Дар як сатр
» » З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

10-08-2018, 13:10

- Аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо аз ҷумлаи масоили ташвишоварест, ки аҳли ҷомеа ва мақомоти дахлдорро бетараф гузошта наметавонад, - гуфт Зиннатбӣ Сафарзода, мудири шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон. – Сарфи назар аз он ки ниҳоди мо танҳо вазифаи бақайдгирии аснодро бояд анҷом диҳад, кормандони шуъба барои пешгирӣ намудани ин раванди номатлуб тадбирҳои муассир меандешанд.

Бо вуҷуди ин, дар шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон 1194 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Зиннатбӣ Сафарзода, мудири шуъбаи САҲШ-и вилоят, зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ягона никоҳе, ки аз ҷониби давлат эътироф карда мешавад ва боиси пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн, яъне зану шавҳар ва фарзандону падару модар мегардад, сабти ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандист. Тибқи таҳлилҳо, 893 ақди никоҳ бо ҳалномаи судҳо ва 300 никоҳ бо розигии ҳамсарон, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд, бекор карда шудааст. З. Сафарзода афзуд, ки дар натиҷаи азҳампошии ин оилаҳо 1024 кӯдак аз имконияти зиндагӣ дар оилаҳои солим маҳрум гардида, 972 нафар дар тарбияи модар ва 52 ноболиғ дар тарбияи падар қарор гирифтанд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд, - идома дод З. Сафарзода. -  Яке аз онҳо тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Аксари волидон кӯшиш менамоянд, ки духтаронашонро барвақт, дар 17-18 солагӣ, ба шавҳар диҳанд, ҳол он ки онҳо ба ҳаёти мустақилона омода нестанд.

Манбаъ зикр кард, ки давоми нимаи якуми сол дар вилоят аз ҷониби бахшҳои САҲШ ақди никоҳи 13828 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 11 ҳазор нафари онҳо ҷавонони то 35-сола будаанд.

Ҳамзамон дар нимаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби бахшҳои САҲШ дар шаҳру навоҳии вилоят 1971 ҳолати сабти «модари танҳо», 7042 сабти ивази ному насаб, беш аз 220 сабти ба фарзандхонӣ қабул кардан анҷом дода шудааст.

Ҳангомаи Исмат,



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Дар роҳи иҷрои ваколатҳо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ