои андоз нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 9,3 миллион сомонӣ кам гардид. Чуноне ки дар нишаст ироа гардид, хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодии вилоят зиёда аз 673,5 миллион сомониро дар бар гирифт. Дар маҷмӯъ 89 фоизи маблағҳои буҷети вилоят (597,5 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои иҷтимоиёт аз ҷумла ба маориф 393 миллион сомонӣ, тандурустӣ 174 миллион сомонӣ, иҷтимоӣ 5,5 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 25 миллион сомонӣ ироа гардидааст. Чуноне ки Хайриддин Наҷмиддинов  таъкид дошт, шуъбаи «Аудит»-и дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилоят дар нимсолаи якуми соли 2018 дар 347 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои  буҷетӣ санҷишҳо гузарониданд. Дар натиҷаи санҷишҳои интихобии доиргардида, ба маблағи 4,3 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шуд. Аз зарари ошкоркардашуда 3,7 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Рӯзноманигорон зимни нишас-ти матбуотӣ доир ба масъалаҳои вобаста ба буҷети маҳаллии шаҳ-ру навоҳии вилоят ва дигар масоили марбут ба соҳа ба масъулини Сараёсати молияи вилоят суол дода, посух гирифтанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Муҳлати даъвои 36,7 миллион сомонӣ «қарзҳои беэътимод» гузаштааст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо